Ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 02011В-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Сангвор, чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Сулаймон Давлатзода ва раиси ноҳияи Сангвор, Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронии худ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода С. бо сарбозону афсарони қисми низомӣ мулоқот намуда, аз ҷасорату садоқати онҳо ба Ватан ситоиш кард. Ӯ зикр намуд:

«Шумо мардони ҷасур ва далери диёр ҳастед, ки баҳри ҳифзи Ватан бо эҳсоси масъулият сафи Артиши миллӣ пайвастаед.»

Раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат низ дар баромади хеш иброз дошт:

«Ватандорӣ аз гӯшаи виҷдону имон аст ва ҳар як сарбоз бояд бо ҷасорату матонат аз ватани аҷдодии хеш дифоъ намояд.»

Дар зимн, намояндагони ҳукумат таъкид намуданд, ки:

«Агар шумо – мардони боору номуси Ватан дар сафи муҳофизати сарзамини аҷдодӣ  саф накашед, ва онро бо ҷону дил ҳифз накунед,  Истиқлоли мо ҳаргиз пойдору устувор  намемонад. Зеро, дар чашми бадхохони миллат ин ҳама  субботу ваҳдат ва ититиҳоди мардуми сарбаланди тоҷик намеғунҷад. Пас, бо иродаи қавӣ ва шуҷоати комил ин Ватан-Модарро дар оғуш гиреду ҳифз намоед.»

Дар интиҳои чорабинӣ, як қатор сарбозон ва масъулони фаъоли қисми низомӣ, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ фаъолияти намунавӣ нишон дода буданд, бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳо қадрдонӣ гардида, ба сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро бо сари баландж ба поён расонида буданд, билети ҳарбӣ супорида шуд.

Баъд аз анҷоми қисмати расмии чорабинӣ, меҳмонон аз шароити зист, ҷойи хоб ва макони истеъмоли ғизои сарбозон боздид ба амал оварда, аз омодагии қисм ва муҳити мусоиди хизмат изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамчунин, намояндагон ба сарбозон хӯрок тақдим намуда, бо онҳо сари дастурхон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Чорабинӣ дар фазои идона ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст гардид.

Туйчии Нурмаҳмад