Дар Паёми имсола, Президенти мамлакат ба самти андоз ва фарҳанги андозсупорӣ диққати махсус доданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки андоз яке аз рукнҳои асосии иқтисоди миллӣ буда, саҳми он дар рушди соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва иқтисодӣ басо муҳим аст. Инчунин таъкид шуд, ки рушди фарҳанги андозсупорӣ ва иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои андозӣ дар байни шаҳрвандон ва корхонаҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва рушди устувори кишвар зарур аст.

     Сарвари давлат  таъкид намуданд, ки бо ташвиқ ва тақвияти фарҳанги андозсупорӣ метавон захираҳои молиявии давлатро зиёд намуда, барои татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, беҳтар намудани инфрасохтори кишвар ва дастгирии соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ замина фароҳам овард.

     Аз ин рӯ, масъулин ва шаҳрвандон вазифадоранд, ки бо эҳсоси баланди масъулият ба пардохти андозҳо муносибат кунанд ва нақши худро дар рушди кишвар бо иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои андозӣ гузоранд.

     Дар пайи ин, мо низ тасмим гирифтем, ки чанд саволро бо сардори нозироти андоз  Фатҳиддин  Ширинов, дар ноҳияи Сангвор мавриди баррасӣ қарор диҳем. Ва ба хонандаи азизи моњнома аз таҷрибаи сардори нозирот ва назари ӯ ба масоили асосӣ, ки ба иҷрои ӯҳдадориҳои андозӣ ва муносибати шаҳрвандон ва корхонаҳо ба андозсупорӣ дахл доранд, огоҳӣ пайдо созанд.  

-Сараввал, мо аз Фатҳиддин  Ширинов, пурсидем, ки масъулиятҳои асосии ӯ  аз чӣ иборатанд?

     -Мувофиқи талаботи Кодекси андоз ва Дастурамали мансабӣ  корманди мақомоти андоз, ба ҳайси сардори нозироти андоз, ин  аст, ки роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти кормандони андозро бар уҳда дорам, фаъолиятро дар асоси Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Кумитаи андоз, амру фармоишҳои  Раиси Кумитаи андоз, инчунин ба риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи корхонаю муассисаҳо ва шаҳрвандон равона гардидааст. Яке аз масъулиятҳои ба души мо вогузоршуда, ин таъмин намудани воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва буҷет дар муҳлатҳои муқарраршуда ва барои мусоидат ба андозсупорандагон дар иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ва риояи қонунгузории андоз, инчунин назорати саривақтии уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби андозсупорандагон мебошад.

-Вазъи умумии ҷамъоварии андоз дар ноҳияи Сангвор чӣ гуна арзёбӣ мегардад?

      -Иҷрои нақшаи тасдиқгардидаи қисми даромади буҷет аз ҷониби Нозироти андоз дар ноҳияи Санвор дар 5 моҳи соли 2025 дар хаҷми 67 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 9243, 8 ҳазор сомонӣ, воқеан ба буҷет (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) 623, 3 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 3007, 5 ҳазор сомонӣ кам ворид карда шудааст.

 -Нақшаи кадом намуди андозҳо иҷро нагардидааст?

     -Иҷро нагардидани нақшаи қисми даромади буҷет асосан аз кам ҷамъоварӣ гардидан аз хисоби 3 намуди андоз, ки ин ҳам бошад, андоз аз даромад 70 % (3528,5 – 2464, 5) маблағи вориднашуда 1063, 9 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоӣ ғайрибуҷетӣ 70% (1166, 6 – 814, 8) маблағи вориднашуда, 651 , 8 ҳазор сомонӣ ва андозҳо барои захираҳои  табиӣ 29% маблағи вориднашуда 2242, 2 ҳазор сомонӣ мебошад, ки таъсири худро ба таъмини нақшаи қисми даромади буҷет аз ҳисоби ин намуди андозҳо 3657, 9 ҳазор сомонӣ ворид нагардид.

 -Сабаб ва омили амалӣ нагрдидани нақшаи андоз чӣ аст?

      -Таъмин нагардидани  иҷрои сифати нақшаҳои   бо ҳисоби уҳдадорӣ ва тасдиқгардидаи андозҳо ва пардохтҳо пеш аз ҳама ба як қатор омилҳо аз ҷумла, аз ҳисоби воҳидҳои  алоҳидаи ҶДММ «Таком Голд» ва ҶДММ «Заринк» мебошад, ки фаъолияти онҳо  мавсимӣ буда, ҶДММ «Заринк» фаъолияташ аз моҳи майи соли ҷорӣ оғоз гардида, ҶДММ «Таком Голд» то ба имрӯз бинобар сабаби ба итмом расидани иҷозатнома «Оид ба истихроҷи  канданиҳои захираҳои табиӣ» аз фаъолият боз мондааст, ки  ҳолати мазкур ба таъмини минбаъдаи  нақшаи қисми даромади буҷет таъсири худро мерасонад.

     Қобили қайд аст, ки  воридоти андози ин ширкатҳои бузург дар қисмати нақшаи тасдиқгардида ба ноҳия зиёда аз 70 фисади нақщаи  қисми даромади буҷети ноҳияро ташкил менамояд. Инчунин, сабаби дигар ин, зиёда аз 70 басти корӣ  дар ташкилоту идораҳои буҷетӣ  ҷойҳои кории холиро ташкил менамояд, ки ба таъмини нақшаи  қисми даромади буҷет низ таъсири манфии худро расонидааст.

 -Дар чунин ҳолатҳо холигоҳи буҷетро бо чӣ метавон пур кард?

     Новобаста аз фаъолият надоштани  ин ду корхонаи бузург, иҷрои андозҳо  аз ҳисоби молу мулк, низоми махсуси андозбандӣ, андоз аз арзиши иловашуда, боҷи давлатӣ ва пардохтҳои дигари буҷети маҳаллӣ  таъмин карда шуд, ки дар натиҷа 650, 6ҳазор сомонӣ барзиёд маблағҳои ин намуди андозҳо ворид карда шуд. Аз он ҷумла:

  1. Андози молу мулк, 135 %

-Андоз аз объектҳои ғайриманқул 139%

-Андози замин 123%

-Андоз аз воситаи нақлиёт 140 %

  1. Андоз аз арзиши иловашуда 413%
  2. Низоми махусуси андозбандӣ120%

-Низоми соддакардашудаи андози ягона 121%

- Низоми соддакардашудаи соҳибкории хурд 101%

-Низоми андозбандии шахсони воқеӣ патент 118%

4.Боҷи давлатӣ 195%

-Пардохтҳои дигар буҷети маҳаллӣ 180%

 - Дар робита ба рақамкунонии низоми андоз чӣ қадар корҳои амалӣ анҷом ёфтааст ва ин раванд то куҷо самаранок аст?

       -Бо мақсади дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир аз ҷониби Кумитаи андоз дар доираи барномаҳо  ва қарорҳои қабулнамудаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рақамикунонии фаъолияти  мақомти андоз тақвият бахшида шуда, дар доираи он ҷиҳати  ташкили шабакаи ягонаи табодули маълумот миёни  мақомоти давлатӣ ва дар шакли электронӣ  ба роҳ мондани хизматрасониҳои давлатӣ  пайваста чораҷӯӣ намуда истодааст.

      Ҷорӣ намудани технологияҳои ҳозиразамони  иттилоотӣ ва дар  заминаи онҳо омода кардан ва ба роҳ мондани барномаҳои  компютерӣ  бо мақсади беҳтар намудани  маъмурикунонии андоз, баланд бардоштани сатҳ ва сифати  хизматрасониҳои давлатӣ  ба андозсупорандагон дар сатҳи  замонавӣ ба роҳ мондани  корҳои фаҳмондадиҳӣ  ҳадалимкон маҳдуд намудани  алоқаи бевоситаи кормандони  мақомоти андоз бо шаҳрвандон андозсупорандагон яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти андоз ба шумор меравад.

     Бо мақсади ноил гардидан ба ин ҳадафҳо  Қумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастур ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани  Консепсияи иқтисоди рақамӣ  дар Тоҷикистон, дар ин замина ҷиҳати рақамикунонии фаъолият  мақомоти андоз баҳри  мусоидат намудан ба ташкили ҳукумати электронӣ аз технологияҳои муосир бештар истифода намуда,  барои ба роҳ мондани муносибатҳои  шарикона бо бахши хусусӣ  пеш аз хама, содда ва қуллай намудани  уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби андозсупорандагон тадбирҳои нав ба навро  роҳандозӣ намуда истодааст.

 -Дар ин замина, нақши нозироти андоз дар таъмини шаффофият ва эътимоди мардум чӣ гуна аст?

      -Дар доираи  барномаи рушди маъмурикунонии  андоз барои солҳои  2020-2025 ва бо назардошти омӯзиши  таҷрибаи ҷаҳонӣ ҷиҳати бењтар намудани  маъмурикунонии андоз сатҳу сифати хизматрасониҳои  давлатӣ дар шакли электронӣ, такмил додани модулҳои  барномаи компютерӣ раҳоикунонии соҳаи андоз ва кам намудани таъсири  омилҳои инсонӣ пайваста чораҷӯӣ намуда истодааст. Аз ҷумла бо назардошти  омӯзиши таҷрибаи  пешрафтаи ҷаҳонӣ ва тавсияҳои ташкилотҳои  молиявии байналхалқӣ, ҷиҳати пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои андоз, сифатан гузаронидани корҳои нозиротӣ ва маҳдуд намудани дахолати беасос ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, шуруъ аз соли 2013 инҷониб дар Кумитаи  андози назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон модули идоракунии таҳрири хавфҳои  андоз мавриди амал қарор дода шудааст. Тавассути модули идоракунии  таҳрифи хавфҳо аз рӯи ҳисоботҳои андозии пешниҳоднамудаи андозсупорандагон, инчунин маълумотҳо аз дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла вазорату идораҳои дахлдор дастрасшуда, нишондиҳандаҳои фаъолияти андозсупорандагон ба таври автоматӣ дар шакли электронӣ таҳти коркард қарор дода шуда, дар реҷаи мустақим дараҷаи сатҳи хавфи қонунвайронкуниҳои андоз дар фаъолияти онҳо муайян карда мешавад.

 -Фарҳанги андозсупории мардуми ноҳияро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

       - Фарҳанги андозсупории мардуми ноҳия дар сатҳи чандон баланд қарор надорад. Ин камбудӣ боиси мушкилот дар ҷамъоварии андозҳо ва ба ин васила суст шудани маблағҳои давлатӣ барои рушди инфрасохтор ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ мешавад. Камбудии фарҳанги андозсупорӣ инчунин нишондиҳандаи зарурати ташвиқоти бештар ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандон ва соҳибкорон мебошад, то онҳо аҳамияти пардохти саривақтии андозҳоро дар рушди устувори ноҳия ва кишвар беҳтар дарк кунанд.

       Воқеан, то ҳол қисми зиёди мардум ба дарки амиқи моҳияти андоз нарасидаанд. Онҳо намефаҳманд, ки андоз на танҳо як уҳдадории қонунӣ, балки воситаи асосии рушди кишвар, таъмини буҷаи давлатӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии худи шаҳрвандон мебошад.

     Мутаассифона, бархе аз шаҳрвандон андозро ҳамчун як амали маҷбурӣ қабул мекунанд ва ҳатто аз иҷрои он саркашӣ менамоянд. Ин муносибати бемасъулиятона ба низоми андозбандӣ метавонад ба камшавии даромади буҷа ва суст гардидани амалӣ шудани барномаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ сабаб шавад.

      Бояд қайд кард, ки андоз ин сармояест, ки давлат онро барои бозгардондан ба ҷомеа, дар шакли мактабу роҳҳо, кӯдакистонҳо, беморхонаҳо ва дигар инфрасохтор истифода мебарад.

      Бинобар ин, эҳсоси масъулият ва дарки рисолати шаҳрвандӣ бояд дар ҳар як фард ташаккул ёбад, то ҳар шахс андозро на бо маҷбурият, балки бо ифтихор ва ҳисси ватандорӣ пардохт намояд.

-Ташаккур, барои суҳбати пурмуҳтаво!

Суҳбаторо: Наҳтутӣ Алиева