Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия бахшида ба 26-умин солгарди Ваҳдати миллӣ як қатор чорабиниҳои варзиширо ба роҳ монда буданд. Аз ҷумла чорабинии варзишии гӯштини миллӣ  дар байни деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия гузаронида шуд, ки хурсандии наврасону ҷавононро ҳадду канор набуд. Дар ингуна чорабинӣ наврасони зиёд - довталабон ширкат варзида байни худ мубориза бурдаанд, ки дар натиҷа бархе аз онҳо тавонистанд мақомҳои ифтихориро касб намуда, соҳиби медал ва туҳфаҳои хотиравии мусобиқот гарданд.

    Ҳамзамон тӯли як моҳ аст, ки бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бозии футбол  байни дастаҳои ташкилоту муассисаҳо ба роҳ монда шудааст, ки ин дастаҳо дар рӯҳияи дӯстию рафоқат ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ байни худ мубориза бурда истодаанд. Мусобиқоти мазкур дар ахири моҳ ҷамъбаст хоҳад гардид ва ғолибон бо туҳфаю медалҳо қадрдонӣ хоҳанд гашт.

      Дар ин айём бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе низ  мусобиқоти давидан ба масофаҳои гуногун аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда буд, ки дар он варзишгардухтари ноҳияи мо Дилнозаи Тоҳир ширкат варзида дар масофаи 800 м  рақобат намуд.Дар натиҷа тавонист сазовори ҷойи сеюми мусобиқот гардида, соҳиби медали биринҷӣ ва Ифтихорномаю туҳфаи молии ин мусобиқот гардад. Ҳамзамон бо дастгирию ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ аз тарафи раиси ноҳия ин варзишгардухтари ҷасуру ифтихори ноҳия бо Ифтихорномаю Сипоснома ва маблағи пулӣ(2000 сомонӣ) қадрдонӣ карда шуд.

        Гузаронидани чунин чорабиниҳо завқи ҷавононро нисбати варзиш бедор  намуда, баҳри саломатии эшон манфиат хоҳанд расонд.

         Боварии комил дорем, ки чунин чорабиниҳои варзишӣ дар байни ҷавонон, ташкилоту муассисаҳо, сокинони ҷамоатҳои деҳот тез – тез гузаронида мешаванд. Чунки гузаронидани чунин чорабинихои варзишӣ ба кашфи чеҳраҳои нав мусоидат хоҳанд намуд.