30 январи соли 2026 дар ноҳияи Сангвор ҷашни бостонии Сада бо иштироки роҳбарияти ноҳия, кормандони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳунармандони маҳаллӣ дар фазои идона ва бо руҳияи баланд таҷлил гардид.

Дар оғоз Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, раиси ноҳияи Сангвор зимни  сухани табрикотӣ зикр кард, ки ҷашни Сада яке аз ойинҳои куҳан ва муқаддаси ниёгонамон буда, рамзи гармӣ, рӯшноӣ, заҳмати созанда ва муждарасони фарорасии Наврӯзи оламафрӯз мебошад.

Зимни суханронӣ раиси ноҳия махсусан таъкид намуд, ки эҳё ва мақоми давлатии ҷашни Сада маҳз ба сиёсати фарҳангпарварона ва ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад, ки дар самти зинда нигоҳ доштани суннатҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ саҳми беназир гузоштаанд.

Ҳамзамон гуфт, ки таҷлили ҷашнҳои миллӣ ҷавононро ба дӯст доштани таърих, фарҳанг ва арзишҳои волои ниёгон ҳидоят намуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардида, ҳунармандон намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва анъанаҳои марбут ба ҷашни Садаро ба намоиш гузоштанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор раисони ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди соҳа бо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор қадрдонӣ гардиданд.

Ҷашни Сада дар ноҳияи Сангвор бо шукӯҳи хоса таҷлил гардида, ҳамчун паёми нек барои истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ арзёбӣ шуд.

Тӯйчӣ Нурзода