Ё  пушти таблиғу ташвиқи дингароӣ киҳо нишастаанд?

    Дар вазъияти  ба тарзи босуръат  идома кардани падидаи ҷаҳонишавӣ  дар ҷомеаи муосир ва дар баробари он шиддат гирифтани  дингароӣ ва зиёд шудани таассуби динӣ ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст. Ҳазорҳо шева ва равиши мубориза бар муқобили дингароиву таассуби диниро истифода мекунанд, аммо  муборизаҳо баъзан бенатиҷа мемонанд. Зеро ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа маҳсуб мешаванд, аз ҷониби раванд ва ё гурӯҳҳои ифротӣ «мағзшӯӣ» мешаванд. Онҳоро бо ҳар роҳу усули ҷадиду сохта, мефиребанд, тафаккури онҳоро ҳатто назорат мекунанд ва аз хати кашидаашон бурун ҷастан намегузоранд.  Вале,  таҳлилагрону ҷомеашиносон ва сиёсатмадорон бар ин назаранд, ки  бояд бар зидди ҳамаи ин,  ақлу зеҳнҳои аз андешаҳои бикри  миллӣ пур, муқобилият намоянд. Ҷавонон ва наслҳои нав  бояд дар руҳияе тарбия шаванд, ки арзишҳои миллии хешро дифоъ карда тавонанд. Таъриху тамаддунро шинохтан барояшон осон бошад.

  Ҷаҳонишавӣ ин падидаи нави иҷтимоиест, ки дар охирҳои асри 20-ум инсоният ба он рӯ ба рӯ шудааст. Раванди ҷаҳонишавӣ ҳамчун тамоюли объективии ҷомеа  маҳсуб ёфта,  ба давлатҳои миллӣ  таъсири худро дар шаклҳои гуногун расонидааст. Зеро заминаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷамъият мисли инқилоби илмӣ-техникӣ, иттилооту хизматрасонӣ, пешрафти ислеҳсолоти неъматҳои моддӣ ва баланд рафтани сатҳи иделологияи ҷомеа , ташкили ширкатҳои фаромиллӣ, инчунин ба миён омадани мушкилоти глобалӣ ба монандаи терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, коррупсия, низоъҳои нави  иҷтимоӣ ва ғайра инсониятро дар ҷиҳати ҳали онҳо ногузир ба ҳам даъват мекунад. Бисёр аз масъалаҳое, ки ба инсоният рабт мегиранд,  дар давраи ҷаҳонишавӣ якранг ҳастанд.

     Бояд зикр кард, ки бо кушода шудани марзҳо  мафкураи инсоният зери таъсири фишорҳову идеологиябозҳо қарор гирифтааст, ки ин таъсир ҳам мусбат арзёбӣ гардидааст ва ҳам манфӣ.

     Таъсири аввал: фарҳангҳое, ки аз назари муҳити ҷуғрофӣ инкишоф наёфта буданд, ба онҳо таъсири манфӣ мерасад. Мисол, баъзе арзишҳо ва фарҳангҳое, ки хоси як миллат ва  хоси як маҳал ҳастанд бо омадани ҷаҳонишавӣ онҳо ҳам костагӣ пайдо мекунанд.

   Аз ҷиҳати мусбат гирем, ҷаҳонишавӣ як равандест, ки  таъсири худашро ҳам ба ҳаёти иҷтимоӣ ҳам, ба ҳаёти маънавии инсон мерасонад. Ин ҷо метавон фаъолияти инсонро ба технологияи навини коммуникатсионӣ мисол зад. Зеро, имрӯз ба таври шаффоф метавон мушоҳида намуд, ки зиндагии инсонро  бидуни техникаву технологияи навин тасаввур кардан ғайриимкон гардидааст.  

                                                                                                  Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ-интернетӣ

       Имрӯз таблиғу ташвиқи дингароӣ ба ҳар роҳу восита хеле зиёд гаштааст. Бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ-интернетӣ бисёр ба мушоҳида мерасад.  Аммо пушти он номҳое, ки ба ин кор машғуланд на диндорон нишастаанд. Онҳое,  ба чунин кор даст мезананд, ки  дингароанд ва ҳадафашон пиёда кардани мақсадҳои нопоку пурғарази манфиатхоҳон асту бас.

       Дингароӣ имрӯз як падидаест, ки дар аксар адёни дунё ба шакли кӯр-кӯрона ва тақлидкорона ба он муносибат мекунанд. Танҳо онҳое, ин гуна муносибат мекунанд, ки  аз дини мубини ислом бӯ набурдаанд. Пушти ин тақлидкориҳо ҳазорон фитнаву ҳангомаро ҷо медиҳанд. Онҳое дингароанд  дар зоҳир ниқоби дин доранду дар ботин орӣ аз илми диниву дунявианд, ҳама заҳмату талошҳои онҳо ба хотири манифатҳои давлатҳои абарқудрат сурат мегирад.  Дидаву мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дингароиро имрӯз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бештар тарғибу ташвиқ мекунанд ва мардумро ба он равияву падидаҳои номатлуби давр даъват месозанд, ки ин гӯна рафтори онҳо на ба дин рабт дораду на ба инсоният..

                                                                                                 Дингароро аз диндор чӣ гуна бояд шинохт?!

      Геополитикаи сиёсии ҷаҳон ғояҳои идеологии навро дар ниқоби динӣ дар байни мардуми сайёра пайваста истифода бурда истодааст. Мубориза бар зидди терроризм, ифротгароию таассуби динӣ ба омили тавонои идеологияи душмансозӣ ва тафриқаандозӣ табдил ёфтааст. Хатарҳои асосии беруниро имконпазир будани табодули афкор, шабакаҳои иҷтимоии фаровон, интиқоли маблағ ва шаклҳои гуногуни дастгирии ҳаракатҳои ифротӣ ташкил медиҳанд. Имрӯз мо низ ба чашми хеш мебинем, ки баъзе ҷавонон аз сабаби дониши кофии диниву дунявӣ  надоштанашон ба ҳарзаҳои бофтаву сохта шефта гардида, мутаассиб гардидаанд. Бо либосҳои бегона худнамоӣ карда, рӯи фарҳанги зебои тоҷикона баъзан хати ботил мекашанд,  ки ин оқибати нохуше ба бор хоҳад дошт.

       Таассубгароӣ  ин аз надонистани илми диниву дунявӣ  сарчашма мегирад.  Шахсоне, ки ба дин муносибати таасубгаро дорад ва тақлиду пайравӣ мекунад, онҳо ҷавононе мебошанд, ки фирефтаи гапҳои хушку холиии дингароён гаштаанд. Савод надоранд, мағзи онҳо холӣ асту, ба воситаи ваъдаи «дар он дунё биҳишт онҳоро интизор асту ҳурони биҳиштӣ»  ҷони ҷавони худро зери хатар мегузоранд ва риштаи ҷони хешро дар миёну хоку хун канда мекунанд ва наздиконашонро ба мотам менишонанд. Дар бархе аз ҷавонон андешаи дингароӣ ва таассубкорӣ хеле авҷ гирифтааст.  Сабаби асосии ин аз надоштани саводи кофии динӣ сар задаст. Ва омили дигари он таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ-интернетӣ аст, ки бидуни таҳлилу андеша атрофи наворҳои таблиғотӣ ҷавон дарҳол ба равияву гурӯҳҳои онҳо пайванд мехӯранд.  Боиси таассуф аст, ки ҳарчанд дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад, вале ҳанӯз ҳам онҳо инттилоту иедологиябозиҳоро  дар андешаи худ ҳазм накарда, ба муҳтавои онҳо сарфаҳм нарафта, ба гурӯҳҳои тундрав шомил мегарданд.  Ҳатто бунувоне ҳастанд, ки зуд либоси хешро иваз мекунанд, сатру ҳиҷоб мепӯшанд, ки ин либоси модарону хоҳарони мо ҳаргиз набуд ва нест. Ё ҷавононеро мебинем, ки дар натиҷаи  таблиғоти ифротгароён зуд зоҳири хешро иваз мекунанд, риш монда, гӯё ба масҷид мераванду аз он бехабар, ки хун рехтан ин ҷурми азимест, ки ҳаргиз дини мубини ислом иҷозат  надодааст. Ҳамаи ин натиҷаи анна ҳамон таблиғотӣ шабакаҳои иҷтимоӣ-интернетист…

       Чаро мо ба сар андешаи онро надорем, ки дигар миллатҳо ҳаргиз лисбоси моро ба бар намекунанд? Ё чаро арзишҳои хешро дигар миллатҳо ин қадар осон намефурӯшанд? Ва чаро чандин чароҳои дигар андешаи моро намепечад?!… Чунки дигар миллатҳо фарҳангу арзишҳои худро дар ин замони набардҳои иттилоотиву бархӯрди фарҳангҳо дар баробари ҷони хеш ҳифз мекунанд.

                                                                                              Имкониятҳо дар замони ҷаҳонишавӣ

       Воқеан, ҷаҳонишавӣ дар шароити кунунӣ ҳамчун раванд, як қатор имкониятҳои муҳимро ба вуҷуд овардааст. Дастрасӣ ба иттилоот дар фазо ва вақти ягона, истифода намудан аз ҳар гуна хизматрасониҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ , рушди бозор, васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, ҳамгироии давлатҳо ва минтақаҳо, ҳали дастаҷамъонаи мушкилоти ҷаҳон, имконияти интихоби васеъ, рушди илм, иҷтимоъшавии шахсият ва чандини дигар аз имконоти хуби ҷаҳонишавӣ арзёбӣ мегарданд.  Дар баробари ин ҷаҳонишавӣ як қатор падидаҳои манфиро низ ба думбол дорад, ки боиси нигаронии давлатҳои миллӣ гардидаанд.  

    Махсусан кишварҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ  то андозае арзишҳо, урфу одат ва анъанаҳои миллиашонро аз даст медиҳанд ва ё то андозае ба арзишҳои гуногун омехта мегарданд.  Дар робита ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Пешвои миллат, муҳратарм Эмомалӣ Раҳмон  дар яке аз Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуда буданд, ки «Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари паҳлӯҳои мусбати худ имрӯз башариятро дар рӯ ба рӯи омезишу бархӯрди арзишҳо ва фарҳангҳои гуногун қарор додаст.  Мо ҳамчун миллати қадима ва фарҳангӣ ҳаргиз мухолифи шинохтани фарҳангу тамаддунҳои дунё нестем. Аммо, ин маънои онро надорад, ки ҳамаи он чизеро ки давлатҳои рушдёфта ба мо  пешниҳод менамоянд, қабул намоем». 

     Чанд сол қабл бо ташаббуси Пешвои миллат дар Созмони Миллали Муттаҳид  доир ба дастрасӣ ба оби ошомиданӣ  ва вазъи сиёсии Афғонистон ,  мубориза ба муқобили қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир масълагузорӣ намуданд. Ташаббусҳои кишвари мо ҷиҳати ҳали мушкилоти зикршуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта,  дар пайи ҳали он кишварҳои зиёде талош намуданд.

                                                                                             Нерӯи зеҳнӣ ба муқобили ифротгароӣ

       Воқеан, имрӯз дар ҷаҳони кунунӣ, дар ҷаҳоне, ки инсон ба техникаву технология пурра вобастагӣ дорад, нерӯи зеҳнӣ қудратмандтарин қуввае аст, ки бар зидди ҳамагӯна ифроту ифротгароӣ , дингароӣ мубориза бурда метавонад. Яъне, танҳо нерӯи зеҳнӣ метавонад,   ин падидаҳое, ки ба инсон таъсири манфӣ мерасонанд , инҳоро аз байн барад. Зеро, зиндагии инсон пурра ба нерӯи зеҳнӣ вобаста аст.

       Бояд инро қайд намуд ва ба ҷавонон хотиррасон кард, ки андешаҳои дингароӣ ҳамеша сабукборанд, дар онҳо далелу мадраке аз дину амалкарди он вуҷуд надорад.  Он чизе, ки дингароён таблиғот мекунанд, ба қавле «догма» ,  таафккури шахшудаи онҳост, ки  абарқудартон мехоҳанд, аз ҷавонони камсаводу осебпазир истифода намуда, дигар давлатҳоро ба нобудӣ кашанд.

        Хулоса: Мавқеи назари Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дини ислом некбинона аст:  «Ислом ба терроризм ягон робита надорад. Бинобар ин,  дар кишвари мо мубориза бо терроризм маънои мубориза бо дини исломро надорад. Фарҳанги миллии тоҷикон бо арзишҳо ва муқаддасоти динии мо сахт омехта аст ва онҳоро аз ҳам ҷудо кардан ва ба ҳам муқобил гузоштан хатои бузург аст», пайваста  таъкид мекунанд,  Роҳбари давлат. 

Дар ин ҷараён танҳо ва танҳо мебояд бо нерӯи ақлу зеҳну дониш ба майдони набарди иттилотту бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо  гом ниҳоду  барои ҳифзи ҳуввияти миллӣ, ва таъриху тамаддун талош карду  бас …

Олимзода Абдулло,

муовини раиси ноҳияи Сангвор