Рӯзи 24-уми июн дар Қасри фарҳанги ноҳия бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахши фарҳанг бахшида ба 26-умин солагарди ҷашни Ваҳдати миллӣ чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ тамоми ташкилоту муассисаҳо, сокинони ноҳия ва ҳаводорони савту наво иштирок намуда, лаҳзае бошад ҳам дар ҷашни миллиамон истироҳату фароғат намуданд.
Сараввал барандаи ин чорабинии сиёсию фарҳангӣ Бахтиёр Фақиров баромад намуда, ҳамагонро ба ин ҷашни муқаддасу таърихи табрику таҳният гуфта, бо садо додани Суруди миллӣ чорабинии сиёсиро ифтитоҳ бахшид. Баъди садо додани суруди миллӣ раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат баромад намуда, бо нутқи пурмуҳтавои худ сараввал ҳамагонро табрику таҳният гуфта, баъдан оиди таърихи ин рӯзи муқаддас ва ба даст омадани сулҳу ваҳдат ва ҷаҳду талошҳои сарвари кишвар ба аҳли нишаст суҳбати хотирмоне намуд.
Баъди ба анҷом расидани сухани табрикии раиси ноҳия аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба баъзе кормандони фаъоли ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, мақомотҳои қудратӣ ва варзишгардухтари муваффақ (дар соҳаи варзиши сабук) Дилнозаи Тоҳир як қатор Диплом ва Ифтихорномаю Сипосномаҳо тақдим гардид. Ҳамин тариқ бахши сиёсии ин чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ ба анҷом расид.
Дар қисми фарҳангии он бошад ҳунармандони Қасри фарҳанг бо роҳбарии мудири бахши фарҳанг Шарифов Саидбек ва директори Қасри фарҳанг Давлатов Шамсиддин дар якҷоягӣ бо Театри халқӣ тавонистанд, ки барномаи ҷолиби идонаро пешкаши сокинони ноҳия гардонида, табъи тамошобинонро болида гардонанд.
Дар ин чорабинӣ бештар мавзӯъҳои интихобкардаи ҳунармандон, ки васфи Ваҳдат, Ватан, сулҳ ва Истиқлолияти давлатӣ буданд, бештар корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат, аз ҷумла Пешвои миллатро инъикос менамуданд. Ин мавзӯъҳои интихобкардаи ҳунармандон хоҳу нохоҳ тамошобинонро ба дарёи андеша ғуттавар менамуд ва дар қалби онҳо шуълаи меҳру муҳаббатро нисбати Ватан ва сарвари кишвар бедор менамуд. Ин чорабинии фарҳангию фароғатӣ дар як сатҳи хуби эҷодӣ ба роҳ монда шуда буд, ки ҳар як иштирокчӣ ба худ як ҷаҳон завқи маънавӣ ва фароғатӣ мегирифтанд.
Ҳамчуни шомҳои рӯзи 25 ва 26-уми июн дар бинои Қасри фарҳанг чорабинии идонаи консертӣ аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанг ва иштироки ҳунармандони шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки кулли сокинон дар ин рӯзҳои истироҳатӣ тамошо намуда, истироҳату фароғат намуданд.