Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҷавонони ба синни 18 расида, инчунин мардони синну соли калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз хизмати ҳарбиро надоранд, барои адо намудани хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.

     Инчунин мувофиқи Фармони мазкур  хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2025 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.

     Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус мукаммалгардонии онҳоро бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.

     Дар ноҳияи Сангвор низ маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ идома дорад, ки  бо мақсади таъмини амният ва суботи кишвар сурат мегирад.

     Бояд тазаккур дод, ки хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ як мактаби бузурги мардонагӣ ва масъулият аст, ки ба ҷавонон на танҳо донишу малакаҳои ҳарбиро меомӯзонад, балки онҳоро ба маърифати ватандорӣ, муҳаббат ба кишвар ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия мекунад. Хизмат дар артиш на танҳо имконияти таъмини амният ва оромии мамлакат мебошад, балки ба ҳар як ҷавон  имкони нишон додани қаҳрамонӣ, ҷасорат ва ватанпарастиро медиҳад.

         Аммо, боиси тассуф аст, ки баъзе ҷавонон аз хизмат ба Ватан-Модари хеш саркашӣ мекунанд. Ин ҳолат, албатта, боиси ташвиш ва тассуф мебошад, зеро ҳар як ҷавон бояд дарк кунад, ки хидмат дар артиш на танҳо як вазифаи сиёсӣ ё ҳарбӣ, балки як амал ба манфиати умумии кишвар ва нигаҳдории амният ва суботи он мебошад. Дар пайи ин мо тасмим гирифтем, бо Мавлонзода Алишер, полковник Комиссари ҳарбии ноҳияи Сангвор чанд саволеро дар миён гузорем. Инак, таваҷҷӯҳ кунед ба суҳбати мо!

-Мавлонзода Алишер!  Мо ҳамагон огоҳем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъракаи даъвати  баҳории ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сартосари кишвар идома дорад. Мехоҳам, ин ҷо аз оѓози ин маъракаи сиёсӣ дар ноҳияи Сангвор бигӯед, чӣ гӯна роҳандозӣ гардидааст?

- Ташаккур, Воқеан, даъвати баҳории ҷавонон ба Артиш  дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар кишвар идома  дорад, дар ноҳияи Сангвор низ.  Қабл аз оне, ки шурӯъ кунам, ки чӣ гӯна ин маърака роҳандозӣ гардидааст, бояд бигӯям, ки хизмат ба ватан, бешубҳа, бо худшиносии амиқ ва масъулияти баланд ба миён меояд. Агар инсон худро эътироф накунад ва аҳамияти шахсияти хешро дар ҷомеа  дарк накунад, ӯ наметавонад дар хидмати ватан қарор гирад ва барои ҳифзи арзишҳои миллию модари худ, ки Ватан аст, қадам гузорад.

Чавонон ҳамчун насли ояндаи миллат бояд мақсаду мароми худро возеҳ бидонанд. Онҳо бояд бо маърифати баланд ва хислатҳои мардонагӣ қадам ба майдони  корзори Ватан ва хизмат ба он  гузоранд. Мактаби бузурги мардонагиро, ки ба маънии масъулият, садоқат ва ҷонибдорӣ аз манфиатҳои миллӣ аст, бояд гузаранд, то ки Ватани худро барои оянда муҳофизат кунанд. Ҳар як ҷавон бояд бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва ифтихори миллӣ ба майдон ворид шавад, ки ин ҳиссиёт танҳо аз ҳисоби худшиносӣ ва омодагӣ ва дӯстдории Ватан ба даст меояд.

Вобаста ба саволи шумо инро бояд қайд намоям, ки имрӯз маъракаи даъвати чавонон  ба Артиш  як марҳалаи муҳим  барои адои хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ  маҳсуб мешавад. Ин маърака дар асл як қисми сиёсати давлат барои тарбияи ҷавонон, таъмини амнияти кишвар ва тақвияти неруи мудофиа мебошад. Дар ин маърака, ҷавонон  бар асоси талаботи қонун барои хидмат ба Ватан даъват мешаванд. Аз оѓози ин маърака то имрӯз алакай  80 фоизи нақша иҷро шудааст. Ба шаҳрвандоне, ки синни онҳо ба 18 расидааст ва болотар аз он аст, мо даъватнома додем, ки аксарият бо даъватнома ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуданд. Онҳое, ки маълумотномаи донишҷӯӣ ба мо пешниҳод карданд, то вақти ба охир расидани таҳсилашон, хидмати онҳо ба таъхир меафтад. Аммо, онҳое, ки  аз  хизмат ба ватан  пинҳон мешаванду рӯ ба муҳоҷират меоранд, бо волидони эшон суҳбатҳо анҷом медиҳем, то фарзандони хешро  баргардонанд…

- Оё омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ (масалан, имкониятҳои таҳсил, ҷойҳои кор, шароити хидмат) таъсиргузор дар афзоиш ё камшавии сафи ихтиёриён ҳастанд?

-Рӯз ба рӯз  сафи ихтиёриён меафзояд. Аз ҷумла дар ноҳияи Сангвор. Дар солҳои охир, равиши ҷавонон ба хидмат дар артиш таѓйир ёфтааст. Аксарияташон на баҳона пеш меоранду на монеасозӣ мекунанд, худ ихтиёран ба комиссариати ҳарби омада, ба хидмат сафарбар мешаванд. Ҳамаи ин, натиҷаи корбариҳои қаблӣ аст, ки таъсири мусбат ба ҷавонон расонидааст. Эҳсос мешавад, ки ҷавонони ноҳияи Сангвор ѓурури баланди миллӣ доранд ва Ватанро бо ҷону дил дӯст дошта, марзи онро ҳифзу нигаҳдори месозанд.   

Ҳамаи инро ба инобат гирифта, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор барои ҳавасмандгардонии 50-60 фоизи ҷавонон ҳуҷҷати ронандагӣ туҳфа мекунанд.

-Дидаву мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар саросари кишвар баъзе ҷавонон аз хизмат ба ватан саркашӣ мекунанд. Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки бояд дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, рутбадорон, бознишастаҳои овозадору номдоре, ки барои Ватан хизмат кардаанд аз таҷрибаи хеш ба онҳо нақлу фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Ва ҷавононро дар руҳияе бояд тарбия созанд, ки  ватанро бо ҷон баробар донанд. Дар ин замина кадом корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад?

-Тибқи накшаи Вазорат мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал зиёда аз 150 нафар синфҳои 10-11ро аз мактабҳои ноҳияи Сангвор ба  қисми ҳарбӣ 02011, ки дар деҳаи Лухарвӣ қарор дорад, сафарбар кардем, шароити хизмати ҳарбӣ, хӯрду хӯрок, ҷойи хобро нишон додем. Онҳо диданд, ки шароит ба дараҷаи аъло муҳайё аст.  Дар баробари ин,  намояндаҳои Вазорати мудофиа низ дар давоми сол омада, тибқи нақша чорабиниҳо вохӯриву суҳбатҳо гузарониданд. Дар байни ҷавононе, ки мактаби миёнаро хатм мекунанд, алакай корҳои фаҳмондадиҳӣ рафта истодааст. Онҳое, ки хоҳиш доранд, баъди хизмат  имтиёз доранд, ки ба донишкадаву донишгоҳҳои ҳарбии Вазорати мудофиа, ё берун аз кишвар  дохил шаванд.

Бояд ин ҷо қайд кунам, ки муддати якуним сол аст, ки мо дар ноҳияи Сангвор ба ҳайси Комиссари ҳарбӣ  фаъолият дорам.  То ҳол нисбати ҷавононе, ки аз хизмат ба Ватан саркашӣ мекунанд, мо ягон парвандаи ҷиноятӣ оѓоз кардагӣ нестем. Зеро, ҷавонон аз хизма ба Ватан саркашӣ намекунанд. Суҳбату вохӯриҳо пайваста миёни онҳо идома меёбанд. То имрӯз ягон ҷавон аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ накардааст. Тибқи нақшае, ки аз тарафи вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ шудааст, рӯзи аввал пеш аз муҳлат, босифат ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд, камбудӣ дар ин самт нест.

-Корбариҳо чӣ натиҷа додаанд?

-Натиҷаи корбариҳо хеле муассир аст. Ҷавонон рӯз ба рӯз дарк карда истодаанд, ки  ин Ватани онҳост, ва ҳеҷ аҷнабие ба ҷои онҳо омада Ватанашонро муҳофизат намекунад.  Соли 2024 мо 4 нафарро аз ноҳияи Сангвор ба донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва хориҷ аз кишвар сафарбар намудем, ки ин натиҷаи анна ҳамон корбариҳаст. Бояд ҷавононро ва тафаккури онҳоро бо хсоси Ватандорӣ такон дод…

-Саломат бошед. Шумо аз имтёзҳо гуфтед, ки шаҳодатномаи ронандагӣ ройгон ба ҳар нафари ихтиёрӣ супурда мешавад. Аммо тариқи расона  ва пойгоҳҳои иттилоотӣ  маълумот пахш мешавад, ки барои наваскарон аз ин дида имтиёзҳои бештар ҷудо гардидааст. Ба гӯнаи мисол қитъаи замин ҷудо мекунанд, ба донишгоҳу донишкадаҳо роҳҳат мегиранд ва чанди дигар. Оё др ноҳия ин гуна имтиёзҳо ҷудо гардидааст?

-Бале. Дар ноҳия, дар ҷамоатҳо баъзе оилаҳои камбизоатанд ба онҳо қитъаи замин ҷудо мешавад. 50 фоиз ҳуҷҷати ронандагӣ медиҳанд. Баъди ба анҷом расидани муҳлати хизмати аскарон онҳоро ба донишкадаи ҳарбии Вазорати муодифиа бидуни имтиҳон ройгон дохил мекунанд. Ва баъди хатми донишкадаи мазкур онҳоро ба кор дар қисми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар чун афсарон қабул мекунанд. 

-Ташаккур. Барои онҳое, ки аз хизмат ба Ватан саркашӣ мекунанд, кадом ҷазоҳо пешбинӣ шудааст?

-Тибқи Қонун «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ҷазоҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ ҳаст, худи даъватшаванда даъватномаро имзо кард, ва аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кард, бо моддаи 343 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дода мешавад.

-Рӯзҳои наздик аз тариқи расонаҳо маълумоте нашр гардид, ки Прокуратураи ҳарбӣ барои аз роҳи ѓайриқонунӣ сафарбар кардани  ҷавон ба сафи Артишро маҳкум карда, тадбирҳои қонунӣ пешбинӣ намудааст. Назари шумо чӣ аст?

-Хушбахтона дар ноҳияи Сангвор бо роҳи ѓайриқонунӣ сафарбар гардидани аскарон тамоман вуҷуд надорад. Зеро, ҷавонони  ноҳияи кӯҳистони Сангвор ҷавонмардони боѓайрату боѓуруранд ва онҳо худ бо сари баланд ва ихтиёрӣ ба хати марзи Ватан саф  мекашанд.  Мо мувофиқи қонун  тариқи даъватнома ҳар як ҷавонро даъват мекунем. Бо  падару модарон ва даъватшавандаҳо суҳбату вохӯриҳо мегузаронем ва вазъияти хизматро агар лозим боша, ба онҳо нишон медиҳем ва баъдан сафарбар менамоем. Ҳастанд нафароне,  аввал саркашӣ мекунанд, ки писарам дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст ва шароити хуб надорам ё дар ҷойи дигар,  лекин мо тариқи қонун онҳоро мефаҳмонем ва онҳо фарзанди хешро ба хидмат равон месозанд.

ӣ бояд кард, то падару модарон имрӯз дар сафарбар намудани фарзанди хеш ба хидмати ватан саҳм гиранд?

-Қонун «Дар бораи масъулияти волидон дар тарбияи кӯдак»  дар амал татбиқ шуда истодааст. Волидон бояд аз рӯи ин қонун бештар амал кунанд ва фарзандонро омӯзанд, ки хизмат ба Ватан болои ҳар як ҷавонмард, ҳам қарз асту ҳам фарз. Имрӯз дар ватани мо тинчиву оромӣ ҳукмфармост, фазои осмони мо софу беѓубор ва пур аз овои сулҳ аст,  ҳамаи ин хизмати ҳамон ҷавонон аст, ки падару модарон ва хешу ақрабои мо ором мехобанд. Сарҳади моро  ин ҷавонон нигаҳбонӣ мекунанд, марзу буми моро онҳо саф баста, аз қадами шуми аҷнабӣ ба ин сарзамин ҳифз месозанд. Пас волидон бояд дарк кунанд, ки агар фарзанди онҳо аз хизмат ба ватан сарпечӣ мекунад, аҷнаби ватани моро соҳиб мешавад.  Ва хаҳ дар пайи ин. Волидони муҳтарами мо  боз дарк кунанд, ки фарзандони дигарон рафта хизмат мекунанд, чаро фарзанди мо наравад, ба худ суол диҳанд.  Имрӯз навбати писарони онҳост, бояд хизмат ба Ватанро бо сари баланд адо созанд. На ин, ки баъзе падару модарон монеа эҷод кунанд…  Ба андешаи мо, ҳарчанд писар аз хизмат саркашӣ ҳам, кунад, агар волидон масъулият ва рисолати худро софдилона дар назд фарзанд иҷро кунанд, онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллах мепайванданд. Эҳсоси ватандӯстиро аз ҳама зиёд падару модар дар дили фарзанд бедор карда метавонанд.

-Дар анҷом чӣ муроҷиат ба ҷавонон ва волидони онҳо доред?

-Ба ҷавонон гуфтаниам, ки хизмат дар артиш як нангу номуси ватандорӣ аст. Хизмат мардонагист. Агар ба Ватани хеш хизмат накардаӣ, ба модари хеш низ хизмат кардан наметавонӣ.  Бояд гуфт, ки хизмат ба Ватан на танҳо шаъну шарафи ҷавонон, балки шарафи модарону падарони онҳо низ ҳаст. Биёед дар якҷоягӣ ин Ватанро ҳифз созем. Зеро дар домони он мо  сабзидаву ба воя расидаем.  Тамоми шароит дар қисмҳои ҳарбӣ ба дараҷаи аъло хуб шудааст. Аз ҷумла хӯрду хӯрок , ҷойи хоб, биноҳои замонавӣ, ки имрӯз ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгуанд, хеле хубанд.  Мо ҳамасола мактаббачаҳоро бурда нишон медиҳем, ки шароитро аз наздик бубинанд.  Танҳо ватанро дӯст дореду ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвандед!

Мусоҳибаи Наҳтутӣ Алиева