Паёми табрикии муҳтарам Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, раиси ноҳияи Сангвор,
бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Сиву чор сол пеш миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди хеле бузург ва муқаддас – истиқлоли давлатӣ ноил гардида, соҳиби давлати комилан мустақили миллӣ шуд, ки ҳоло мо ин рӯйдоди муборак, яъне тантанаи адолати таърих ва давлатдории навини худро бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.
Ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ тамоми мардуми ноҳияро самимона табрик ва муборакбод намуда, ба ҳар як хонадон саломативу сарбаландӣ, сулҳу сафо, хушбахтӣ ва осоишу рӯзгори обод орзу менамоям.
Бо ҳукми тақдир миллати тоҷик ба орзую ормони деринаи худ расид ва имрӯз баҳри таҳким ва пойдории Истиқлол ба корҳои ободонию созандагӣ машғул аст.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ чунин гуфтааст: «Маҳз ба шарофати талошу кӯшиш барои истиқлол, озодӣ ва пешрафти мо тавонистаанд, ки ҳанӯз дар асри даҳум, яъне ҳазору сад сол муқаддам давлати миллии мутамарказ ва дорои ҳамаи аркони зарурии давлатдориро ташкил диҳанд, ки дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ бо номи давлати Сомониён шуҳрат ёфтааст». «Озодӣ ва истиқлол дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд. Истиқлол мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст».
Баробари ба даст омадани Истиқлол ноҳияи Сангвор низ аз нав ташкил ёфта, ҳамқадами замони Истиқлол мебошад. Дар давоми соҳибистиқлоли мо тавонистем ба бисёр пешравиҳо ноил гардем. Ҳоло маркази ноҳия симои худро тамоман дигар кардааст. Биноҳои зебову замонавӣ диққати мардумро ба худ ҷалб мекунанд. Рӯз то рӯз кӯчаву маҳаллаҳо зеботару дилкаштар гардида истодаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия садҳо биною иншоотҳои хуштарҳу замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд. Бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 12 иншоотҳои хурду миёна ба истифода дода мешаванд, ки аз ин майдончаи варзишии Ҳавзи кабуд, азнавсозии худи Ҳавзи кабуд, маркази тезтайёр дар деҳаи Шакоб, маркази савдо дар деҳаи Шури ҷамоати деҳоти Чилдара, маркази савдо дар деҳаи Миёнаду ва пули мошингузари деҳаи Пунарвоғи ҷамоати деҳоти Заршуён, бинои шуъбаи маориф, меҳмонхонаи замонавӣ, майдони Нишону муҷасамаи Исмоили Сомонӣ, маҷлисгоҳ ва маркази савдо дар ҷамоати деҳоти Тавилдара. Маркази ноҳияро бинои нави мақомоти иҷроия, бинои ҷамоати деҳоти Тавилдара, бинои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор, бинои маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Сангвор, биноҳои бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаи № 21 «Амонатбонк», прокуратураи ноҳия, комиссариати ҳарбӣ, филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком», корхонаи давлатии фаръии хизмати манзилию коммуналӣ, раёсати молия, шуъбаи кишоварзӣ, бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, қасри фарҳанг майдони варзишӣ, бинои нозироти андози ноҳия, бинои суди ноҳия, бинои филиали маркази таълимии калонсолон, биноҳои марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ва чандин иншоотҳои дигар ҳусну тароват бахшидаанд. Бунёди зиёда аз 100 километр хатҳои оби нӯшокӣ дар деҳаҳои ноҳия, зиёда аз 20 каналҳои обёрикунанда, 25 пули мошингузар, зиёда аз 30 пули пиёдагузар дар ҷамоатҳои деҳоти Тавилдара, Чилдара, Вахиё, Заршӯён ва Ваҳдат, синфхонаҳои иловагӣ дар назди як қатор муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия самараи истиқлол мебошанд. Аз ҳисоби соҳибкорон 20 бинои мағозаи тиҷоратӣ дар маркази ноҳия ва зиёда аз 50 мағозаҳои хурду миёна дар ҷамоатҳои деҳот сохта шуда, фаъолият доранд. Дар даврони соҳибистиқлоли дурии деҳаҳо аз маркази ноҳия ба назар гирифта шуда, ду ҷамоати деҳоти нав: Вахиё ва Ваҳдат ташкил карда шуд.
Рушди соҳаи кишоварзии ноҳия на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки хусусияти иҷтимоӣ низ дорад, зеро 43 фоизи аҳолии ба кор машғулбуда дар ин соҳа фаъолият доранд ва барои қисми зиёди аҳолӣ манбаи ягонаи даромад аст. Дар ҳудуди ноҳия 128 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми арзанда доранд.
Соҳаи маориф ҳамчун омили муҳими рушди ҷомеа барои ноил гардидани як қатор ҳадафҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нақши муҳим мебозад. Таваҷҷуҳ ва ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф сол то сол зиёд шуда истодааст. Дар паёмҳои Сарвари давлат таъкид мегардад, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. То соли 1992 дар ноҳия ҳамагӣ 17 муассисаи таълимӣ фаъолият дошт. Чунон ки аз нишондиҳандаҳо бармеояд, дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои таълимӣ хеле афзуда, дар зарфи 34 соли Истиқлол шумораи муассисаҳои таълимӣ ба зиёда аз 60 адад расидаанд, хонандагон пурра аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо ба биноҳои хуштарҳу замонавӣ гузаштанд. Аз соли 1995 дар ноҳия литсейи касбӣ-техникӣ ва аз соли 2003 инҷониб филиали муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияи Сангвор фаъолият дошта, дар онҳо садҳо нафар касбу ҳунарҳои гуногунро аз худ карда, ба кору фаъолият машғуланд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ, ки марҳалаи аз нигоҳи таърих хеле кӯтоҳ, вале пур аз ҳаводису рӯйдодҳои муҳиму тақдирсози халқи мо мебошад.Тақдири Ватан ва ояндаи миллат имрӯз ба мову шумо, хусусан ҷавонони бо нангу номус вобаста аст. Бовар дорам, ки дар тӯли 34 соли озодии иродаву ихтиёр ҳамаи фарзандони бо нангу номус асолати ин санаи сарнавиштсозу фархундаро дарк намуда, ҳифзи дастовардҳои Истиқлол, пуштибонии амнияти миллию давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва ҳадафҳои стратегии созандагӣ, тараққиёти бомароми Ватани азиз ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро аз муқаддастарину волотарин вазифаҳои худ медонанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Дар охир бори дигар Шуморо ба ҷашни 34 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба Шумо саломатӣ, хонаи обод, осмони соф ва барору комёбиҳо таманно дорам.
Пояндаву ҷовидон бод Истиқлоли миллати куҳанбунёди тоҷик!