Муждаи хуш ин аст, ки бо шарофати офтоби нурбахши Истиқлол дар маркази ноҳияи Сангвор коргоҳи бандубасти асал бо ташаббуси соҳибкорони ватандӯст ва сармоягузории маҳаллӣ бунёд мешавад. Ин коргоҳ имконият медиҳад, ки маҳсулоти занбӯриасалпарварон на танҳо тозаву босифат, балки дар шакли бандубаст ва омода барои фурӯш дар бозорҳо пешниҳод шавад.
Инчунин ин иқдом, барои афзоиши даромади оилаҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисоди маҳаллӣ низ мусоидат мекунад. Бо ба кор омадани коргоҳ, истеҳсоли асал дар Сангвор метавонанд ба сатҳи нав бардошта шуда, номи асали Сангвор дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он бештар шинохта шавад.
Бояд тазаккур дод, ки рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ яке аз шуғлҳои қадимӣ ва дӯстдоштаи мардуми сарбаланди ноҳияи Сангвор ба ҳисоб меравад. Сокинони ин минтақа аз замонҳои пеш ба парвариши занбӯри асал шавқу майли зиёд дошта, тавассути он иқтисодиёти оилаи худро тақвият мебахшанд.
Асали тавлидшудаи Сангвор бо таъм, рангу бӯйи хос ва сифати баланд машҳур аст. Он на танҳо дар дохили ноҳия, дар бозорҳои дигар минтақаҳои кишвар низ харидорони зиёд дорад.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни сафарҳои худ ба ноҳияи Сангвор борҳо таъкид намудаанд, ки ин соҳа бояд бештар рушд ёбад, зеро имкониятҳои табиии минтақа, иқлими мусоид, табиати сабзу гулрез ва мавҷудияти гулу гиёҳҳои нодир, барои рушди занбӯриасалпарварӣ бисёр мувофиқанд.Дар солҳои охир бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва барномаҳои махсуси рушди деҳот, шумораи занбӯриасалпарварон дар Сангвор афзуда, маҳсулнокии асал ва сифати он беҳтар шудааст.
Н. Алиева