Аз тарафи бахши лоиҳакашӣ ва шаҳрсозии ноҳия 65 иншооте, ки то сиву панҷсолагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шуда буданд, то имрӯз 10 иншооти он (соли 2022) ба истифода дода шудаанд.

     Айни ҳол дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ як миқдор иншоотҳои хурду миёна дар ҷамоатҳои деҳоти Чилдара ва Ваҳдат қабул карда шудаю ба истифодаи сокинои ин ҷамоатҳо дода шудаанд. Аз ҷумла, пули пиёдагузар дар деҳаи Сангвори ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо ташаббуси раиси ҷамоати деҳот Давлатов Мизробшоҳ ва саҳми соҳибкорону сокинони ин деҳа сохта шудаю ба истифодаи мардум дода шуд.

       Ҳамзамон як қатор корҳои ободонию иншоотҳои хурду миёна дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти Чилдара ба истифода дода шудаанд, ки ин аз ташкилотчигии раиси ҷамоати деҳоти мазкур Шоев Фотеҳ дарак медиҳад, ки дар давоми фаъолияти кории ин шахсияти мазкур вазъи зиндагии сокинони он хубтару беҳтар гашта, симои маркази ҷамоат ба кулли тағйир ёфтааст. Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси раиси ҷамоати деҳоти мазкур Шоев Фотеҳ дар ҳузури муовини аввали раиси ноҳия Муҳаммадизода Муҳаммадсолеҳ ва кулли мардум иншоотҳои зерин: 7-8 нуқтаи хати оби нӯшокӣ дар маркази ҷамоати деҳот –деҳаи Чилдара дар масофаи 7000 метр бо саҳмгузории сокинони деҳаи мазкур ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ, 5-6 нуқтаи хати обинӯшокӣ дар деҳаи Посун аз масофаи 6500 метр бо дастгирӣ ва маблағгузории соҳибкорӣ Ватанӣ Шарипов Давлатҷон –сокини деҳаи Дамоб бо маблағи 90 000 сомонӣ, 4 нуқтаи хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Раззак дар масофаи 2500 метр бо дастгирии мардум ва  саҳми соҳибкор Барзуев Нурулло ба маблағи 35000 сомонӣ, 3 нуқтаи хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Пашор дар масофи 1500 метр бо  маблағи 20 000 сомонӣ бо саҳми соҳибкор Амонатов Саидраҳмон ба истифода дода шудаанд.

      Ҳамчунин роҳи байни деҳаҳои Шӯри поён, байн ва боло(аз ду тараф) бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва кулли сокинони ин деҳа пурра сангфарш карда шудааст. Таъмири капиталии Беморхонаи маркази ҷамоати деҳот бо саҳмгузории соҳибкори  ватанӣ идома дорад, ки айни ҳол 80 фисади корҳои сохтмонии он ба анҷом расидаанд ва дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлтӣ пурра бо шароитҳои хуби хизматӣ ба истифода дода хоҳад шуд.

      Ин ҳама аз ташаббусҳои созандаи раиси ҷамоати мазкур ва дастгириҳою ватандӯстии соҳибкорон аз нангу номӯси ватандории кулли сокинони ҷамоати деҳоти Чилдара гувоҳӣ медиҳад. 

              Зиҳӣ, чунин мардони ватандӯсу ватандор ва ташаббускор!