Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор баҳри дар сатхи баланди сиёсиву фарҳанги гузаронидани Иди байналмилалии Наврӯз як қатор корҳоро ба анҷом расонда, дастраси идораву муассисаҳои ноҳия гардонида шуданд. Доир ба гузаронидани Иди байналмилалии Наврӯз баргузории барномаи фарҳанги, ҷобаҷогузории ҳунарҳои мардуми ва дастовардҳои иқтисодиву иҷтимои таҳия гардиданд. мо ифтихор мекунем, ки миллати тоҷик ба ин неъмати хеле бебаҳо – тинҷию осудаҳолиро арҷ мегузорад ва бо шодиву нишот ба истиқболи он ҳамаҷониба омодагӣ гирифта, Наврӯзи ҷаҳониро бо тамоми ойину суннатҳои таърихи деринаш таҷлил менамоянд. Наврӯз ҷашнест, ки маҳаки инсонгароӣ дошта,инчунин мардумро ба накӯкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, кӯмак ба ниёзмандон, ободонӣ, хайру сахо,дастгирии якдигар, ҳурмату эҳтиром, покиву тозагӣ, сарсабзию шукуфоии табиат даъват менамояд ва баҳри ҳар иқдоми нек замина мегузорад.
Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободони ва созандаги, аз ҷумла кабудизоркуниву тозагии маҳал дар ҷамоатхои деҳот рузҳои шанбе ҳашари умуми эълон карда шудааст.Бовари ва эътимод бар он аст,ки мардуми шарифи ноҳия чашну маъракаҳои наврузиро ба шевае барпо хоҳанд намуд, ки он омили сарчамъи, вахдату якдилии сокинони ноҳия мегардад. Ҷашни Наврӯз фарозҳои таърихи, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси cap карда, то ба имрӯз омада расидааст. Аз ҳама зиёд ва хубтару бештар Наврӯзи хуҷастаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистони худамон ҷашн мегиранд ва тамоми расму русуми дар гузашта мардуми ориёӣ доштаро мо дар ҷашни Наврӯз қайд менамоем ва тамоми он бозиҳо ва чорабинихо, ки дар ин фасл ҳаст, ҷавонон бо меҳру муҳаббати хос қайд мекунанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ вобаста ҷаҳони шудани Наврӯзи оламафрӯз қайд доштанд, ки “Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисозӣ онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фархангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд”.
Мутобиқ ба сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯз таърихи зиёда аз шашҳазорсола дошта, бузургтарин ва машҳуртарин ҷашни миллии тоҷикон буда, онро дар арафаи омад – омади фасли баҳор, бедории табиату шукуфоии дашту даман истиқбол менамудаанд. Наврӯз дар гирдбоду талотуми таърих ҳастиву мавҷудияташро нигоҳ дошта, бо тамоми рамзу анъана, расму ойинҳояш ба имрӯзиён расидааст. Ин ҷашн ҷашни мардумӣ буда, як рукни ҷудонопазири фарҳангу арзишҳои миллии мо дониста мешавад ва ҷаҳонбинию одамшиносии халқи моро инъикос мекунад.Мо бо шукрона аз амнияту оромӣ дар кишвар, аз осудагию некаҳволии мардуми тоҷик беш аз 30 сол боз Наврӯзи муборакқадамро таҷлил намуда, сараввал тамоми саъю кӯшиш ва тавону донишамонро барои тақвияти сулҳу субот дар мамлакат, таҳкими ваҳдати миллӣ равона месозем, чунки ҳеҷ гуна ҷашн бе фазои ором ягон шукӯҳу ҷалоле надорад.