Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 34 соли соҳибистиқлолӣ таҳти Роҳбарии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халҷи мамлакат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар байни давлатҳои мутараққии олам мақоми шоиста касб намуда, ҳамчун кишвар дар ҳоли рушду тавсеа ва ташаббускор эътироф гардидааст.
Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар саргаҳи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Имрӯз бори дигар ин андеша шаҳодати таърихии худро дарёфт, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди қабули қатъномаи махсус таҳти унвони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” аз ҷониби СММ миллати тоҷикро ҳамчун миллати сулҳхоҳ муаррифӣ намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи тақдирсози ҳаёти кишвар ба майдони сиёсат қадам ниҳода, Тоҷикистонро ба як мамлакати амн, пешрафта, дар миқёси ҷаҳон ташаббускори масъалаҳои глобалии сулҳу субот, ҳифзи муҳити зисти оламиён ва бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани кулли башар табдил дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ муносибатҳои дипломатиро бо ҳама кишварҳои ҷаҳон дар доираи принсипи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми тамоми халқиятҳои ҷаҳон ва пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷаҳон ва минтақа ба роҳ мондааст.
Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатии худро бо Ҷумҳурии Қирғизистон аз 14 январи соли 1993 оғоз намудааст, ки робитаи дӯстонаи ин ду кишвар таърихи бисёрсола доранд.
Роҳбарони ду давлат борҳо аз кишварҳои якдигар боздидҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд.
Ҳамкориҳои сиёсии байни ду кишвар дар Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ фаъолият доранд.
Машваратҳои сиёсӣ байни роҳбарият ва воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар мунтазам баргузор мегарданд.
Пояҳои қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 100 санадро дарбар мегирад.
Санадҳои асосие, ки самтҳои аслии ҳамкориро ба танзим медароранд ва дар онҳо приниспҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудаанд, Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои некӯҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ аз 26 майи соли 2004 мебошанд.
Дар ҳоли ҳозир раванди баррасии масъалаҳои сарҳадӣ байни ду кишвар, аз ҷумла масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатӣ пурра ба анҷом расидаст, ки ҳалли он ба таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон такони тоза хоҳад бахшид.
Кишварҳо чун анъана дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА ва МҲТБО ҳамкориҳои зич дошта, аз таҷрибаи ҷонибдории ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигар фаровон истифода мебаранд.
Боиси тазаккур аст, ки 12 март дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ин барои барқарор гардидани муносибатҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯйдоди таърихиест, ки орзуи ҳазорҳо нафар мардуми ин ду кишвари дӯсту бародар буд.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон масоили вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди онҳо батафсил баррасӣ намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он аст, ки принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар асоси он мардумони тоҷику қирғиз аз қадимулайём мезистанд, минбаъд низ ба рушди пайвастаи тамоми муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳанд кард.