Дастуру    супоришҳои   Президенти   Ҷумҳурии   Тоҷикистон,   ки дар  паёми   Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  26 январи  соли 2021  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардидаанд,  масъулини  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, роҳбарони ташкилоту  муассисаҳо,  вакилон, фаъолон ва аҳолии ноҳия мавриди татбиқ қарор дода истодаанд.Ҷиҳати   иҷрои    бандҳои  паём   Нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия гашта бо қарори раиси ноҳия аз 19 феврали соли 2021 бо №57 тасдиқ карда шуда, мунтазам дар ин самт кор бурда мешавад.

    Ноҳияи Сангвор дорои шароити мусоиди рушди соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Иқлим, табиат, ҳайвонот ва наботот, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф, ки дар ноҳия мавҷуд мебошанд, барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мувофиқ мебошад. Лозим меояд, ки фаъолнокии соҳибкорон оид ба ташкили муассисаҳои номбурда, агентиҳо оид ба ташкил ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонии туристӣ вусъат дода шавад. Ояндаи ноҳияи Сангвор ва рушди он ба туризм вобастагии зич дорад.

    Дар шаш моҳи соли 2021 ба оилаҳои ниёзманд, ятимон, маъюбон, хонандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, ба афсарону аскарони қисми низомии дар ҳудуди ноҳия буда, оилаҳои шахсони дар барқароркунии сохти констутитсионї ҳалокшуда, иштирокчиёни ҶБВ, модарони собиқадор, оилаҳое, ки фарзандонашон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар карда шуданд, ба маблағи беш аз  300 ҳазор сомонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соњибкорон маводҳои ѓизої ва кумакҳои молиявӣ расонида шудаааст. Ғайр аз ин дар ҷашни “Рӯзи Модар” беш аз 100 нафар занону бонувони коргар, занони фаъол, модарони наваскарон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар арафаи иди Наврӯз ба ду нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ  ва ниёзмандон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маводи ғизоӣ кумак расонида шуд. Дар доираи имконоти мавҷуда тадбирҳои амалӣ андешида, корҳои созандагиву ободонӣ, бунёдкорӣ, таъмиру тармими роҳҳо, пулҳо, иншоотҳо, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иҷтимоию  фарҳангӣ  ва иҷрои ҳамаҷонибаи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия роҳандозӣ гардида истодааст.  Дар байни аҳолии ноҳия  мунтазам корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати инъикоси нақшу арзишҳои Ваҳдати миллӣ,  Истиқлолияти давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, созандагию  ободкорӣ ба сомон расонида  шуда истодааст.

    Дар моҳномаи ноҳиявии «Мавҷи Хингоб» доир ба арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, ифтихор аз  Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва ҳисси ватандорӣ  мунтазам маводҳо ба табъ мерасанд. Доир ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба андешидани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, тозаю озода намудани хонаю ҳавлии сокинон бо ҷалби фаъолону масъулин корҳои фаҳмондадиҳиро бо сокинони ноҳия пурзўр карда мешаванд.       

   Сокинони ноҳияи Сангвор фаъолияти худро баҳри таъмини иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои  Президенти кишвар, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои қабулнамудаи соҳавию минтакавӣ равона менамоянд.

Иҷрои андозҳо ва  буҷети ноҳия

   Қисми даромади буҷети ноҳия дар шаш моҳи соли 2021 ба ҷои 3 миллиону 95 ҳазору 160 сомонии дар нақша пешбинишуда 7 миллиону  526 ҳазору 622 сомонӣ иҷро гардидааст, ки он ба 243 дарсади нақша баробар мебошад. 

   Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ дар давраи ҳисоботӣ  ба маблағи 3  миллиону 95 ҳазору 160 сомонӣ, ки иҷрои он ба 7 миллиону 420 њазору 41 сомонӣ, ё ин ки 240 дарсад иҷро шудааст. Маблағҳои ворид кардашуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 4 миллиону 2 ҳазору 395 сомонӣ зиёд мебошанд.

   Қисми хароҷоти буҷет  дар шаш моҳи соли 2021 ба ҷои 13 миллиону 495 ҳазору 399 сомонии дар нақша пешбинишуда 11 миллиону 836 ҳазору 488 сомонӣ иҷро гардидааст, ки он ба 87,7 дарсади қисми хароҷот баробар аст.

   Бақияпулиҳои андоз ба ҳолати 1 июни соли 2020 621 ҳазору 959 сомониро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 161 ҳазору  803 сомонї бақияпулӣ кам гардидааст. Нозироти андози ноҳия дар шаш моҳи соли 2021 аз нақшаи умумии андозҳо нақшаи Андоз аз соњибони воситаҳои нақлиётро иҷро карда натавонистааст, ки ба андозаи 82 % баробар гардидааст.

 Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

   Дар шаш моҳи  соли 2021 тариқи “Равзанаи ягона” дар ҳудуди ноҳия 122 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019,  16 адад зиёд гардидааст.

Аз ҳисоби 33 соҳибкорони инфиродӣ, ки бо шаҳодатнома фаъолият доранд, ба буҷети ноҳия  80,1 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки 110 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Соҳибкорони инфиродие, ки тариқи патент фаъолият доранд 68 нафар буда, дар ин муддат 45,0 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид намудаанд.

Аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ бошад дар шаш моҳи соли ҷорӣ 11 521 ҳазор сомонӣ андози даромад аз шахсони воқеї, 107 692 ҳазор сомонӣ андози соддакардашуда ва 50 699 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба буҷет ворид гардид. Ҷамъ аз ҳама намуди андозҳое, ки аз ҷониби соҳибкорон пардохт гардидаанд, 295 037 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.

    Бонк

   Филиали №21 БДА  ҶТ “Амонатбонк”   дар ноҳия ба 107 корхонаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои бонкӣ хизматрасонӣ мекунад, ки шумораи истифодабарандагони кортҳои пластикӣ ба 5 ҳазору 54 нафар расидааст. Интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар дар шашмохаи якуми соли 2021 тариқи бонки мазкур 996,5 ҳазор доллари ИМА ё баробар ба 11 миллиону 280 хазору 866 сомони ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 145,1 ҳазор доллар зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботї ба аҳолї 2 миллиону 107 ҳазору 499 сомонї қарзҳои кўтоҳмуддат дода шудааст, ки он дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 653 ҳазору 343  сомонӣ бештар аст.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ

    Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия дар шаш моҳи соли 2021 ба 67,2 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба њамин давраи соли гузашта 20,8 миллион сомонї зиёд мебошад, ки суръати афзоиши воқеии солонаи он ба ҳисоби миёна 31 фоизро ташкил намудааст. Ин нишондиҳандаҳо ба соҳаи кишоварзӣ 7,6 миллион сомонӣ, ба соҳаи савдо 20,2 миллион сомонӣ, ба соҳаи хизматрасонии пулакӣ 4,2 миллион сомонӣ ва ба соҳаи саноат 35,2 миллион сомонӣ  рост омада, ба ҳар сари аҳолии ноҳия  2 760 сомонӣ баробар гардидааст.  

Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,4%, маҳсулоти саноатӣ 57,6%, ҳаҷми гардиши савдои чакана 24,2% ва хизматрасони пулакӣ ба аҳолӣ 14,2% дар қиёс ба нимсолаи соли 2020 афзоиш ёфтаанд.

 Аҳолии ноҳия ба ҳолати 1 июни соли 2020 24,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ноҳия ба ҳар сари аҳолӣ:

- дар соҳаи кишоварзӣ  312  сомонӣ;

- дар соњаи саноат 1446 сомонї;

- соҳаи савдо  830 сомонӣ

- хизматрасонии пулакӣ  172 сомонӣ  рост меояд.

Соҳаи кишоварзӣ

Кишоварзӣ дар ноҳия соҳаи асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд.

Кишоварзон имсол тибқи нақшаи дурнамо дар майдони 1540 га ғалладона, 1117 га картошка, 214 га сабзавот, 50,5 га зағир, 4 га полезӣ, 52 га хўроки чорво гузаронида, 19 га боғи нав бунёд намуданд.

Кишти зироатҳо соли равон дар муқоиса ба соли 2020  ғалладона 2 га, сабзавот 3 га ва зағир 2,5 га,  хўроки чорво 39 га зиёд кишт карда шудааст.

Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2021 ба 7,6 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020,  598 њазору 600  сомонӣ зиёд мебошад.

    Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 318 тонна гӯшт, 680 тонна шир ва  427 ҳазор дона тухм истеҳсол гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан  24 тонна гўшт, 55 тонна шир зиёд мебошад.

          Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ

        Дар тавозуни идораи давлатии  беҳдошти замин ва обёрии ноҳия    11 шабакаи обёрӣ мавҷуд буда, онҳо ба дарозии 46,2 км ба аҳолӣ  хизмат мерасонанд. Дар нимсолаи якуми соли 2021 идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия барои бо оби полезӣ таъмин намудани 850 га замин шартнома ба имзо расонидааст, ки он 100 фоизи нақшаро дар бар гирифта, ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли 2020 100 га зиёд мебошад. Дар шаш моҳи сипаригашта барои истифодаи оби полезӣ аз ҳисоби истифодабарандагон 19390 сомонӣ пешпардохт гардидааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 2 790 сомонї зиёд мебошад.

          Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ

Маркази таъминоти бехатарии озуқавории ноҳия дар шашмоҳаи соли 2021 баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи байторӣ” як қатор чорабиниҳои зиддиэпизоотикӣ, табобатӣ, нозирӣ ва хизматрасонии байториро гузаронидааст.

Дар ҳудуди ноҳия 31,0 ҳазор сар чорвои калони шохдор, 72,3 ҳазор сар чорвои хурд, 626 сар асп, 45,1 ҳазор сар паранда ва 14,4 ҳазор  оилаи занбўри асал  парвариш меёбанд.

Дар шаш моҳи соли 2021 барои вайрон намудани қоидаҳои байторӣ-беҳдоштӣ аз тарафи кормандони маркази таъминоти бехатарии озуќавории ноҳия ба шахсони инфиродӣ 7 адад ҷарима ба маблаѓи 960 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Кормандони ин соҳа аз ҳисоби хизматрасонии пулакии байторӣ ва карантини растанї дар давраи ҳисоботӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон 11 ҳазору 500  сомонӣ ворид намуданд.

Дар шаш моҳи соли љорї аз тарафи кормандони муассисаи мазкур як қатор чорабиниҳои пешгирии зидди касалиҳои сироятии чорво, аз ҷумла касалии сўхтанӣ: чорвои калони шохдор-2138 сар, чорвои хурд-1894 сар, вабои сумдард: чорвои калони шохдор-2672 сар, чорвои хурд-2612 сар ва дигар намуди касалиҳои сироятӣ эмгузаронӣ карда  шудааст.

Ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ” 16 нафар соҳибкорони инфиродиро мувофиқи муроҷиаташон аз аттестатсияи  байторӣ-санитарии шароити истеҳсолӣ гузаронида, аз ин ҳисоб ба маблағи 2880 сомонӣ ба буҷети ҷумҳурӣ ворид намудааст.

Заминсозӣ

Кумитаи идораи замини ноҳия бо мақсади пурраю оқилона ва самаранок истифода бурдани замин, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, дар асоси он фаъолияташро ба роҳ мондааст.

    Ноҳияи Сангвор дорои 597 384  ҳазор гектар замин мебошад, ки  аз ин:  2278 га корам, (1753га обӣ, 525 га лалмӣ) 424 га боғ, 96 га алафзор, 42 га заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон, 170824 га чарогоҳ,   1 ҳазору 522 га заминҳои наздиҳавлигӣ, 19738 га ҷангалу бешазор, 4 га ботлоқҳо  ва буттазор, 6702 га заминҳои зери об, 419 га роҳҳои чорвогузар, 187 га зери иморатҳо ва 395148 га дигар заминҳоро ташкил медиҳанд. Вобаста ба қонун вайронкуниҳои соҳаи замин аз ҷониби прокуротураи ноҳия дар давраи шаш моҳи соли равон 1 пешниҳоди прокуротура ба мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии ноҳия ворид шудааст.

    Дар шаш моҳи соли 2021 аз тарафи кумитаи идораи замини ноҳия 18 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 10 дастур ба шањрвандон дода шудааст, ба 3 нафар барои надоштани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии замин, ба 2 нафар шаҳрвандон барои напардохтани андози замин ба  1 нафар барои шурӯъ накардан барои сохтмон дар давоми се сол ва 1 нафар барои худсарона ғасб намудани қитъаҳои замин, 1 нафар барои иљро накардани дастур қарори ҷаримабандӣ татбиқ гардидааст, ки маблағи умумии ҷарима 2 760 сомониро ташкил дода, 1860 сомонии он ба суратҳисоби махсуси идораи замин ворид карда шудааст.

Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаш моҳаи соли 2021, 122 адад парвандаи заминсозӣ барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлати тайёр кардааст. Ин муассиса 118 адад, шањодатномаи наздиҳавлигӣ, 8 адад ташкили хоҷагии деҳқонӣ, 4 адад ивази шаҳодатнома, 11 адад соҳибҳуқуқи, 2 адад дигар сохтмонњо, 11 шиносномаи техникии ҳавлидорӣ ва 4 адад иқтибос ба шаҳрвандон дастрас намудааст.

Ҳифзи муҳити зист

  Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар шаш моҳи соли 2021 вохӯрию суҳбатҳо, корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ, олами набототу ҳайвонот ва шикори моҳӣ байни аҳолии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия гузаронидааст. Бо қарори раиси ноҳия аз 23 декабри соли 2020 №403 ”Дар бораи ташкил намудани ситоди ноҳиявӣ оид ба кабудизоркунӣ ва ободонӣ” ҳайати ситод ташкил карда шудааст.

   Мувофиқи нақша дар ноҳия ҳамагӣ 8 ҳазору 500 бех ниҳол, аз ҷумла 1810  бех ниҳолҳои мевадиҳанда, 5290 бех дарахтони сояафкан ва 1400 бех ниҳолҳо дар канори роҳҳо ва каналу ҷӯйҳо ба нақша гирифташудааст. Аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 9312 бех ниҳолҳои мевадиҳандаю дарахтони сояафкан шинонида шудаанд, ки он ба 109 дарсади нақша баробар мебошад. Аз ҳисоби пардохтњои экологї дар шаш моҳи соли 2021 ба суратҳисоби бахши ҳифзи муҳити зист   14 815 сомонӣ ворид шудааст.

   Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия  ба вайронкунандагони табиат 21 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз ҳисоби ҷарима ва зарар ба буҷет 2 100 сомонӣ ворид намуд, аз ҳисоби иҷозатҳои додашуда ба маблағи 1 620 сомонӣ ба буҷаи маҳаллӣ гузаронида шуд.

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал

  Кормандони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории ҷангал, олами набототу ҳайвонот дар минтақаҳои ҷангалпарварӣ ва роҳҳои автомобилгарди ноҳия нишонаҳои тарғиботӣ гузошта, ба ҳамин мазмун дар байни аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд. Нигоҳубини  ҷангал зери назорати доимии ин муассиса қарор дошта, дар маҷмӯъ аз ҷониби кормандони муассисаи мазкур 53 адад санад, аз ҷумла: 26 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 26 адад санади буриш ва  1 адад санади шикор  тартиб дода, аз ин ҳисоб ҷарима ба маблағи 14 575 сомонӣ ҷарима ба суратҳисоби муассиса ворид карда шудааст. Дар муассисаи мазкур 1 хоҷагии ёрирасон амал мекунад, ки дар ихтиёраш 350 сар чорвои майда, 16 сар асп ва 110 оилаи занбўри асал мавҷуд мебошад. Дар муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия 1 ниҳолхона мавҷуд буда, 8 намуди ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкан аз ҷумла: себ, нок, зардолу, олуча, тут ва сафедор парвариш ёфта, 70 дарсади он дар њолати сабзиш мебошанд.

Парки миллӣ

 Ба филиали Парки миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Сангвор ҳамагӣ 306613 га вобаста карда шудааст, ки аз ин 19092 га чарогоњ, 46 га замини зери об, 7 га замини зери роњњо ва 287168 га дигар заминҳо мебошанд.

Филиали мазкур дар семоҳаи дуюми соли 2021 4 ҳодисаи қонунвайронкунии соҳаро ба қайд гирифта, аз ин ҳисоб 1030 сомонӣ ҷарима руёнидааст. Дар филиали мазкур хоҷагии ёрирасон ташкил карда шудааст, ки дар ихтиёраш 2 аспи саворӣ 12 оилаи занбўри асал дорад.

  Суғуртаи  давлатӣ

Филиали КВД “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Сангвор дар шаш моҳи соли 2021 ба аҳолии ноҳия 130 шартномаҳои суғуртаи ҳатмӣ ва 225 шартномаи ихтиёрӣ ба имзо расонидааст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Ба ҷои  57 ҳазору 900 сомонии дар нақша пешбинишуда 57 ҳазору 900 сомонӣ  пардохтҳои суғуртавӣ ворид кардааст, ки он ба 100 дарсади нақша баробар мебошад. Аз маблағи ҷамъовардашуда 16 ҳазору 500 сомонӣ ба суғуртаи ҳатмӣ ё 100 дарсад ва 41 ҳазору 400 сомонӣ ба суғуртаи ихтиёрӣ ё 100 дарсад рост меояд. Ба суғурташудагони ба ҳаёту саломатиашон осебрасида ва молу амволашон зарардида дар ин давра ба маблағи 8 ҳазору 500  сомонӣ ҳамчун товони зарар ҳақгузорӣ карда шудааст.

Дар шашмоҳаи соли 2020 аз 5 намуди суғуртаи ҳатмии дар нақша пешбинишуда ҳамаи ин намуди суғурта иҷро гардидааст.

 Хизматрасонии коммуналӣ

Ҳайати кормандони корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия барои ободонии маркази ноҳия, рӯбучин, бо равшанӣ таъмин намудан ва оро додани кӯчаҳо, бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ ва муассисаҳо, баровардани партовҳо масъул буда, дар ҷашнҳои таҷлилгардида фаъолона ширкат варзиданд.

Корхонаи мазкур дар давраи ҳисоботӣ барои дар ҳолати санитарӣ нигоҳ доштани маркази ноҳия ва ороиши кӯчаҳо ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ  344 шартнома ба имзо расонидааст.

Дар шаш моҳи соли 2021 ба суратҳисоби корхона аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 226 ҳазору 90 сомонӣ ва  аз ҳисоби хизматрасониҳои коммуналӣ аз аҳолӣ, 23 ҳазору 698 сомонӣ, ҷамъ 249 ҳазору 788 сомонӣ  ворид гардидааст. Барои иҷрои корҳои ободонию созандагӣ ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии маркази ноҳия дар ин муддат корхонаи мазкур  77 ҳазору 136 сомонӣ харҷ кардааст.

Энергетика

   Дар ҳудуди ноҳия 1 адад зеристгоҳи барқии 35/10 кВт бо иқтидори 5700 кВт фаъолият мекунад.

Дарозии умумии хатҳои интиқоли барқӣ 10 кВт 260 км ва 0,4 кВт 208 км  буда, миқдори трансформаторҳо 140 ададро ташкил медиҳанд.

Аз тарафи кормандони шабакаи интиқоли барқи ноҳия дар 44 трансформатори 10/04 кВт ва 18 адад симчўбҳо  корҳои профилактикӣ ва таъмир гузаронида шуда, аз тарафи кормандони ин соҳа дар масофаи 7 км  дарахтони  зери хатҳои барқӣ тоза карда шуда, ба миқдори 141 адад оикҳо ва 385 метр ноқилҳои корношоям иваз  карда шудааст.

   Ҷамъ дар корҳои профилактикӣ, ивази симчӯбҳо, ноқилҳои барқӣ ва иваз намудани оиқҳо  17 ҳазору 742  сомонӣ масраф гардидааст.

    Шуъбаи фурӯши барқи ноҳия дар шашмоҳаи соли 2021 ба корхонаву муассисаҳо, соҳибкорон ва аҳолӣ 4 миллиону 426 ҳазору 778 киловатт/соат нерӯи барқ фурӯхтааст, ки маблағи ҳисобишудаи умумӣ ба 959 ҳазору 514 сомонӣ баробар мебошад. Маблағи мазкур 425 ҳазору 551 сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳо ва 533 ҳазору 963 сомонӣ ба аҳолӣ рост меояд. Ҷамъоварии  пардохти қувваи барқ дар ин давра 1 миллиону 17 ҳазору 135 сомониро ташкил медиҳад, ки он ба 106 дарсади нақша баробар мебошад.

   Талафоти нерўи барқ аз ҳисоби дароз будани хатҳои барқи 10 кв ва корношоям гардидани ноқилҳо барқӣ 17%-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020   1% кам гардидааст. Қарздории ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ дар шашмоҳаи соли 2021 ба 18 ҳазору 190 сомонӣ расидааст.

Роҳсозӣ

    Барои ноҳияи Сангвор роҳи мошингард воситаи асосӣ буда, тавассути он робитаи дохилӣ ва берунӣ рушд менамояд. Дар хизматрасонии нақлиётии ноҳия нақши муҳимро роҳи аҳамияти байналмилалидоштаи Сангвор-Нуробод-Дарвоз мебозад, ки талаботро дар кашонидани маҳсулот байни ноҳияҳо ва пойтахт таъмин менамояд.

Муассисаи роҳсозии ноҳия, 101,4 км роҳро ба уҳда дошта, барои нигоҳдории роҳҳо дар шаш моҳи соли 2021 корҳои таъмирию нигоҳдориро ба маблағи 74 ҳазору 305 сомонӣ иҷро намудааст, ки он сад дар сади нақшаро ташкил медиҳад.

Дар тавозуни муассисаи роҳдории ноҳия 8 техникаи махсус мавҷуд буда, 5 адади он дар ҳолати корӣ қарор доранд. Муассисаи роҳсозии ноҳия ҷиҳати таъмиру барқарорсозии роҳҳои ноҳия фаъолияти доимиро ба роҳ монда, рафту омади нақлиёти ҷамъиятию хусуси дар роҳҳо бо қадри имкон таъмин мебошад.

Сохтмон

    Сохтмон барои ноҳияи Сангвор соҳаи муҳим ба шумор рафта, дар бунёду барқарорсозии ноҳия мавқеи хосаро ишғол менамояд.

   Ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-майи соли 2018, №АП-1059 ба муносибати ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, дар ин бора амри раиси ноҳия аз 23 июни соли 2018, № 91 ба тасвиб расидааст. Тибқи амри мазкур ба муносибати ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 107 иншооти соҳаи хоҷагии халқи ноҳия ба нақша гирифта шудааст.

   Соли ҷорӣ барои сохтмони асосии ноҳия дар буҷети маҳаллӣ 640 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ин маблағ мувофиқи нақша барои сохтмони бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Тавилдара, сохтмони бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ ва аз навсозии боғи фарҳанги фароғатӣ дар маркази ноҳия  пешбинӣ гардидааст.

Тибқи нақша соли 2021 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 5, 6, 12, 14 ва 31-и ноҳия, инчунин пули пиёдагузар дар деҳаи Лайрони болои ҷамоати деҳоти Сангвор бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолии ноҳия сохта ба истифода дода мешаванд.

Дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ бинои хуштарњу замонавии шуъбаи бемориҳои сироятӣ дар маркази ноҳия, 3 майдончаи варзишӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти Вахиё, Сангвор ва Чилдара инчунин коргоҳи қанодӣ дар маркази ноҳия сохта ба истифода дода шуданд. Сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, сохтмони бинои КИ ҲХДТ дар ноҳия,  сохтмони бинои шуъбаи маориф, сохтмони хатти баландшиддати 35 кВт Шугнов-Тавилдара, сохтмони меҳмонхона дар маркази ноҳия, сохтмони ҳавзи моҳипарварӣ, сохтмони 2 толори варзишӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Вахиё ва Чилдара ва сохтмони 2 бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Тавилдара ва Вахиё идома доранд.

  Дар доираи короҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30- сологии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор бунёдкорӣ идома дошта, тайи 3 соли охир солҳои 2018-2021 дар ноҳия сохтмони 107 иншоот ба маблағи умумии 30 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имруз корҳои сохтмониӣ дар 75 иншоот ба анҷом расида дар иншоотҳои боқимонда корҳо ба маром идома доранд. Ҳиссаи корҳои анҷомдода 70 дар сади нақшаро ташкил медиҳад.

Аз шумораи умумии иншооти банақшагирифта, ба соҳаи маориф 21 иншоот, соҳаи тандурустӣ 10 иншоот, соҳаи фарҳанг 3 иншоот, соҳаи варзиш 9 иншоот, коргоҳ ва корхонаҳои саноатӣ 6 иншоот, соҳаи кишоварзӣ 18 иншоот, соњаи сайёњи 2 иншоот, маркази хизматрасонї ва савдо 7 иншоот ва дигар бинову иморатњо 31 адад рост меояд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ ба шахсони воқеӣ 40 адад иҷозати сохтмон дода шудааст.

 Корхонаи фаръии “Лоиҳакаш” дар ин муддат 37 адад лоиҳаи хонаҳои истиқоматӣ ва 2 адад бинои ҷамъиятиро ба анҷом расонидааст. Аз ин ҳисоб ба суратҳисоби махсуси корхона ба маблағи 38 ҳазору 900 сомонӣ ворид карда шудааст

 Маориф

   Дар ноҳия ҷиҳати таъмин намудани пешрафти соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, барои рушди ин соҳа аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ дар соли таҳсили 2020-2021 дар ноҳия 59  муассисаи таълимӣ  аз ҷумла: 21 муассисаи  таҳсилоти   ибтидоӣ,  9 муассисаи   таҳсилоти умумии  асосӣ, 29 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 интернати ҷумҳурявӣ барои кӯдакони ятим ва 1 интернати наздимактабӣ фаъолият доранд. Дар ҳама намуди муассисаҳои таълимӣ 5069 нафар хонанда, аз љумла 2408 нафар духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба таълиму тарбияи насли наврас 571 нафар омўзгор (193 нафар зан) машғуланд. Аз ин шумора 310 нафар (74 нафар зан) таҳсилоти олии омӯзгорӣ, 56 нафар (9 нафар зан) таҳсилоти олии ғайриомўзгорӣ, 43 нафар (13 нафар зан) таҳсилоти олии нопурра, 85 нафар (48 нафар зан) таҳсилоти миёнаи омӯзгорӣ, 68 нафар (48 нафар зан) таҳсилоти миёнаи махсус ва 9 нафар (6 нафар зан) таҳсилоти миёнаи умумӣ  доранд.

Дар шаш моҳи соли 2021 панҷ шӯрои методӣ  панҷ шўрои шуъбаи маориф ва шаш ҷаласаи назди мудир гузаронида шудааст, ки дар онҳо масъалаҳои гуногуни соҳа мавриди баррасӣ қарор дода  шудаанд.

Озмун ва олимпиадаҳои фаннӣ нисбат ба солҳои гузашта дар сатҳи ба талаботи Низомнома мувофиқ гузаронида шуданд.

Дар соли ҷорӣ ба омӯзгорон ва маъмурияти муассисаҳои таълимии ноҳия аз тарафи кабинети методии шуъбаи маориф 5 семинари дастурдиҳӣ гузаронида шуда, ба омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ  11 маротиба ёрии методӣ расонида шуд.

   Дар 28 муассисаи таълимӣ кабинетҳои фаннии забони русӣ ва англисӣ, математика, забону адабиёти  тоҷик, физика, химия, техналогияи информатсионӣ ташкил карда шудааст. Гарчанде пояи моддӣ - техникиашон ба таври ҳозиразамон набошад ҳам ба қадри ҳол бо таҷҳизотҳои зарурӣ, маводҳои таълимӣ, ороиши дохилӣ таъмин карда шудаанд. Дар доираи маблағҳои буҷетӣ харидорӣ намудани маводҳои лабараторӣ ва адабиётҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст.Дар таърихи 16 июни соли 2021 баъди санҷиши комиссияи таъсисдодаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 нафар довталабон(11 нафар писар ва 11 нафар духтар) тибқи квотаи Президентӣ  ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дохил гардиданд.

   Дар асоси нақшаи такмил ва  таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ дар давоми соли 2018-2021 дар назди 11 муассисаи таълимӣ кабинетҳои фаннӣ ташкил ва таҷҳизонида шуданд. Дар давраи солҳои 2018- 2021 бо маблағи умуми 164 ҳазору 100 сомонӣ кабинетҳои фаннї ташкил карда шудаанд. Дар назди шуъбаи маориф маркази таҳсилоти иловагӣ бо панҷ намуди маҳфил, маркази технологияи информатсионӣ ва маркази рушди  истеъдодҳо  фаъолият  намуда  истодаанд.

    Ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия ва тасдик карда, айни ҳол дар назди 18 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия маркази инкишофи кӯдакон ташкил гардидааст, ки ба онҳо зиёда аз 380 нафар кӯдакон ҷалб карда шуданд. Шароити кӯдакистони маркази ноҳия ва маркази ҷамоати деҳоти Сангвор ва Чилдара низ  хуб ба роҳ монда шуда, бо фарогирии 125 нафар кӯдакон фаъолият намуда истодаанд. Тарбиятгирандагон бо тамоми шароитҳои зарурӣ, аз ҷумла асбобҳои хониш, бозичаҳо ва се вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд. Дар муассисаҳои томактабӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва нигоҳ доштани фосилаи байниҳамдигарӣ  машғулиятҳо ба роҳ монда мешавад.

  Тандурустӣ

      Соҳаи тандурустӣ яке аз бахшҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамчун самти асосӣ ва афзалиятнок барои беҳбудии саломатии аҳолӣ нигаронида  шудааст.Ба аҳолии ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 2 беморхонаи  минтақавӣ, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 4 маркази саломатии деҳот, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази эмтаъминкунӣ, ҳуҷраи мубориза бар зидди бемориҳои сил, ҳуҷраи ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳуҷраи солимии репродуктивӣ ва танзими оила ва ҳуҷраи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона хизмати  тиббӣ расонида  истодааст.

    Қабули беморон дар шаш моҳи соли 2021 616 нафарро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 420 нафар кам мебошад. Иҷроиши кат дар давраи ҳисоботӣ 4467 кат/рӯз буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 2867 кат/рӯз кам мебошад. Таваллуд дар давраи ҳисоботӣ 237 нафарро ташкил намуда, аз ин шумора 230 нафарашон зинда таваллуд ва 7 нафар мурда таваллуд   мебошад.

   Барои пешгирии бемории вируси норасогии масунияти одам  ва бемориҳои гепатити Б ва C аз тарафи маркази санитарии ноҳия дар  ҷамоатҳои деҳот корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, то имрӯз 8 нафар бемории (внмо) муайян гардидааст. Бемориҳои зикргардида боиси нигаронӣ буда, аҳолии ноҳияро водор месозад, ки ташхиси саривақтӣ гузаронида аз саломатии худ бохабар гарданд. Аз рӯзҳои  нахустини сар задании пандемияи ҷаҳонии коронавирус  кормандони соҳаи тандурустии ноҳия корҳои омодагиву пешгириро дар ноҳия барои муолиҷаи беморон ва ҳифзи солимии аҳолӣ амалӣ карда истодаад. Аз ҷумла, дар кӯтоҳтарин фурсат тайёр намудани шуъбаҳои муваққатӣ барои қабули беморон аз зумраи чунин тадбирҳо мебошад. Дар ҳудуди ноҳия барои беморони гумонбар ба COVID-19, ҳамаи шароитҳо омода мебошанд. Дар шаш моҳи соли 2021 ягон ҳолати бемори гумонбар ба COVID-19, бақайд  гирифта  нашудааст. Дар беморхонаи маркази бо дастгирии шарикони рушд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  шуъбаи бемориҳои сироятӣ сохта ба истифода дода шуд.   

    Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ

    Кормандони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, корро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ»  ба роҳ монда, дар шаш моҳи соли 2021 барои беҳтар шудани ҳолати санитарӣ – гигиении иншоотҳо ва пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷумла пандемияи ҷаҳонии коронавирус COVID-19,  як катор корҳоро анҷом доданд.

Дар шаш моҳи соли 2021 84 санҷишҳои ҳолати санитарӣ-гигиении ошхонаву фурӯшгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо ва муассисаҳои соҳаи маориф гузаронида шуда, 15 ҷарима ба маблағи 2040 сомонӣ баста шудааст.

Дар шаш моҳи соли 2021 барои риоя накардани қоидахои санитарӣ–гигиенӣ ва иҷро нагардидани тавсияҳо ба 4 нафар кормандони мағозаву ошхонаҳо, муассисахои тандурустӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба маблағи 660  сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст.

Дар шаш моҳи соли 2021 24 хулосаи санитарӣ-эпидемиологӣ мутобиқат оид ба сохтмонҳои ҷамъиятӣ ва 14 хулосаҳои мутобиқати қитъаҳои заминҳо барои сохтмонҳои хонаҳои истиқоматӣ дода шудааст. Дар ин давра 224 нафар аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, ба кор рухсат дода шудаанд.

Дар семоҳаи якуми соли 2021 шумораи зерини бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта шудаанд.

  • Бемориҳои шадиди руда (ОКЗ)-683 нафар;
  • Зуком ва бемориҳои шадиди роҳи нафас- 2560 нафар;
  • Гепатити А- 1 нафар;
  • Сил- 3 нафар
  • Осеббинии одамон аз ҳайвонотҳо (саггазида) –13 нафар;
  • Буғумдард (брутселёз)- 11 нафар
  • Хоришак – 12 нафар.

   Дар маҷмӯъ шумораи беморони сироятӣ 3258  нафарро ташкил медиҳанд. Аз тарафи ташхисгоҳи маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар нимсолаи соли 2021 65 ташхисҳои вараҷа, 74 ташхисҳои буғумдард ва 224 ташхисҳои профилактикии аз муоинаи тиббӣ гузаштагон гузаронида шудааст.

Омиле, ки ба пайдошавии касалиҳои сироятӣ оварда мерасонад ин истеъмоли маводҳои хӯрокворие, ки муҳлати истифодабариашон гузаштаст  ва истифодаи  нодурусти гигенаи шахсӣ ба ҳисоб меравад.

   Масъулини соҳаи мазкурро зарур аст, ки назоратро дар самти санитарию эпидемиологӣ дуруст ба роҳ монда, барои кам кардани шумораи беморони сироятӣ чораҳои судманд андешанд. Инчунин назоратро дар ошхонаҳо ва хизматрасониҳои маишӣ мунтазам ба роҳ монда, барои нест кардани маводҳои хўроквории муҳлати истифодабарияшон гузашта дар мағозаҳои тиҷоратӣ санҷишҳои ногаҳонӣ гузаронанд.

        Занон             

   Бахши кор бо занон ва оила  дар шаш моҳи соли 2021 баҳри татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барномаи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон барои солҳои 2011-2021” корҳои назаррасро амалӣ намуд. Баҳри иҷрои бандҳои барномаи мазкур дар ҷамоатҳои деҳот оид ба фаъолгардонии нақши зан дар ҷомеа, ҷалби духтарон ба таҳсилоти миёна ва касбӣ, муносибатҳои хонаводагӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва маърифати гигиении занони деҳот суҳбату вохӯриҳо  баргузор намуда, мутобиқи нақшаи корӣ дар байни занону духтарон суҳбату вохӯриҳо ва семинар-машваратҳо доир ба масъалаҳои худдорӣ намудан аз парастиши анъанаҳои бегона, хурофотпарастӣ, пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо хос набуда гузаронида шудааст. Аз тарафи бахши кор бо занон ва оила  ҷиҳати пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавирус «COVID-19» дар ҳудуди ноҳия дар соли 2020 ва шаш моҳи соли 2021 корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона ба роҳ монда шудааст. Барои ба таълим фаро гирифтани духтарони баъди хатми синфи нуҳ дар хона буда, бахши кор бо занон ва оила дар якҷоягї бо шуъбаи маориф, духтаронро ба таҳсил ва курсҳои кўтоҳмуддат ҷалб намуданд. Соли 2021 аз тарафи бахши кор бо занон ва оила, ҷамоатҳои деҳот дар ноҳия даври ноҳиявии фестивали ҷумҳуриявии  “Чакомаи гесӯ” ва  озмуни “Кадбонуи беҳтарин” дар ду давр доир карда шуда, дар даври ҷумҳуриявӣ 10 апрел соли  2021 дар шаҳри Душанбе сазовори ҷои сеюм гардиданд. Инчунин дар фестивали ҷумҳуриявӣ “Сад ранги чакан ”низ сазоворӣ ҷои ифтихорӣ гардиданд.

   Дар ноҳия шумораи умумии занон  11 ҳазору 880 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла занони қобили меҳнат 5910 нафар, занони роҳбарикунанда 28 нафар, дар соҳаи маориф 193 нафар, соҳаи тандурустӣ 141 нафар, ҳифзи ҳуқуқ 3 нафар, соҳаи фарҳанг 22 нафар, роҳбарони ҳоҷагиҳои деҳқонӣ 29 нафар, занҳои соҳибкор 87 нафар  фаъолият  менамоянд.

   Бо мақсади ба амалҳои номатлуб даст назадани занону духтарон, баланд бардоштани сатҳи тарбия дар муҳити хонавода, мактаб ва ҷомеа, ҷалби духтарон ба муассисаҳо ва курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунаромӯзӣ ва баробарии гендерӣ, оиди терроризму экстремизм, оиди пешгирии зуроварӣ дар оила, масъулияти  падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд, оиди хурофотпарастӣ дар байни занону чавонон  зиёда 20 суҳбату вохӯриҳои инфиродиву дастаҷамъона гузаронида шуданд. Бахши кор бо занон ва оила оид ба “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023” нақша-чорабинӣ таҳия намуда, аз рӯи он ҳамарӯза кору фаъолияти худро пеш мебарад.

       Ҷавонон ва варзиш

       Шумораи умумии ҷавонон дар ноҳия 8102 нафар буда, аз ин шумора 4322 нафар писарон ва 3780 нафарашон духтарон мебошанд. Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаш моҳи соли соли 2021 28 чорабиниҳои иттилоотӣ–маърифатӣ баргузор намуд. Аз ҷумла дар самти пешгирӣ воридшавӣ ва паҳншавии бемории сирояти коронавирус «COVID-19» корҳои таблиғотиро бештар намуданд. Дар ин давра бо тарҳрезии нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия бо фаъолон, ҷавонон ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ, варзишгарон 11 адад вохӯриҳо баргузор намуд, ки дар он 423 нафар иштирок намуданд.

         Бахшида дар Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳои варзишии давидан ба масофаи 3 км ва гуштини миллӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот баргузор  намуд.

         Дар ноҳия 1 муассисаи давлатии мактаби варзишӣ бо теъдоди 20 гурӯҳ аз рӯи 5 намуди варзиш тамрин менамоянд.  Дар муассисаи мазкур 11 нафар мураббӣ, 8 нафар бо таҳсилоти олӣ ва 3 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус ба варзишгарон таълим медиҳанд. Дар шаш моҳи соли 2021 аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва муассисаи давлатии мактаби варзишӣ 10 мусобиқаҳои варзишӣ аз он ҷумла: 7-мусобиқаи варзишӣ-солимгардонӣ ва 3 мусобиқаи варзишии касбӣ дар сатҳи маҳал баргузор карда шуданд. Дар мусобиқаҳои мазкур беш аз 750 нафар иштирок намуданд, ки аз ин шумора 122 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд.

         Алоқа ва коммуникатсия

    Қитъаи техникии филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи  “Тоҷиктелеком”-и ноҳия шумораи умумии муштариёнашро ба 216 адад расонид, ки аз ин миқдор 150 нуқта ба ташкилоту муассисаҳо ва 66 нуқта ба аҳолӣ рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 14 адад кам мебошад. Муассисаи мазкур дар шаш моҳи соли 2021 ба 38 муштарӣ хизматҳои иловагӣ расонида, 165 метр хатҳои алоқа ва 5 симчубҳоро таъмир намуда, муштариёни шабакаи интернетиро ба 22 нафар расонидааст.Даромади умумии муассиса дар давраи ҳисоботӣ ба 21 ҳазору 65 сомонӣ баробар гардид, ки аз ин 18 ҳазору 515 сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳо ва 2 њазору 550 сомонӣ ба аҳолӣ рост меояд. Аз ҳисоби напардохтани хизматрасони алоқа қарзидории ташкилоту муассисаҳо ба 19 ҳазору 30 сомонӣ  баробар  гардидааст. Фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон 80 фоиз, «Сафина» 42 фоиз, «Баҳористон» 32 фоиз, «Ҷаҳоннамо» 40 фоиз ва радиои ҷумҳуриявии Fm1 58 фоизро ташкил медиҳад. Айни замон 5 фиристандаи мавҷҳои радиоӣ ва 37 фиристандаи гуногун иқтидори мавҷҳои телевизионӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

          Бахши сабти асноди ҳолати  шаҳрвандӣ

      Бахши сабти асноди ҳолати  шаҳрвандӣ дар шаш моҳи соли 2021 ба шаҳрвандон шаҳодатномаҳои гуногун, аз ҷумла сабти таваллуди кӯдакон 224 адад,  ивази ному насаб 21 адад, шаҳодатномаи ақди никоҳ  69 адад, шаҳодатномаи муқаррар намудани падарӣ 18 адад, шаҳодатномаи  бекор кардани акди никоҳ 6 адад, ки ба ҳамин давраи соли 2020, 2 адад кам мебошад,  шаҳодатномаи вафот 25 адад  дода шуда,  дар маҷмӯъ ба 518 нафар хизмат расонидааст. Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаш моҳи соли 2021 10 мактубро ба қайд гирифта, 180 мактуб ба мақомотҳои дахлдор равон намудааст.  Дар давраи ҳисоботи бахши мазкур  ба Вазорати адлия 3 ҳазору 504 сомонӣ  ва ба буҷаи маҳаллӣ  9 ҳазору 480 сомонӣ  ворид намудааст. Дар ноҳия дар натиҷаи саривақти гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ никоҳи хешутаборӣ ба қайд гирифта  нашудааст.

          Бахши  хадамоти  муҳоҷират

   Тибки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.11.2020, №648 “Дар бораи нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2023” барои кӯчонидани 8 оила муҳоҷири экологӣ ба минтақаҳои бехавф дар соли 2021 мувофиқи қарори раиси ноҳия  аз 23 декабри 2020, №400  таҳия ва  тасдиқ карда шудааст. 

     Доир ба қонуни Федератсияи Россия “Дар бораи муҳоҷирони хориҷӣ” дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо 254 нафар шаҳрвандон суҳбату вохӯриҳо гузаронида, 54 варақаю буклетҳо тақсимот карда шудааст.

    Дар ноҳия тибќи маълумоти оморӣ муҳоҷирони бурунмарзӣ 1119 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 42 нафарашон занон мебошанд. Ба бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Сангвор дар шаш моҳи соли 2021 145 нафар шаҳрвандон, барои санҷиши манъшавӣ (департатсия) ва дигар масъалаҳо муроҷиат намудаанд. Дар ноҳия 11нафар шаҳрвандон ба қайд гирифта шудаанд, ки  вурудшавиашон ба Федератсияи Россия манъ гардидааст.

            Шуғли   аҳолӣ

    Бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” фаъолияти худро  ба роҳ мондааст.

   Шуғли асосии аҳолии ноҳия кишоварзӣ буда, мардум ба соҳаҳои чорводорӣ, занбӯри асалпарварӣ ва картошкапарварӣ рағбати зиёд доранд. Захираҳои меҳнатии аҳолӣ ба 11 ҳазору 245 нафар расида, аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол 5893 нафар мебошанд. Аз аҳолии кобили меҳнат 4856 нафар расман дар иқтисодиёт машғул мебошанд.

           Ба  бахши Агентӣ  дар шаш моҳи соли 2021, 594 нафар шаҳрвандони бекор муроҷиат намуданд, аз ҷумлаи умумии муроҷиаткунандагон 317 нафарашон занон мебошанд. Аз ин шумора 513 нафар ҳамчун корҷуй расман ба қайд гирифта шудааст, ки 253 нафарашон занон мебошанд.

Дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия айни замон 24 ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод ба қайд гирифта шудааст, ки музди миёнаи моҳонашон ба 856 сомонӣ баробар мебошад.

Бо маќсади ба низом даровардани фаъолияти шаҳрвандони бешуғл ва ҷалб намудани онҳо ба корҳои инфиродӣ дар шаш моҳи соли 2021 аз ҷониби бахши Агентӣ ба 34 нафар қарзи бефоиз ба маблағи 123 ҳазор 500 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои бозгаштшуда барои фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун кумаки молиявӣ дода шудааст, 5600 сомонӣ маблағҳои муҳлатгузашта дар ин самт вуҷуд дошта, дар  муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020  2 нафар зиёд аст. Инчунин  ба 36 нафар кумакпулӣ барои давраи бекорӣ ба маблағи 16 ҳазор 200 сомонӣ таъин карда шудааст. Аз шумораи таъсини кумакпулигирандагон 1 нафарашон занон буда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020  1 нафар зиёд аст.

Бахши Агентӣ дар нимсолаи аввали соли 2021 тибқи нақша 2  маротиба ярмаркаи ҷойҳои корӣ холӣ ва вазифаҳои озодро ташкил ва баргузор намуд, ки 13 ташкилоту муассиса ва корхонаҳо иштирок карданд. Шумораи корҷӯяндагон 116 нафарро ташкил медод. Дар ярмаркаи мазкур ба 12 нафар бекорон барои ҷои кор роҳхат дода шуд, ки 8 нафарашон ба кор таъмин гаштанд.

    Дар соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо  Маркази  таълимии калонсолон дар ноҳия 132 нафар шаҳрвандони бешуғл ба курсҳои кўтоҳмуддати занбўрпарварӣ, дўзанда, коркарди чуб, кафшергари барқӣ ва омӯзиши забони русӣ ҷалб гардидаанд. Ғайр аз ин дар  филиали Маркази  таълимии калонсолон аз рӯи самти валидатсия (шаҳодатномакунии малакаҳои касбии шаҳрвандон) 26 нафар ба касбҳои гуногун соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Синфхонаҳои Маркази  таълимии калонсолон бо 10 адад мошинаи дӯзандагӣ, 5 адад компютери фардӣ ва 11 адад ноутбут, 2 адад дастгоҳи адрасбофӣ, 4 адад дастгоҳи қолинбофӣ ва асбобҳои аёнӣ барои мукаммал гузаштани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

           Бахши дин

   Бахш дин, танзими анъана ва ҷашну маросим баҳри дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Дар ноҳия як мудири бахш, як мутахассиси пешбар ва панҷ сармутахассис дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия фаъолият менамоянд. Теъдоди муроҷиати шаҳрвандон дар семоҳаи якуми соли 2021  ба 26 адад баробар аст. Дар ноҳия 6 комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва дар ташкилоту муассисаҳое, ки шумораи коргаронашон аз 30 нафар зиёд мебошанд 14 комиссияҳои ҷамъиятӣ ташкил карда шудааст, ки мувофиқи Низомнома  амал  мекунанд.

   Зери назорати комиссияи доимии  танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаш моҳи соли 2021 дар ҳудуди ноҳия 75 тӯйи домодию арӯсӣ гузаронида шудааст. Инчунин 14 чорабинӣ марбут ба чилу сол бе додани таъом тариқи дуою фотеҳа доир гардидааст. Ҳама ҷашну маросимҳое, ки дар ноҳия гузаронида шудаанд, дар асоси талаботи қонун доир гардида, як қонуншиканӣ ба ќайд гирифта шудааст. Дар ҳама ҷашну маъракаҳои болозикр бо назардошти дигар хароҷотҳо 280 ҳазору 700  сомонӣ сарф гардидааст. Аз тарафи бахши маскур озмуни “Дастархонороӣ” дар маркази ноҳия баргузор гардида як нафар намояндаи ноҳия дар даври минтақавӣ сазовори ҷои якум ва дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои дуюм гардид. Аз тарафи иттиҳодияҳои динии ноҳия ба оилаҳои ниёзманд, ятимон, маъюбон, мактаб интернати ҷумҳуриявӣ ва қисми низомии дар ҳудуди ноҳия буда ба маблағи 119 ҳазор 554 сомонӣ кумакҳои пулию маводҳои ғизоӣ расонидаанд. Инчунин аз тарафи иттиҳодияҳои динии ноҳия ба 330 адад рӯзномаву маҷалаҳо ба маблағи 55 ҳазору 732 сомонӣ обуна гардидаанд.

 Ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ

    Дар шуъбаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи  ноҳия 1535 нафар нафақахӯр аз ҷумла 1094 нафар нафқагирони пиронсолӣ, 303 нафар аз рӯи маъюбӣ ва 138 нафар  нафақагирони бесаробонмонда ба қайд гирифта шудааст. Маблағи умумии нафақа бошад, дар як моҳ 530 ҳазору 180 сомонӣ 50 дирам мебошад. Ҳаҷми миёнаи нафақаи моҳона 345  сомонию 39 дирамро  ташкил медиҳад. Ба ҳолати 1июли соли 2021 нақшаи андози иҷтимоии -25%,  496 ҳазору 188 сомонӣ буда, иҷроиш 653 ҳазору110 сомонӣ баробар ба 131,6% ва нақшаи андози иҷтимоии -1%, 19 ҳазору 848 сомонӣ, иҷроиш 24 ҳазору 761 сомонӣ баробар ба 124,7% иҷро гардидаанд.

   Бо мақсади шаффофтар гардонидани фаъолият ба ҷараёни пардохти нафақа шуъбаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ  дар ҳамкорӣ бо филиали №21-и “Амонатбонк” пардохти нафақа тавассути кортҳои пластикӣ ба роҳ  монда шудааст.

  Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  14 май соли 2020, №271 “Дар бораи ҷорӣ намудани  механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иљтимої дар Љумњурии Тољикистон” ба бахши ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ  аз тарафи  ҷамоатҳои деҳот 303 парванда пешниҳод гардида, дар махзани ягонаи маъумот ворид карда шуданд. Аз ин шумора 68 парванда рад шуда, 235 парванда ҳамчун оилаи камбизоат эътироф шуда.

   Ба суратҳисоби гирандагони кумаки унвонии иҷтимоӣ ба ҳолати моҳи  июни соли 2021 123 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст, 117 ҳазору 240 сомонӣ пардохт шуда, бақия 5 ҳазору 760 сомониро ташкил медиҳад. Ба 18 нафар оилаҳои камбизоате, ки дар ҳайати оилаашон кўдакони то синни се сола доранд ба маблағи 9 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаина расонида шуд. Дар арафаи рӯзи Артиши миллӣ ба 7 оилаи фавтидагони сохти конститутсионӣ, дар ҷашни “Рӯзи модар” ба 24 нафар занҳои собиқадор ва дар ҷашни Наврӯз ба 13 оилаҳои ниёзманд аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маводҳои ғизоӣ аз қабили орду равған кумак расонида шуд. Тибқи қарори раиси ноҳия аз 14 июни соли 2021,№186  ба  18 нафар шахсони камбизоат, ниёзманд ва маъюбон ба маблағи 13 ҳазору 872 сомони кумак расонида шудааст.Ғайр аз ин ба 8 нафар маъюбон аробачаҳои маъюбӣ, як ҷуфт асобағал, 30 адад асо, 8 нафар роҳхат ба осоишгоҳҳо  дода шудааст.

Бо мақсади дастгирии зарардидагони офатҳои табиии шаҳри Кўлоб зиёда аз 70 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 16 ҳазор сомонӣ ва Ворухи ноҳияи Исфара беш аз 26 ҳазор сомонӣ ташкилоту муассисаҳои ноҳия кумак расониданд.   

Мактаб-интернат

     Дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия айни ҳол 111 нафар хонанда, аз ҷумла 33 нафар духтарон аз синфи 1 то 11 ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

   Барои пешбурди таълиму тарбия 24 нафар омӯзгор ва 8 нафар мураббӣ машғуланд. Тарбиятгирандагон мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида се маротиба бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Хонандагони  мактаб-интернати ҷумњуриявии кӯдакони ятими ноҳия дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ иштироки фаъолона доранд. Дар шаш моҳи соли 2021 ба мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони  ятими ноҳия ба маблағи 76 ҳазору 418 сомонӣ кумакҳои хайриявӣ аз тарафи шахсони саховатпеша ва вазорату идораҳои дахлдор  расонида шудааст. Дар назди мактаб –интернати мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сарпарастон ва шахсони саховатпеша майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода мешавад. Аз ҷумла дар арафаи идҳо аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хӯроки идона ва сару либос кумак расонида шудааст. Хонандагони ин муассисаи таълимӣ дар озмуну олимпиадаҳо ва чорабиниҳои  ноҳиявӣ  иштироки  фаъолона  доранд.

       Фарҳанг

       Саҳми  кормандони бахши фарҳанги ноҳия дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар робита бо ҷашнҳои муҳими милливу таърихӣ хеле  назаррас мебошад. Ғайр аз ин бахши фарҳанги ноҳия дар ҳама ҷашнҳо дар қисми низомии 02011В Вазорати мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сангвор барномаҳои фарҳангӣ нишон медиҳад. Дар таҷлили ҷашнҳои “Соли нав, Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои муссалаҳ, Рӯзи Модар, иди байналмилалии Наврӯз” ҷашни Ваҳдати миллӣ ва дигар чорабиниҳои ноҳиявӣ ҳунармандони бахши фарҳанг ва ҳунармандон  аз шаҳри Душанбе даъват гардида чорабинии фарҳангӣ шаҳомати хоса гирифт. Дар бахши фарҳанги ноҳия 16 муассисаи фарҳангӣ, 7 китобхона, 1 театри халқӣ, 2 клуби деҳот, 2 хонаи фарҳангӣ, боғи фарҳангӣ, майдони Парчами миллӣ, меҳмонхона ва кохи фарҳанг фаъолият намуда, 51 нафар мутахассисон кор ва фаъолият менамоянд. Дар 7 китобхонаҳои бахши фарҳанг ноҳия 21ҳазору 518 нусха китобҳои гуногун буда, 20 ҳазору 591 нусхаи он бо забони тоҷикӣ ва 927 нусхаи он бо забони русӣ мебошанд. Шумораи хонандагон ба 1130 нафар расидааст ва фонди гардиши китобҳои китобхона бошад  ба 2260  адад  баробар аст. Ғайр аз ин бахши фарҳанги ноҳия ба маҷала, рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, соҳавию ноҳиявӣ барои соли 2021 ба маблағи 12 ҳазору 84 сомонӣ обуна гардидааст. Бинои кохи фарҳанг аз нав таъмир гардида барои баргузории чорабиниҳо омода мебошад.

     Литсейи  касбӣ-техникӣ

     Дар литсейи касбӣ-техникӣ теъдоди касбомӯзон 149 нафар буда, аз ҷумла 83 нафарашон духтарон мебошанд.  Дар  соли  таҳсили  2020 - 2021 99 нафар касбомӯзон аз рӯи ихтисоси касбҳои гуногун: тракторчӣ-мошинисти истеҳсоли соҳаи кишоварзӣ, ҳисобчӣ бо донистани компютер ва дӯзандагӣ таҳсил намуданд. Аз теъдоди умумии касбомўзон 20 нафари онҳо, ки ба хобгоҳ эҳтиёҷ доштанд, бо ҷойи хоб ва хўроки  гарм таъмин  карда  шудаанд.  Дар литсейи мазкур дар баробари пешравиҳо камбудиҳо низ дида мешаванд, ки баҳри пешбурди таълиму тарбия садди роҳ мешаванд. Аз ҷумла набудани устохонаҳои таълимию лабораторӣ, нарасидани воситаҳои техникии компютерӣ, нарасидани китобҳои дарсӣ, бадеӣ ва кадрҳои ихтисоснок.       

    Мавҷи Хингоб

   Муассисаи давлатии ноҳиявии моҳномаи "Мавҷи Хингоб" дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру фармонҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор кору фаъолияташро ба роҳ монда, бо хидматҳои иттилоотию фарҳангӣ  ба мардуми ноҳия навидҳои рӯзмараро пайваста мерасонад. Аз ҷумла ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иктисодию фарҳангии ноҳияро инъикос намуда, баҳри беҳбудию пешрафти ноҳия масъалаҳои муҳимро матраҳ месозад. Дар дар шаш моҳи соли 2021 моҳнома бо миқдори 540 нусха (дар як моҳ) аз чоп баромада ҳар моҳ ба ташкилоту муассисаҳо ва шахсони инфиродӣ тақсим мегардад.        

        Почта

       Маркази алоқаи почтаи ноҳияи Сангвор воҳиди таркибии Корхонаи воҳиди давлатии “Почтаи тоҷик” зерсохтори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2011, №252 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор таъсис дода шуда, дорои ҳуқуқи фаъолияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ  мебошад.

Дар шаш моҳи соли 2021 маркази алоқаи почта 617 мактуб аз корхонаву муассисаҳо ва аҳоли қабул намуда  ба шаҳри Душанбе  ирсол намуда аз Вазорату корхонаҳо ва ноҳияҳо 544  мактуб қабул намуддаст.

    Нақшаи обуна ба рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ барои соли 2021  то якуми декабри соли 2020 пурра иҷро гардид.

Оташнишонӣ

   Қисми мустақили №59 ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии  оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳия дар шаш моҳи аввали соли 2021 санҷиши ҳолатҳои бехатарии зидди сӯхторро дар ташкилоту муассисаҳо ва ҷойҳои ҷамъшавии одамон гузаронида, бо кормандон ва аҳолӣ оид ба пешгирии сӯхтор ва риоя намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор суҳбатҳо гузаронидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи корхонаи мазкур ягон ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта нашудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020  1 ҳодисаи сӯхтор кам мебошад.

Аз тарафи кормандони соҳа нисбати вайронкунандагони қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар шаш моҳи аввали соли 2021  49 протоколи маъмурӣ тартиб дода, 3 ҳазору 180 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта миқдори протоколҳо 6 адад  зиёд мебошад.

Ҳолатҳои фавқулодда ва мудофияи гражданӣ

   Дар минтақаҳои осебпазири ҷамоатҳои деҳоти Тавтлдара, Чилдара, Вахиё, Сангвор ва Ваҳдат бо ҷалби сокинон, фаъолон соҳибкорон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза ва барқарсозии селроҳаҳо амалӣ карда шуда, дар деҳотҳои мазкур кор дар ин самт идома дорад. Инчунин вазъи селроҳаҳои асосии минтақаҳои хавфноки аҳолинишин мавриди омӯзиш қарор доранд.

   Дар шаш моҳи соли 2021 31 ҳодисаи офати табиӣ аз қабили фаромадани тарма, вазидани шамоли сахт, заминларза ва сангфароӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар ин њодисањо 2 нафар талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст.

   Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №506 “Дар бораи нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020”кӯчонидани 8 оилаи муҳоҷирони экологӣ дар соли 2021 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор мувофиқа карда шуда ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо маблағҳои қарзи митиёзнок таъмин намудани шаҳрвандони минтақаҳои осебрасида ҳуҷатҳои зарури пешниҳод гардид.

 Даъвати баҳории шаҳрвандон

         Даъвати  баҳории  шаҳрвандон  ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ноҳия дар рӯзи аввали даъват яъне 1 апрели соли 2021 сад дар сад ва бенуқсон иҷро гардид.  Дар ин маъракаи муҳими сиёси кормандони ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо саҳми назаррас доштанд. 

Мақомоти худидоракунии деҳот

   Мақомоти худидоракунии деҳоти ноҳия (Тавилдара, Чилдара, Вахиё, Сангвор ва Ваҳдат) дар давраи ҳисоботӣ 111 қарори раисони деҳотро ба тасвиб расонида, 104 адад муроҷиати шаҳрвандонро баррасӣ намуда, ариза ва талаботу дархости онҳоро қонеъ гардониданд. Дар ин давра ба дастгоҳи ҷамоатҳои деҳот 98 аснод ворид ва 291 аснод содир гардидааст, ки онҳо сари вақт баррасӣ шуданд ва дар ин бора ба мақомоти дахлдор пешниҳодҳои зарурӣ манзур гардиданд.

Ҳолати супоридани андоз аз ҳисоби замин ва амвол дар ҷамоатҳои деҳот чунин мебошад.

Р/Т

Номгуи ҷамоатҳо

Нақша

Иҷро

Иҷро%         

1

Тавилдара

29930

26662

89 %

2

Чилдара

31588

31414

99%

3

Вахиё

21252

21750

102 %

4

Сангвор

31016

31016

100%

5

Ваҳдат

16044

       18451

115%

6

Ҳамагӣ

129 830

129 293

99,5%

Дастгоҳи раиси ноҳия

   Дар шаш моҳи соли 2021 дастгоҳи раиси ноҳия бо мақсади мавриди амал қарор додани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, амру фармон, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра чорабиниҳоро ба сомон расонидаанд.

  То имрӯз ба дастгоҳи раиси ноҳия 431 адад аснод аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо ва 368 адад ариза аз ҷониби шаҳрвандон ворид гардида, дар муҳлатҳои муқарраргардида мавриди баррасӣ карор дода шудаанд.

Муроҷиатҳо тибқи қонунгузорӣ ҳаллу фасл гардида, талаботи шаҳрвандон ба қадри имкон қонеъ гардонида шудаанд. Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ  457 адад мактубҳо ирсол гардиданд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои чоршанбе ва шанбе то имрӯз беш аз 151 нафар шаҳрвандон тариқи шифоҳӣ оид ба ҳалли мушкилоти рӯзгору маишати хеш муроҷиат намуданд, ки иҷрои онҳо зери назорати қатъии роҳбарияти ноҳия карор доранд. Дар шашмоҳаи сипаригашта қарорҳои раиси ноҳия 209 адад ва амрҳо 87 ададро ташкил медиҳанд.

 Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем онро сидқан дўст дорем ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ки камбудию норасоиҳоро сари вақт бартараф намуда, ба пешравиҳои назаррас ноил гардем.