Бо ташаббуси мудири бахши фарҳанг Шарипов Саидбек ва роҳбари Қасри фарҳанг Давлатов Шамсиддин дар толори Қасри фарҳанг бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ намоиши китобҳои нодир, аз ҷумла китобҳои Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон, ки дар онҳо таърих, пешрафт ва ормонҳои миллии халқи азизамон таҷассум ёфтаанд, ба роҳ  монда шуда буданд, ки тамошобинон ва иштирокчиёни чорабинии идона аз тамошои ин намоишгоҳ таассуроди ҷиддӣ бардошта, як ҷаҳон маънӣ гирифтанд.

     Раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, муовинон, мақомотҳои қудратӣ ва дигар шахсиятҳои расмӣ низ аз ин намоишгоҳ дидан намуда, аз ташкилкунандагони ин намоишгоҳ мамнун гаштанд. Чунки аз пайроҳаи фаъолияти Пешвои миллат аз наздик ошно гашта, аз ин мактаби сиёсии сараври кишвар сабақе бардоштанд. Фаъолияти пурсамари Президенти кишвар дар ин китобҳои нодир рӯйи чоп омадаанд, ки ҳар як нафар хонанда аз заҳмату ранҷҳои кашидаи сарвари кишвар баҳри ба даст омадани сулҳу ваҳдат маълумоти мукаммал пайдо менамояд. Инчунин мероси гаронбаҳоеанд барои наслҳои ояндаи миллат.

    Намоиш дар як сатҳи хуб ба роҳ монда шуда буд, ки ҳар як бинандаро баихтиёр ба сӯйи хеш ҷалб менамуд. Ин метавонад фурӯғе бошад дар қалби ҷавонон баҳри бедории ҳуввияти миллӣ, хештаншиносию ватандӯстии онҳо.