Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу Ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад. Моро лозим аст, то ин ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳову муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту хештаншиносро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.
     Мо бояд имрӯз шукрона аз он кунем, ки дар фазои сулҳу ороми Тоҷикистони азизамон зиндагӣ дорем. Ҷавонони кишваро, ки насли ояндаи миллат, пешбарандаи ҷомеа мебошанд, зарур аст сулҳу субот, ваҳдату ягонагии кишварамонро монанди гавҳараки чашм аз ҳама таҳдидҳо эҳтиёт намоянд.
    Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз чандин конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баландро бо мақсади мубориза бар зидди терроризм ташкилу баргузор намудааст ва ҳамеша дар саргаҳи муборизони ин вабои номатлуби замон қарор дорад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин зуҳуроти номатлуб чунин иброз намудаанд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
   Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, экстремизм ва терроризми байналмилалӣ мебошад. Воқеан ҳам, ин вожаҳо ҳамчун вожаҳои даҳшатнок дар ниҳоди сокинони сайёра нооромӣ, тарсу ҳарос, куштору қатл ва дигар нобасомониҳоро бозгӯӣ мекунад. Нафаре шомили ин гурӯҳо мешавад, аллакай аз муҳити инсонгарӣ баромада, танҳо мақсаду ҳадафаш ноором сохтани ватан мебошад. Ин зуҳурроти номатлуб дар замони муосир ҳамчун хатари умумиҷаҳонӣ дониста мешавад ва танҳо бо муттаҳидии тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба ин падидаи манфур мубориза бурдан имкон дорад. Хушунатҳои экстремизм ва терроризм сол то сол боз ҳам васеътар гардида, дар аксар мавридҳо инкишофи ин зуҳурот аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз эътиқоди динии аҳолӣ ва номукаммал будани дониши динии ҷавонон ба амал бароварда мешавад.
    Ба қадри неъмате чун истиқлолу давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо, ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.
    Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ наёфтани ифротгароӣ ва терроризм дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.
Бамаврид қайд кардан зарур аст, ки ҷавонони худогоҳ нангу номуси миллии худро баланд бардошта, барои таъмини амнияти кишвар, пойдории Ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш намуда, аз ҳама зуҳурротҳои номатлуб худро дур гирифта, мавҷудияту фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарову террористиро маҳкум хоҳанд кард.
    Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Асосгузори сулху Вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки Роҳбари олии давлат ба қувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз пайи омӯзишу таҳқиқ бошанд. Зеро қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ифодагари мақом ва таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарият ба ин табақаи ҷомеа аст.
     Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди ифротгарову террориз муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамоҳангӣ метавон бар зидди ин зуҳурроти номатлуб ва хатарнок мубориза бурд. Аҳли ҷомеаи тамаддунофари мо, ки ҳисси баланди ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки оромиву сулҳу суботи кишвар халалдор гардад.
 
Туйчии Нурмаҳмад
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сангвор