Таърих гузаштаҳои дур ва корӯшаниҳои зиёде дорад ва дар бадали солҳои дароз барои ҳар қавму миллат мӯъҷизаеро офаридааст, ки он таърих, забон, фарҳанг , сару либос , урфу одатҳои миллии онҳо ба шумор меравад.
Миллате, ки ба таърихи пурғановати хеш, урфу одатҳои миллӣ, фарҳанг ва ба забон хеш эҳтиром намегузорад, ин миллат ба зудӣ ба вартаи ҳалокат хоҳад расид. Албатта чунин падидаҳои номатлуб ва печдарпеч бисёр мушкилу нофаҳмо имрӯз ба решаи миллати куҳанбунёд, таърихофару фарҳангсози мо теша зада истодаанд ва мо бештар, чӣ марду чӣ зан рӯ ба фарҳанги бегона овардаем. Сабаб дар чист, ки мо ҳама бегонапараст шудаем?
9- уми марти соли 2024 Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар чунин иброз намуданд: «Чаро мо бегонапарастӣ мекунем? Чаро мо бегонаҳоро ин қадар ташвиқу тарғиб мекунем?»
Соле , ки дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Куйбишев феълан Самара дохил шуда будам, дар гурӯҳи мо низ чор нафар бонудухтарони тоҷик роҳхат гирифта буданд. Ва онҳо ҳамоно аз рӯзе, ки ба Донишгоҳ ворид шуданд, сару либоси миллиашонро иваз намуда буданд. Аз ин рӯ, муаллимаҳо бо таҳайюр аз мо мепурсиданд: «А где ваши таджички?» Мо духтарони Аврупоипӯши (ро) худро ба онҳо нишон медодем. Онҳо бо таассуф мегуфтанд: «Боже мой, как это?»
Ба андешаи ман, онҳо мақсад доштанд, ки духтарони тоҷикро бо сару либоси миллӣ ва симои тоҷикона бубинанд. Дар рӯ ба рӯи хобгоҳ(и) мо омӯзишгоҳе буд, ки дар он туркмендухтарҳо таҳсил менамуданд. Дар муддати панҷ сари соли хониш надидам, ки боре онҳо сару либоси миллии хешро иваз намуда бошанд. Раҳмат ба чунин миллати тамаддунофар, миллати фарҳангӣ, миллати таърихсозу эҳтиромгари арзишҳои миллии хеш.
Имрӯзҳо чун вориди пойтахт мешавам дар тааҷҷуб меафтам. Худоё, ман хобам ё бедор. Дар кадом кишвари дунёям? Урупо ё Туркиё?. Ку он ҳусну латофати шарқиёнаи духтари тоҷик? Ку кокулони дарозу майдабофиҳои зебои модарбофтаи онҳо? Ку он модароне, ки куртаҳои васеъ бо остинҳои дароз пӯшида ва вақти салом бо мардҳо ҳамчун дастпӯшак остинҳояшонро истифода мебурданд? Ку? .. Ку?.. Ку?... Нест, ки нест. Ва ками дар кам (аҳён -аҳён) мебинам бонувоне, ки сару либоси миллӣ дошта бошанд. Раҳмат ба онҳо. Ҳазор раҳмат ба чунин модароне, ки аз хурдӣ фарзандони хешро ба пӯшидани сару либоси тоҷикона одат кунонда, меъёри гуфтугӯи забони модариро низ эҳтиром менамоянд. Ва забони шаҳдбору шакарини тоҷикиро бо дигар забонҳои ғайр махлут намесозанд. Аз ин бармеояд, ки чунин модарон ҳисси баланди миллӣ доранд. Дар ин мавзӯъ соли 1989 дар маҷаллаи бонувон «Фирӯза» «Кокулонат ку?» маводе низ ба табъ расонида будам.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзӯъ хуб фармудааст: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ пеш аз ҳама аз дӯст доштани модар, забон, ватан, таърих ва арзишҳои фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсияти дори(дорои) ҷаҳонбинии солим боис мегардад.»
Имрӯзҳо, ки сарвари давлат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба танзим даровардани сару либосҳои миллӣ иқдоми хубе пеш гирифтаанд. Месазад, ки гулдухтарон ва бонувони тоҷик расму оини гузаштаҳои хешро аз сари нав эҳё намоянд ва чун модарони гузаштаи мо сару либоси миллиро ба бар намуда, бо шиори : «тоҷикона медӯзем ва тоҷикона мепӯшем» амал намоянд. Албатта, аз ин моро касе эрод намегирад. Зеро ин расму оини хос тоҷиконаи мост. Ва месазад, ки мо бо либосҳои тоҷиконадӯхтаи хеш; чакану адрас, шоҳию ҳарир миллати куҳанбунёд, таърихофару фарҳангсози хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Ва ҳама бо овози баланд битавонем бигӯем: «Мо метавонем… Бале, мо метавонем!»