Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» ироа гардидаанд, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, вакилон, фаъолон ва аҳолии ноҳия мавриди татбиқ қарор додаанд. Бо мақсади татбиқи паём Нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия гашта, он бо қарори раиси ноҳия аз 19 феврали соли 2021, №57 тасдиқ шудааст. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкулоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати татбиқи бандҳои нақшаи чорабиниҳои паём тадбирҳои мушаххас анҷом дода шуда истодаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришњои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон ва вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин таъмиру тармими роҳҳо, пулҳо, иншоотҳо, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва иҷрои ҳамаҷонибаи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия роҳандозӣ гардидааст. Дар ноҳия ҷашнҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи модар ва Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи зарурӣ таҷлил гардиданд, ки дар арафаи ин ҷашнҳо ба оилаҳои ниёзманд, ятимон, маъюбон, хонандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, ба афсарону аскарони қисми ҳарбии ҳудуди ноҳия оилаҳои шахсони дар барқароркунии сохти конститутсинонӣ ҳалок гардида, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, модарони собиқадор, оилаҳои наваскарони ихтиёрӣ ба маблағи зиёда аз 43000 сомонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон маводҳои ғизоӣ ва кумакҳои молиявӣ расонида шуд. Сатҳи худшиносиву ватандустии ҷавонон дар ноҳия рӯ ба рушд ниҳодааст ва бинобар ин дар як рӯз 1 апрели соли равон иҷрои бо сифат ва пеш аз муњлат наќшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Ќувваҳои мусалаҳ таъмин гардид. Дар ҳафтаи аввали моҳи апрели соли ҷорӣ туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3630 нусхаи китоби қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба ҳар як хонаводаи ноҳия тақдим карда шуд.
Иҷрои андозҳо ва буҷети ноҳия
Қисми даромади буҷети ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021 ба ҷои 1 миллиону 351 ҳазору 293 сомонии дар нақша пешбинишуда 3 миллиону 79 ҳазору 569 сомонӣ иҷро гардидааст, ки он ба 227,9 дарсади нақша баробар мебошад. Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ дар давраи ҳисоботӣ 2 миллиону 657 ҳазору 690 сомониро ташкил намуд, ки иҷрои он ба 4 миллиону 651 ҳазору 887 сомонӣ таъмин гардид, ё ин ки 175 дарсад ва сифатан иҷро шудааст. Маблағҳои ворид кардашуда дар қиёс ба соли 2020 1 миллиону 853 ҳазору 767 сомонӣ зиёд мебошанд. Қисми хароҷоти буҷет дар семоҳаи якуми 2021 ба ҷои 6 миллиону 144 ҳазору 82 сомонии дар нақша пешбинишуда 5 миллиону 266 ҳазору 601 сомонӣ иҷро гардидааст, ки он ба 85,7 дарсади қисми хароҷоти буҷет баробар аст.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Дар семоҳаи якуми 2021 тариқи “Равзанаи ягона” дар ҳудуди ноҳия 118 субъекти соҳибкори инфиродӣ фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020, 43 адад зиёд гардидааст. Аз ҳисоби 32 соҳибкорони инфиродӣ, ки бо шаҳодатнома фаъолият доранд, ба буҷети ноҳия 532 ҳазору 56 сомонӣ ворид гардид, ки 118 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Соҳибкорони инфиродие, ки тариқи патент фаъолият доранд 65 нафар буда, дар ин муддат 24 ҳазору 815 сомонӣ ба буҷет ворид намудаанд. Аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ бошад, соли 2021 8 ҳазору 630 сомонӣ андози даромад аз шахсони воқеӣ, 49 ҳазору 95 сомонӣ андози соддакардашуда ва 21 ҳазору 575 сомонӣ андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба буҷет ворид гардид. Ҷамъ аз ҳама намуди андозҳое, ки аз ҷониби соҳибкорон пардохт гардидаанд, 79 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳанд.
Бонк
Филиали №21 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳия ба 105 корхонаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои бонкӣ хизматрасонӣ мекунад, ки шумораи истифодабарандагони кортҳои пластикӣ ба 4 ҳазору 964 нафар расидааст. Интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар дар семоҳаи якуми соли 2021 тариқи бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Сангвор 409 ҳазору 241 доллари ИМА ё баробар ба 4 миллиону 632 ҳзору 608 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 87 ҳазору 369 доллар зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ба аҳолӣ аз ҳисоби бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” ва фонди қарзии хурди “Ќуллаи Умед” 763 ҳазор сомонӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва сохтмон қарзҳои кўтоҳмуддат дода шудааст, ки он дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 зиёда аз 190,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Бонк Филиали №21 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳия ба 105 корхонаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои бонкӣ хизматрасонӣ мекунад, ки шумораи истифодабарандагони кортҳои пластикӣ ба 4 ҳазору 964 нафар расидааст. Интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар дар семоҳаи якуми соли 2021 тариқи бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Сангвор 409 ҳазору 241 доллари ИМА ё баробар ба 4 миллиону 632 ҳзору 608 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 87 ҳазору 369 доллар зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ба аҳолӣ аз ҳисоби бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” ва фонди қарзии хурди “Ќуллаи Умед” 763 ҳазор сомонӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои кишоварзӣ, соӣибкорӣ ва сохтмон қарзҳои кўтоҳмуддат дода шудааст, ки он дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 зиёда аз 190,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Соҳаи саноат
Дар ҳудуди ноҳияи Сангвор 4 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, 1 корхона ба истеҳсоли сару либоси мактабӣ, 1 корхона ба истеҳсоли хишти сементӣ ва 2 корхона ба истихроҷ ва истеҳсоли канданиҳои зеризаминӣ машғул мебошанд. Дар корхонаҳои саноатии ноҳия 349 нафар корманд фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 133 нафар ба кори мавсимӣ ва 216 нафар ба кори доимӣ машғул буда, музди маоши миёнаи кормандон дар як моҳ ба 2 ҳазор сомонӣ баробар мебошад. Маҷмўи маҳсулоти саноатӣ бошад, дар семоҳаи якуми соли 2021 6 милион 995 ҳарору 300 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2020 18,9 баробар зиёд мебошад. Соҳаи саноат Дар ҳудуди ноҳияи Сангвор 4 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, 1 корхона ба истеҳсоли сару либоси мактабӣ, 1 корхона ба истеҳсоли хишти сементӣ ва 2 корхона ба истихроҷ ва истеҳсоли канданиҳои зеризаминӣ машғул мебошанд. Дар корхонаҳои саноатии ноҳия 349 нафар корманд фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 133 нафар ба кори мавсимӣ ва 216 нафар ба кори доимӣ машғул буда, музди маоши миёнаи кормандон дар як моҳ ба 2 ҳазор сомонӣ баробар мебошад. Маҷмўи маҳсулоти саноатӣ бошад, дар семоҳаи якуми соли 2021 6 милион 995 ҳарору 300 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2020 18,9 баробар зиёд мебошад.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021 ба 26,9 миллион сомонӣ баробар гардид, ки аз ин 6,3 миллион сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 11,5 миллион сомонӣ ба соҳаи савдо, 2,1 миллион сомонӣ ба соҳаи хизматрасонии пулакӣ ва 6,9 миллион сомонӣ ба соҳаи саноат рост омада, ба ҳар сари аҳолии ноҳия 1,1 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст.
Аҳолии ноҳия дар соли 2021 24340 нафарро ташкил медиҳад, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ноҳия ба ҳар сари аҳолӣ:
- дар соҳаи кишоварзӣ 260 сомонӣ;
- соҳаи савдо 473 сомонӣ;
- хизматрасонии пулакӣ 88 сомонӣ рост меояд.
Соҳаи кишоварзӣ
Кишоварзӣ дар ноҳия соҳаи асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд. Кишоварзони ноҳия тирамоҳи соли 2020 барои ҳосили соли 2021 дар майдони 1076 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ гузаронидаанд, ки сад фисади нақшаи кишти тирамоҳиро ташкил медиҳад. Тибқи нақшаи дурнамо соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия бояд дар майдони 1540 га ғалладонагӣ, 890 га картошка, 214 га сабзавот, 4 га полезӣ, 50 га зағир ва 52 га хўроки чорво кишт гузаронида шавад. Ба ҳолати 13 апрели соли ҷорӣ мувофиқи маълумоти фаврии шуъбаи кишоварзии ноҳия кишти ғалладонагиҳо 75%, картошка 8%, сабзавот 14%, заѓир 70% ва хўроки чорво 58 % иҷро гардидаанд. Бояд тазаккур дод, ки шуъбаи кишоварзии ноҳия соли ҷорӣ 3 тонна тухмии хушсифати гандум ва 50 тонна тухмии навъи элитаро ба ноҳия ворид намудааст. Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021 ба 6 миллиону 318 њазору 700 сомонї баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 632 ҳазору 300 сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 261 тонна гӯшт, 562 тонна шир ва 353 ҳазор дона тухм истеҳсол гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан 23 тонна гўшт, 45 тонна шир ва 24 ҳазор дона тухм зиёд мебошад.
Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ
Маркази таъминоти бехатарии озуқавории ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021 баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи байторӣ” як қатор чорабиниҳои зиддиэпизоотикӣ, табобатӣ, нозирӣ ва хизматрасонии байториро гузаронидааст. Дар ҳудуди ноҳия 31 ҳазору 67 сар чорвои калони шохдор, 73 ҳазору 667 сар чорвои хурд, 630 сар асп, 45 ҳазору 140 сар паранда ва 14 ҳазору 446 оилаи занбўри асал парвариш меёбанд. Дар семоҳаи якуми соли 2021 барои вайрон намудани қоидаҳои байторӣ-беҳдоштӣ аз тарафи кормандони маркази таъминоти бехатарии озуқавории ноҳия ба шахсони инфиродӣ 2 адад ҷарима ба маблағи 300 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Кормандони ин соҳа аз ҳисоби хизматрасонии пулакии байторӣ ва карантини растанӣ дар давраи ҳисоботӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ҳазору 100 сомонӣ ворид намуданд. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз тарафи кормандони муассисаи мазкур як қатор чорабиниҳои пешгирии зидди касалиҳои сироятии чорво, аз ҷумла касалии сўхтанӣ: чорвои калони шохдор 748 сар, чорвои хурд 681 сар, вабои сумдард: чорвои калони шохдор 819 сар, чорвои хурд 658 сар ва дигар намуди касалиҳои сироятии чорво 5600 сар эмгузаронӣ карда шудааст. Ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ” 8 нафар соҳибкорони инфиродиро мувофиқи муроҷиаташон аз аттестатсияи байторӣ-санитарии шароити истеҳсолӣ гузаронида, аз ин ҳисоб ба маблағи 1440 сомонӣ ба буҷет ворид намудааст.
Заминсозӣ
Кумитаи идораи замини ноҳия бо мақсади пурраю оқилона ва самаранок истифода бурдани замин, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, дар асоси он фаъолияташро ба роҳ мондааст. Вобаста ба қонунвайронкуниҳои соҳаи замин аз ҷониби прокуротураи ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021 2 пешниҳоди прокуротураи ноҳия ба мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии ноҳия ворид шудааст, ки тибқи ин пешниҳодҳо 1,62 га замини ғайриқонунӣ истифоданамудаи шаҳрвандон ошкор ва ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд. Инчунин дар ин давра тибқи эътирозҳои прокурорӣ 5 адад қарорҳои раиси ноҳия вобаста ба замин ба қонун мутобиқ гардонида шуданд. Дар семоҳаи якуми соли 2021 аз тарафи кумитаи идораи замини ноҳия 12 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, 2160 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар семоҳаи якуми соли 2021, 198 адад парвандаи заминсозӣ барои гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин тайёр намудааст. Корхонаи мазкур 65 адад шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин, 8 шиносномаи техникии ҳавлидорӣ, 4 адад иқтибос ба шаҳрвандон дастрас кардааст.
Ҳифзи муҳити зист
Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021 вохӯрию суҳбатҳо, корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ, олами набототу ҳайвонот ва шикори моҳӣ байни аҳолии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия гузаронидааст. Бо қарори раиси ноҳия аз 9 декабри соли 2019 №376 ”Дар бораи ташкил намудани ситоди ноҳиявӣ оид ба кабудизоркунӣ ва ободонӣ” ҳайати ситод ташкил карда шудааст. Мувофиқи нақша дар ноҳия ҳамагӣ 8 ҳазору 500 бех ниҳол, аз ҷумла 1810 бех ниҳолҳои мевадиҳанда, 5290 бех дарахтони сояафкан ва 1080 бех ниҳолҳо дар канори роҳҳо ва каналу ҷӯйҳо ба нақша гирифта шудааст. Аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 5100 ниҳолҳои мевадиҳандаю дарахтони сояафкан шинониданд, ки он ба 60 дарсади нақша баробар буда, шинонидани ниҳолҳо дар ҳудуди ноҳия идома дорад. Аз ҳисоби пардохт ва маълумотномаҳо дар семоҳаи якуми соли 2021 ба суратҳисоби бахши ҳифзи муҳити зист зиёда аз 8960 сомонӣ ворид шудааст, ин маблағ нисбат ба соли 2020 2000 сомонӣ зиёд мебошад. Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия нисбати вайронкунандагони табиат 10 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз ин ҳисоб ба буҷет 900 сомонӣ ворид намудааст.
Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал
Кормандони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории ҷангал, олами набототу ҳайвонот дар минтақаҳои ҷангалпарварӣ ва роҳҳои автомобилгарди ноҳия нишонаҳои тарғиботӣ гузошта, ба ҳамин мазмун дар байни аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд. Нигоҳубини ҷангал зери назорати доимии ин муассиса қарор дошта, дар маҷмӯъ аз ҷониби кормандони муассисаи мазкур 19 адад санади буриши худсарона ба маблағи 4033 сомонӣ ва 18 адад ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 6750 сомонӣ, ки ҷамъи умумӣ 37 адад санаду протокол ба маблағи 10820 сомониро ташкил медиҳад. Дар муассисаи мазкур 1 хоҷагии ёрирасон амал мекунад, ки дар ихтиёраш 350 сар чорвои майда, 16 сар асп ва 110 оилаи занбўри асал мавҷуд мебошад. Дар муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия 1 ниҳолхона мавҷуд буда, 7 намуди ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкан аз ҷумла: себ, нок, зардолу, олуча, тут ва сафедор парвариш ёфта, 70 дарсади он дар ҳолати сабзиш мебошанд.
Парки миллӣ
Ба филиали Парки миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор ҳамагӣ 306613 га вобаста карда шудааст, ки аз ин 19092 га чарогоҳ, 46 га замини зери об, 7 га замини зери роҳҳо ва 287168 га дигар заминҳо мебошанд. Филиали мазкур дар семоҳаи якуми соли 2021 2 ҳодисаи қонунвайронкунии соҳаро ба қайд гирифта, аз ин ҳисоб 5000 сомонӣ ҷарима руёнидааст. Дар филиали мазкур хоҷагии ёрирасон ташкил карда шудааст, ки дар ихтиёраш 4 аспи саворӣ 18 оилаи занбўри асал дорад.
Суғуртаи давлатӣ
Филиали КВД “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Сангвор дар семоҳаи якуми соли 2021 ба аҳолии ноҳия 102 шартномаҳои суғуртаи ҳатмӣ ва 72 шартномаи ихтиёрӣ ба имзо расонидааст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Муассисаи мазкур дар ин давра тибқи нақша 26 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ намудааст, ки иҷрои нақшаи пешбинишуда бо пуррагӣ иҷро гардидааст. Аз маблағи ҷамъоваришуда 8 ҳазору 800 сомонӣ ба суғуртаи ҳатмӣ ва 17 ҳазору 200 сомонӣ ба суғуртаи ихтиёрӣ рост меояд. Ба суғурташудагони ба ҳаёту саломатиашон осебрасида ва молу амволашон зарардида дар ин давра ба маблағи 1000 сомонӣ ҳамчун товони зарар ҳақгузорӣ карда шудааст.
Хизматрасонии коммуналӣ
Ҳайати кормандони корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия барои ободонии маркази ноҳия, рӯбучин, бо равшанӣ таъмин намудан ва оро додани кӯчаҳо, бо оби тозаи нушокӣ таъмин намудани аҳолӣ ва муассисаҳо, баровардани партовҳо масъул буда, дар ҷашнҳои таҷлилгардида фаъолона ширкат варзиданд. Корхонаи мазкур дар давраи ҳисоботӣ барои дар ҳолати санитарӣ нигоҳ доштани маркази ноҳия ва ороиши кӯчаҳо ба ташкилоту муассисаҳо 327 шартнома ба имзо расонидааст. Дар семоҳаи якуми соли 2021 ба суратҳисоби корхона аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 68 ҳазору 489 сомонӣ ва аз ҳисоби хизматрасониҳои коммуналӣ аз аҳолӣ, 12 ҳазору 635 сомонӣ, ҷамъ 81 ҳазору 124 сомонӣ ворид гардидааст. Барои иҷрои корҳои ободонию созандагӣ ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии маркази ноҳия дар ин муддат корхонаи мазкур 91 ҳазору 981 сомонӣ харҷ кардааст.
Энергетика
Дар ҳудуди ноҳия 1 адад зеристгоҳи барқии 35/10 кВт бо иқтидори 5700 кВт фаъолият мекунад. Дарозии умумии хатҳои интиқоли барқӣ 10 кВт 260 км ва 0,4 кВт 208 км буда, миқдори трансформаторҳо 140 ададро ташкил медиҳанд. Аз тарафи кормандони шабакаи интиқоли барқи ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021 дар 23 зеристгоҳи барқии 10/04 кВт ва 4 адад симчўбҳо корҳои профилактикӣ ва таъмирӣ гузаронида шуда, аз тарафи кормандони ин соҳа дар масофаи 11 км дарахтони зери хатҳои барқро тоза ва 47 адад оикҳо дар хатҳои баландшиддати барқӣ иваз карда шудаанд. Ҷамъ дар корҳои профилактикӣ, ивази симчӯбҳо, ва иваз намудани оиқҳо 7 ҳазору 457 сомонӣ масраф гардидааст. Шуъбаи фурӯши барқи ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021 ба корхонаву муассисаҳо, соҳибкорон ва аҳолӣ 1 миллиону 963 ҳазору 667 киловатт/соат нерӯи барқ фурӯхтааст, ки маблағи умумии ҳисобишуда ба 423 ҳазору 981 сомонӣ баробар мебошад. Маблағи мазкур 186 ҳазору 51 сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳо ва 237 ҳазору 930 сомонӣ ба аҳолӣ рост меояд. Ҷамъоварии пардохти қувваи барқ дар семоҳаи якуми соли 2021 427 ҳазору 461 сомониро ташкил медиҳад, ки он ба 100,8 дарсади наќша баробар мебошад. Талафоти нерўи барқ аз ҳисоби дароз будани хатҳои барқи 10 кв ва корношоям гардидани ноқилҳои барқӣ 17%-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 1% кам гардидааст. Қарздории ташкилоту муассисаҳо дар семоҳаи якуми соли 2021 ба маблаѓи 74 ҳазору 663 сомонӣ аз солҳои пешин боќӣ мондааст.
Роҳсозӣ
Барои ноҳияи Сангвор роҳи мошингард воситаи асосӣ буда, тавассути он робитаи дохилӣ ва берунӣ рушд менамояд. Дар хизматрасонии нақлиётии ноҳия нақши муҳимро роҳи аҳамияти байналмилалидоштаи Нуробод- Сангвор-Дарвоз мебозад, ки талаботро дар кашонидани маҳсулот байни ноҳияҳо ва пойтахт таъмин менамояд. Муассисаи мазкур барои нигоҳдории роҳҳо дар семоҳаи якуми соли 2021 корҳои таъмирию нигоҳдориро ба маблағи 43 ҳазору 63 сомонӣ иҷро намудааст. Дар тавозуни муассисаи роҳдории ноҳия 11 техникаи махсус вуљуд буда, 6 адади он дар ҳолати корӣ қарор доранд. Муассисаи роҳсозии ноҳия ҷиҳати таъмиру барқарорсозии роҳҳои ноҳия фаъолияти доимиро ба роҳ монда, рафту омади нақлиёти ҷамъиятию хусусӣ дар роҳҳо бо қадри имкон таъмин мебошад.
Сохтмон
Сохтмон барои ноҳияи Сангвор соҳаи муҳим ба шумор рафта, дар бунёду барқарорсозии ноҳия мавқеи хосаро ишғол менамояд. Дар семоҳаи якуми соли 2021 барои сохтмони асосии ноҳия дар буҷети маҳаллӣ 640 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ин маблағ мувофиқи нақша барои таҷдиди бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Тавилдара, сохтмони бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ ва аз навсозии боғи фарҳангӣ – фароғатӣ дар маркази ноҳия пешбинӣ гардидааст. Тибқи нақша дар соли 2021 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 12, 14, 31, 5 ва 6-и ноҳия, 3 майдончаи варзишии замонавӣ дар марказҳои ҷамоатҳои деҳот, инчунин пули пиёдагузар дар деҳаи Лайрони болои ҷамоати деҳоти Сангвор бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолии ноҳия сохта ба истифода дода мешаванд. Сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, сохтмони бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳия, сохтмони бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ, сохтмони хатти баландшиддати 35 кВт Шугнов-Тавилдара, сохтмони бинои меҳмонхона дар маркази ноҳия, сохтмони ҳавзи моҳипарварӣ дар ҷамоати деҳоти Тавилдара, сохтмони 1 толори варзишӣ дар ҷамоати деҳоти Чилдара ва сохтмони 1 толори варзишӣ ва 1 бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоати деҳоти Вахиё идома доранд. Дар семоҳаи якуми соли 2021 аз тарафи бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ ба шахсони воқеӣ 9 адад иҷозати сохтмон дода шудааст. Корхонаи фаръии “Лоиҳакашӣ” дар семоҳаи якуми соли 2021 12 адад лоиҳаи хонаҳои истиқоматӣ ва 1 адад бинои ҷамъиятиро ба анҷом расонидааст. Аз ин ҳисоб ба суратҳисоби махсуси корхона ба маблағи 10 ҳазору 900 сомонӣ ворид карда шудааст.
Маориф
Дар ноҳия ҷиҳати таъмин намудани пешрафти соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, барои рушди ин соҳа аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ дар соли таҳсили 2020-2021 дар ноҳия 60 муассисаи таълимӣ аз ҷумла: 22 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 9 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 29 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 интернати ҷумҳурявӣ барои кӯдакони ятим ва 1 интернати наздимактабӣ фаъолият доранд. Дар ҳама намуди муассисаҳои таълимӣ 5069 нафар хонанда, аз ҷумла 2408 нафар духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба таълиму тарбияи насли наврас 571 нафар омўзгор (193 нафар зан) машғуланд. Аз ин шумора 310 нафар (74 нафар зан) таҳсилоти олии омӯзгорӣ, 56 нафар (9 нафар зан) таҳсилоти олии ғайриомузгорӣ, 43 нафар (13 нафар зан) таҳсилоти олии нопурра, 85 нафар (48 нафар зан) таҳсилоти миёнаи омӯзгорӣ, 68 нафар (48 нафар зан) таҳсилоти миёнаи махсус ва 9 нафар (6 нафар зан) таҳсилоти миёнаи умумӣ доранд. Қисми зиёди омӯзгорони таҳсилоти миёнаи махсус ва таҳсилоти миёнаи умумӣ дошта донишҷўёни курсҳои гуногуни донишгоҳ ва донишкадаҳои омӯзгорӣ мебошанд. Дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва нигоҳ доштани фосилаи байниҳамдигарӣ гузаронида мешаванд. Дар семоҳаи якуми соли 2021 як шӯрои методӣ ва ду шурои омӯзгорӣ гузаронида шудааст, ки дар онҳо масъалаҳои гуногуни соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Озмун ва олимпиадаҳои фаннӣ нисбат ба солҳои гузашта дар сатҳи ба талаботи Низомнома мувофиқ гузаронида шуданд. Дар 28 муассисаи таълимӣ кабинетҳои фаннии забони русӣ ва англисӣ, математика, забону адабиёти тоҷик, физика, химия, техналогияи информатсионӣ ташкил карда шудааст. Гарчанде пояи моддӣ - техникиашон ба таври ҳозиразамон набошад ҳам ба қадри ҳол бо таҷҳизотҳои зарурӣ, маводҳои таълимӣ, ороиши дохилӣ таъмин карда шудаанд. Дар доираи маблағҳои буҷетӣ харидорӣ намудани маводҳои лабораторӣ ва адабиётҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст. Дар асоси нақшаи такмил ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ дар давоми соли 2018-2021 дар назди 11 муассисаи таълимӣ кабинетҳои фаннӣ ташкил ва таҷҳизонида шуданд. Дар давраи солҳои 2018- 2021 бо маблағи умуми 164 ҳазору 100 сомонӣ кабинетҳои фаннї ташкил карда шудаанд. Ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия ва тасдик карда, айни ҳол дар назди 22 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия маркази инкишофи кӯдакон ташкил гардидааст, ки ба онҳо зиёда аз 380 нафар кӯдакон ҷалб карда шуданд. Шароити кӯдакистони маркази ноҳия ва маркази ҷамоати деҳоти Сангвор ва Чилдара низ хуб ба роҳ монда шуда, бо фарогирии 125 нафар кӯдакон фаъолият намуда истодаанд.
Тандурустӣ
Соҳаи тандурустӣ яке аз бахшҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамчун самти асосӣ ва афзалиятнок барои беҳбудии саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст. Ба аҳолии ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 2 беморхонаи минтақавӣ, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 4 маркази саломатии деҳот, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази эмтаъминкунӣ, ҳуҷраи мубориза бар зидди бемориҳои сил, ҳуҷраи ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳуҷраи солимии репродуктивӣ ва танзими оила ва ҳуҷраи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона хизмати тиббӣ расонида истодааст. Қабули беморон дар семоҳаи якуми соли 2021 227 нафарро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 429 нафар кам мебошад. Иҷроиши кат дар давраи ҳисоботӣ 1674 кат/рӯз буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 1429 кат/рӯз кам мебошад. Таваллуд дар давраи ҳисоботӣ 127 нафарро ташкил намуда, аз ин шумора 123 нафарашон зинда таваллуд ва 4 нафар мурда таваллуд мебошад. Барои пешгирии бемории вируси норасогии масунияти одам ва бемориҳои гепатити Б ва C аз тарафи маркази санитарии ноҳия дар ҷамоатҳои деҳот корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, то имрӯз 8 нафар бемории внмо муайян гардидааст. Аз рӯзҳои нахустини сар задании пандемияи ҷаҳонии коронавирус кормандони соҳаи тандурустии ноҳия корҳои омодагиву пешгириро дар ноҳия барои муолиҷаи беморон ва ҳифзи солимии аҳолӣ амалӣ карда истодаад. Дар ҳудуди ноҳия барои беморони гумонбар ба COVID-19, ҳамаи шароитҳо омода мебошанд. Дар семоҳаи якуми соли 2021 ягон ҳолати бемори гумонбар ба COVID-19, бақайд гирифта нашудааст. Дар давоми соли 2020 ба беморхонаи марказии ноҳия аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд таҷҳизотҳои зерин: дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ – 1 адад, дастгоҳи УЗИ- партативӣ – 1 адад, осксигенератор - 4 адад, пулсоксиметр 6 адад ва кардиомонитор – 1 адад ворид карда шуд. Бо назардошти эҳтимолияти зиёд гардидани шумораи шахсони сироятёфта тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия истифода карда мешаванд.
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ
Кормандони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, корро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» ба роҳ монда, дар семоҳаи якуми соли 2021 барои беҳтар шудани ҳолати санитарӣ – гигиении иншоотҳо ва пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷумла пандемияи ҷаҳонии коронавирус COVID-19, як катор корҳоро анҷом доданд.
Дар ин давраи соли 2021 42 санҷишҳои ҳолати санитарӣ-гигиении ошхонаву фурӯшгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо ва муассисаҳои соҳаи маориф гузаронида шуда, 9 ҷарима ба маблағи 1260 сомонӣ баста шудааст.
Барои риоя накардани қоидахои санитарӣ–гигиенӣ ва иҷро нагардидани тавсияҳо ба 4 нафар кормандони мағозаву ошхонаҳо, муассисахои тандурустӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба маблағи 660 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст.
Инчунин дар давраи ҳисоботӣ 4 хулосаи санитарӣ-эпидемиологӣ мутобиқат оид ба сохтмонҳои ҷамъиятӣ ва 14 хулосаҳои мутобиқати қитъаҳои заминҳо барои сохтмонҳои хонаҳои истиқоматӣ дода шудааст. Дар ин давра 119 нафар аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, ба кор рухсат дода шудаанд.
Дар семоҳаи якуми соли 2021 шумораи зерини бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта шудаанд.
- Бемориҳои шадиди рӯда (ОКЗ)-472 нафар;
- Зуком ва бемориҳои шадиди роҳи нафас- 1631 нафар;
- Гепатити А- 1 нафар;
- Сил- 3 нафар
- Осеббинии одамон аз ҳайвонотҳо (саггазида) – 5 нафар;
- Буғумдард (брутселёз)- 5 нафар
- Хоришак – 1 нафар.
Дар маҷмӯъ шумораи беморони сироятӣ 2118 нафарро ташкил медиҳанд. Аз тарафи ташхисгоҳи маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар семоҳаи якум 56 ташхисҳои вараҷа, 61 ташхисҳои буғумдард ва 116 ташхисҳои профилактикии аз муоинаи тиббӣ гузаштагон гузаронида шудааст.
Ташкилоти ҷамъиятии “Фидокор”
Ташкилоти ҷамъиятии “Фидокор”дар чорчубаи амалисозии лоиҳаи "Такмили амнияти устувории ғизо ва амалияи беҳдоштӣ, нигоҳубини занону кудакон дар ҷамоатҳои деҳоти водии Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар семоҳаи якуми соли 2021 дар се ҷамоатҳои зерҳадафи лоиҳа: Чилдара, Тавилдара ва Сангвор як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Ба фаъолият шурӯъ намудани ТҶФ дар ноњия 15 нафар шаҳрвандони ноҳия ба ҷои кор таъмин гардида, дар ҳудуди се ҷамоат 70 гуруҳҳои худёрирасони занон ташкил намуда, ба онҳо семинарҳои омўзишӣ гузарониданд. Барои беҳтар гардидани ҳолати беҳдоштӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар муассисаҳои тиббӣ ва таълимии ҷамоатҳои деҳоти Чилдара, Тавилдара ва Сангвор барои некуаҳволии аҳолӣ нисбати бехатарии ғизо дар деҳаҳои се ҷамоати ҳадафи лоиҳа 80 адад гармхонаҳо сохта ба истифода дода шуд. Инчунин 1102 нафар занон барои гирифтани тухмӣ ба ТҶФ ба қайд гирифта шудаанд.
Занон
Бахши кор бо занон ва оила дар семоҳаи якуми соли 2021 баҳри татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барномаи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон барои солҳои 2011-2021” корҳои назаррасро амалӣ намуд. Баҳри иҷрои бандҳои Барномаи мазкур дар ҷамоатҳои деҳот оид ба фаъолгардонии нақши зан дар ҷомеа, ҷалби духтарон ба таҳсилоти миёна ва касбӣ, муносибатҳои хонаводагӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва маърифати гигиении занони деҳот суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, мутобиқи нақшаи корӣ дар байни занону духтарон суҳбату вохӯриҳо ва семинар-машваратҳо доир ба масъалаҳои худдорӣ намудан аз парастиши анъанаҳои бегона, хурофотпарастӣ, пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо хос набуда гузаронида шудааст. Соли 2021 аз тарафи бахш дар ноҳия даври ноҳиявии фестивали ҷумҳуриявии “Чакомаи гесӯ” ва озмуни “Кадбонуи беҳтарин” доир карда шуд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ озмуни “Кадбонуи беҳтарин” 10 апрел соли 2021 дар шаҳри Душанбе сазовори ҷои сеюм гардиданд. Дар ноҳия шумораи умумии занон 11 ҳазору 880 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла занони қобили меҳнат 5910 нафар, занони роҳбарикунанда 28 нафар, дар соҳаи маориф 193 нафар, соҳаи тандурустӣ 141 нафар, ҳифзи ҳуқуқ 3 нафар, соҳаи фарҳанг 22 нафар, роҳбарони ҳоҷагиҳои деҳқонӣ 29 нафар, занҳои соҳибкор 87 нафар фаъолият менамоянд. Бо мақсади ба амалҳои номатлуб даст назадани занону духтарон, баланд бардоштани сатҳи тарбия дар муҳити хонавода, мактаб ва ҷомеа, ҷалби духтарон ба муассисаҳо ва курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунаромӯзӣ ва баробарии гендерӣ, оиди терроризму экстремизм, оиди пешгирии зуроварӣ дар оила, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, оид ба хурофотпарастӣ дар байни занону чавонон зиёда 20 суҳбату вохӯриҳои инфиродиву дастаҷамъона гузаронида шуданд
Ҷавонон ва варзиш
Шумораи умумии ҷавонон дар ноҳия 8102 нафар буда, аз ин шумора 4322 нафар писарон ва 3780 нафарашон духтарон мебошанд. Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш семоҳаи якуми соли 2021 18 чорабиниҳои иттилоотӣ–маърифатӣ баргузор намуд. Аз ҷумла дар самти пешгирӣ воридшавӣ ва паҳншавии бемории сирояти коронавирус «COVID-19» корҳои таблиғотиро бештар намуданд. Дар ин давра бо тарҳрезии нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия бо фаъолон, ҷавонон ва муҳассислини муассисаҳои таълимӣ, варзишгарон 7 адад вохӯриҳо баргузор намуд, ки дар он 221 нафар иштирок намуданд. Бахшида дар Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳои варзишии давидан ба масофаи 3 км волейбол ва гӯштини миллӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот баргузор намуд. Дар ноҳия 1 муассисаи давлатии мактаби варзишӣ бо теъдоди 21 гурӯҳ аз рӯи 6 намуди варзиш тамрин менамоянд. Дар муассисаи мазкур 12 нафар мураббӣ, 8 нафар бо таҳсилоти олӣ ва 4 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус ба варзишгарон таълим медиҳанд. Дар семоҳаи якуми соли 2021 аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва муассисаи давлатии мактаби варзишӣ 9 мусобиқаҳои варзишӣ аз он ҷумла: 6- мусобиқаи варзишӣ-солимгардонӣ ва 3 мусобиқаи варзишии касбӣ дар сатҳи маҳал баргузор карда шуданд. Дар мусобиқаҳои мазкур беш аз 650 нафар иштирок намуданд, ки аз ин шумора 120 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд.
Алоқа ва коммуникатсия
Қитъаи техникии филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷиктелеком”-и ноҳия шумораи умумии муштариёнашро ба 219 адад расонид, ки аз ин миқдор 149 нуқта ба ташкилоту муассисаҳо ва 70 нуқта ба аҳолӣ рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 10 адад кам мебошад. Муассисаи мазкур дар семоҳаи якуми соли 2021 ба 28 муштарӣ хизматҳои иловагӣ расонида, 145 метр хатҳои алоқа ва 5 симчубҳоро таъмир намуда, муштариёни шабакаи интернетиро ба 22 нафар расонидааст. Даромади умумии муассиса дар семоҳаи якуми соли 2021 ба 10 ҳазору 865 сомонӣ баробар гардид, ки аз ин 9 ҳазору 965 сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳо ва 1 ҳазору 200 сомонӣ ба аҳолӣ рост меояд.Аз ҳисоби напардохтани хизматрасони алоқа қарзидории ташкилоту муассисаҳо ба 17 ҳазору 610 сомонӣ баробар гардидааст. Фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон 80 фоиз, «Сафина» 42 фоиз, «Баҳористон» 32 фоиз, «Ҷаҳоннамо» 40 фоиз ва радиои ҷумҳуриявии Fm1 58 фоизро ташкил медиҳад. Айни замон 5 фиристандаи мавҷҳои радиоӣ ва 37 фиристандаи гуногун иқтидори мавҷҳои телевизионӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар семоҳаи якуми соли 2021 ба шаҳрвандон шаҳодатномаҳои гуногун, аз ҷумла сабти таваллуди кӯдакон 120 адад, ивази ному насаб 9 адад, шаҳодатномаи ақди никоҳ 25 адад, шаҳодатномаи муқаррар намудани падарӣ 10 адад, шаҳодатномаи бекор кардани акди никоҳ 4 адад, ки ба ҳамин давраи соли 2020 баробар аст, шаҳодатномаи вафот 14 адад дода шуда, дар маҷмӯъ ба 267 нафар хизмат расонидааст. Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар семоҳаи якуми соли 2021 5 мактубро ба қайд гирифта, 91 мактуб ба мақомотҳои дахлдор равон намудааст. Дар давраи ҳисоботи бахши мазкур ба Вазорати адлия 1 ҳазору 740 сомонӣ ва ба буҷаи маҳаллӣ 5 ҳазору 70 сомонӣ ворид намудааст. Дар ноҳия дар натиҷаи саривақтӣ гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ никоҳи хешутаборӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Бахши хадамоти муҳоҷират
Тибки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.11.2020, №648 “Дар бораи нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2023” барои кӯчонидани 8 оила муҳоҷири экологӣ ба минтақаҳои бехавф дар соли 2021 мувофиқи қарори раиси ноҳия аз 23 декабри 2020, №400 таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Доир ба қонуни Федератсияи Россия “Дар бораи муҳоҷирони хориҷӣ” дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо 254 нафар шаҳрвандон суҳбату вохӯриҳо гузаронида, 54 варақаю буклетҳо тақсимот карда шудааст. Дар ноҳия тибқи маълумоти оморӣ муҳоҷирони бурунмарзӣ 1130 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 42 нафарашон занон мебошанд. Ба бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Сангвор дар семоҳаи якуми соли 2021 63 нафар шаҳрвандон, барои санҷиши манъшавӣ (депортатсия) ва дигар масъалаҳо муроҷиат намудаанд. Дар ноҳия 2 нафар шаҳрвандон ба қайд гирифта шудаанд, ки вурудшавиашон ба Федератсияи Россия манъ гардидааст.
Шуғли аҳолӣ
Бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Шуғли асосии аҳолии ноҳия кишоварзӣ буда, мардум ба соҳаҳои чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва картошкапарварӣ рағбати зиёд доранд. Захираҳои меҳнатии аҳолӣ ба 11 ҳазору 245 нафар расида, аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол 5893 нафар мебошанд. Аз аҳолии кобили меҳнат 4856 нафар расман дар иқтисодиёт машғул мебошанд. Ба бахши Агентӣ дар семоҳаи якуми соли 2021, 276 нафар шаҳрвандони бекор муроҷиат намуданд, аз ҷумлаи умумии муроҷиаткунандагон 137 нафарашон занон мебошанд. Аз ин шумора 240 нафар ҳамчун корҷӯй расман ба қайд гирифта шудааст, ки 112 нафарашон занон мебошанд. Дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия айни замон 24 ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод ба қайд гирифта шудааст, ки музди миёнаи моҳонашон ба 856 сомонӣ баробар мебошад. Бо максади ба низом даровардани фаъолияти шаҳрвандони бешуғл ва ҷалб намудани онҳо ба корҳои инфиродӣ дар семоҳаи якуми соли 2021 аз ҷониби бахши Агентӣ ба 16 нафар қарзи бефоиз ба маблағи 66 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои бозгаштшуда барои фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун кумаки молиявӣ дода шудааст. 2000 сомонӣ маблағҳои муҳлатгузашта дар ин самт вуҷуд дошта, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 2 нафар зиёд аст. Инчунин ба 15 нафар кумакпулӣ барои давраи бекорӣ ба маблағи 16 ҳазор 200 сомонӣ таъин карда шудааст. Аз шумораи таъини кумакпулигирандагон 1 нафарашон занон буда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 1 нафар зиёд аст. Бахши Агентӣ дар семоҳаи якуми соли 2021 тибки нақша 1 маротиба ярмаркаи ҷойҳои корӣ холӣ ва вазифаҳои озодро ташкил ва баргузор намуд, ки 16 ташкилоту муассиса ва корхонаҳо иштирок карданд. Шумораи корҷӯяндагон 75 нафарро ташкил медод. Дар ярмаркаи мазкур ба 8 нафар бекорон барои ҷои кор роҳхат дода шуд, ки 3 нафарашон ба кор таъмин гаштанд. Дар соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таълимии калонсолон дар ноҳия шаҳрвандони бешуғл ба курсҳои кутоҳмуддати занбурпарварӣ, дузанда, коркарди чӯб, кафшергари барқӣ ва омӯзиши забони русӣ ҷалб гардидаанд. Ғайр аз ин дар филиали Маркази таълимии калонсолон аз рӯи самти валидатсия (шаҳодатномакунии малакаҳои касбии шаҳрвандон) 10 нафар ба касбҳои гуногун соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Синфхонаҳои Маркази таълимии калонсолон бо 10 адад мошинаи дӯзандагӣ, 5 адад компютери фардӣ ва 11 адад ноутбут, 2 адад дастгоҳи адрасбофӣ, 4 адад дастгоҳи қолинбофӣ ва асбобҳои аёнӣ барои мукаммал гузаштани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Бахши дин
Бахш дин, танзими анъана ва ҷашну маросим баҳри дар амал татбик намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Дар ноҳия як мудири бахш, як мутахассиси пешбар ва панҷ сармутахассис дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия фаъолият менамоянд. Теъдоди муроҷиати шаҳрвандон дар семоҳаи якуми соли 2021 ба 26 адад баробар аст. Дар ноҳия 6 комиссияҳои доимии маҳалӣ ва дар ташкилоту муассисаҳое, ки шумораи коргаронашон аз 30 нафар зиёд мебошанд 14 комиссияҳои ҷамъиятӣ ташкил карда шудааст, ки мувофиқи низомнома амал мекунанд. Зери назорати комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросим дар семоҳаи якуми соли 2021 дар ҳудуди ноҳия 19 тӯйи домодию арӯсӣ гузаронида шудааст. Инчунин 6 чорабинӣ марбут ба чилу сол бе додани таъом тариқи дуою фотеҳа доир гардидааст. Ҳама ҷашну маросимҳое, ки дар ноҳия гузаронида шудаанд, дар асоси талаботи қонун доир гардида, як қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳама ҷашну маъракаҳои болозикр бо назардошти дигар хароҷотҳо 39 ҳазору 900 сомонӣ сарф гардидааст. Аз тарафи бахши маскур озмуни “Дастархонороӣ” дар маркази ноҳия баргузор гардида як нафар намояндаи ноҳия дар даври минтақавӣ сазовори ҷои якум ва дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои дуюм гардид. Аз тарафи иттиҳодияҳои динии ноҳия ба оилаҳои ниёзманд, ятимон, маъюбон, мактаб интернати ҷумҳуриявӣва қисми низомии дар ҳудуди ноҳия буда ба маблағи 71 ҳазор сомонӣ кумакҳои пулию маводҳои ғизои расонидаанд. Инчунин аз тарафи иттиҳодияҳои динии ноҳия ба 330 адад рӯзномаву маҷалаҳо ба маблағи 55 ҳазору 732 сомонӣ обуна гардидаанд.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Дар шуъбаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия 1535 нафар нафақахӯр аз ҷумла 1094 нафар нафқагирони пиронсолӣ, 303 нафар аз рӯи маъюбӣ ва 138 нафар нафақагирони бесаробонмонда ба кайд гирифта шудааст. Маблағи умумии нафақа бошад, дар як моҳ 504 ҳазору 880 сомонӣ 75 дирам мебошад. Ҳаҷми миёнаи нафақаи моҳона 328 сомонию 91 дирамро ташкил медиҳад. Бо мақсади шаффофтар гардонидани фаъолият ба ҷараёни пардохти нафақа шуъбаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо филиали №21-и “Амонатбонк” пардохти нафақа тавассути кортҳои пластикӣ ба роҳ монда шудааст. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 май соли 2020, №271 “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи ҷамоатҳои деҳот 180 парванда пешниҳод гардида, дар махзани ягонаи маъумот ворид карда шуданд. Аз ин шумора 26 парванда рад шуда, 106 парванда ҳамчун оилаи камбизоат эътироф шуда, 48 парванда дар омузиш қарор дорад. Ба суратҳисоби гирандагони кумаки унвонии иҷтимоӣ ба ҳолати моҳи апрел маблағ ворид нагардидааст. Дар арафаи рӯзи Артиши миллӣ ба 7 оилаи фавтидагони сохти конститутсионӣ, дар ҷашни “Рӯзи модар”ба 24 нафар занҳои собиқадор ва дар ҷашни Наврӯз ба 13 оилаҳои ниёзманд аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маводҳои ғизоӣ аз қабили орду равған кумак расонида шуд.
Мактаб-интернат
Дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия айни ҳол 111 нафар хонанда, аз ҷумла 33 нафар духтарон аз синфи 1 то 11 ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Барои пешбурди таълиму тарбия 24 нафар омӯзгор ва 8 нафар мураббӣ машғуланд. Тарбиятгирандагон мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида 4 маротиба бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Хонандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ иштироки фаъолона доранд. Дар семоҳаи якуми соли 2021 ба мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия ба маблағи 52 ҳазору 736 сомонӣ кумакҳои хайриявӣ аз тарафи шахсони саховатпеша ва вазорату идораҳои дахлдор расонида шудааст.
Фарҳанг
Саҳми кормандони бахши фарҳанги ноҳия дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар робита бо ҷашнҳои муҳими милливу таърихӣ хеле назаррас мебошад. Ғайр аз ин бахши фарҳанги ноҳия дар ҳама ҷашнҳо дар қисми низомии 02011В Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сангвор барномаҳои фарҳангӣ нишон медиҳад. Дар таҷлили ҷашнҳои “Соли нав, Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои муссалаҳ, Рӯзи Модар, иди байналмилалии Наврӯз” ва дигар чорабиниҳои ноҳиявӣ ҳунармандони бахши фарҳанг ва ҳунармандон аз шаҳри Душанбе даъват гардида чорабинии фарҳангӣ шаҳомати хоса гирифт. Дар бахши фарҳанги ноҳия 16 муассисаи фарҳангӣ, 7 китобхона, 1 театри халқӣ, 2 клуби деҳот, 2 хонаи фарҳангӣ, боғи фарҳангӣ, майдони Парчами миллӣ, меҳмонхона ва кохи фарҳанг фаъолият намуда, 51 нафар мутахассисон кор ва фаъолият менамоянд. Дар 7 китобхонаҳои бахши фарҳанг ноҳия 21ҳазору 518 нусха китобҳои гуногун буда, 20 ҳазору 591 нусхаи он бо забони тоҷикӣ ва 927 нусхаи он бо забони русӣ мебошанд. Шумораи хонандагон ба 1100 нафар расидааст ва фонди гардиши китобҳои китобхона бошад ба 2150 адад баробар аст. Ғайр аз ин бахши фарҳанги ноҳия ба маҷала, рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, соҳавию ноҳиявӣ барои соли 2021 ба маблағи 12 ҳазору 84 сомонӣ обуна гардидааст. Бинои кохи фарҳанг аз нав таъмир гардида барои баргузории чорабиниҳо омода мебошад.
Литсейи касбӣ-техникӣ
Дар литсейи касбӣ-техникӣ теъдоди касбомӯзон 149 нафар буда, аз ҷумла 83 нафарашон духтарон мебошанд. Дар соли таҳсили 2020-2021 149 нафар касбомӯзон аз рӯи ихтисоси касбҳои гуногун: тракторчӣ-мошинисти истеҳсоли соҳаи кишоварзӣ, ҳисобчӣ бо донистани компютер ва дӯзандагӣ таҳсил намуда истодаанд. Аз теъдоди умумии касбомўзон 20 нафари онҳо, ки ба хобгоҳ эҳтиёҷ доштанд, бо ҷойи хоб ва хўроки гарм таъмин карда шудаанд. Дар литсейи мазкур дар баробари пешравиҳо камбудиҳо низ дида мешаванд, ки баҳри пешбурди таълиму тарбия садди роҳ мешаванд. Аз ҷумла набудани устохонаҳои таълимию лабораторӣ, нарасидани китобҳои дарсӣ, бадеӣ ва кадрҳои ихтисоснок.
Мавҷи Хингоб
Муассисаи давлатии ноҳиявии моҳномаи "Мавҷи Хингоб" дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру фармонҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор кору фаъолияташро ба роҳ монда, бо хидматҳои иттилоотию фарҳангӣ ба мардуми ноҳия навидҳои рӯзмараро пайваста мерасонад. Аз ҷумла ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иктисодию фарҳангии ноҳияро инъикос намуда, баҳри беҳбудию пешрафти ноҳия масъалаҳои муҳимро матраҳ месозад. Дар дар семоҳаи якуми соли 2021 моҳнома бо миқдори 530 нусха (дар як моҳ) аз чоп баромада ҳар моҳ ба ташкилоту муассисаҳо ва шахсони инфиродӣ тақсим мегардад. Барои соли 2021 маъракаи обуна оғоз гардида, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони инфиродӣ ба моҳномаи "Мавҷи Хингоб" обуна шуда истодаанд.
Почта
Маркази алоқаи почтаи ноҳияи Сангвор воҳиди таркибии Корхонаи воҳиди давлатии “Почтаи тоҷик” зерсохтори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2011, №252 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор таъсис дода шуда, дорои ҳуқуқи фаъолияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ мебошад. Дар семоҳаи якуми соли 2021 маркази алоқаи почта 244 мактуб аз корхонаву муассисаҳо ва аҳоли қабул намуда ба шаҳри Душанбе ирсол намуда аз Вазорату корхонаҳо ва ноҳияҳо 246 мактуб қабул намуддаст. Нақшаи обуна ба рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ барои соли 2021 то якуми декабри соли 2020 пурра иҷро гардид.
Оташнишонӣ
Қисми мустақили №59 ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021 санҷиши ҳолатҳои бехатарии зидди сӯхторро дар ташкилоту муассисаҳо ва ҷойҳои ҷамъшавии одамон гузаронида, бо кормандон ва аҳолӣ оид ба пешгирии сӯхтор ва риоя намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор суҳбатҳо гузаронидааст. Дар семоҳаи якуми соли 2021 аз тарафи корхонаи мазкур ягон ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта нашудааст. Аз тарафи кормандони соҳа нисбати вайронкунандагони қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар семоҳаи якуми соли 2021 33 протоколи маъмурӣ тартиб дода, 2 ҳазору 220 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст.
Ҳолатҳои фавқулодда ва мудофияи гражданӣ
Дар минтақаҳои осебпазири ҷамоатҳои деҳоти Тавилдара, Чилдара, Вахиё, Сангвор ва Ваҳдат бо ҷалби сокинон, фаъолон, соҳибкорон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза ва барқарсозии селроҳаҳо амалӣ карда шуда, дар деҳотҳои мазкур кор дар ин самт идома дорад. Инчунин вазъи селроҳаҳои асосии минтақаҳои хавфноки аҳолинишин мавриди омӯзиш қарор доранд. Дар семоҳаи якуми соли 2021 2 ҳодисаи офати табиӣ аз қабили сангфароӣ, ва тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст, ки хушбахтона ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №506 “Дар бораи нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” кӯчонидани 8 оилаи муҳоҷирони экологӣ дар соли 2021 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор мувофиқа карда шуда ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо маблағҳои қарзи имтиёзнок таъмин намудани шаҳрвандони минтақаҳои осебрасида ҳуљҷатҳои зарурї пешниҳод гардид.
Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ
дар ноҳия Волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқи инсон омили пешрафту комёбиҳои ҳамаи соҳа гаштааст. Суботи ҷомеа аз ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ вобаста аст. Дар семоҳаи якуми соли 2021 аз тарафи кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия 17 ҷиноят (соли 2020-10 ҷиноят) ошкор гардида, нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст. Парвандаҳои ҷиноӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019, ҳолат кам мебошанд. Доир ба ҳолати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ гузаронида шуда, 10 адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Содиршави ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғон дар давраи ҳисоботии соли ҷорї 1- ҳолат (соли 2020- 1) ба қайд гирифта шудааст. Дар семоҳаи якуми соли 2021 аз тарафи кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия 840 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки нисбати соли 2020 16 адад кам мебошад. Аз ин ҳисоб ба маблағи 30 ҳазору 995 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Гурӯҳи бозрасии давлатии автомобилии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021 229 адад протоколи қонунвайронкуниҳои ҳаракат дар роҳро тартиб дода, ҷаримабандӣ кардаанд, ки нисбати соли 2019 9 адад кам мебошад. Оид ба иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №2 аз 2 декабри соли 1994 “Дар бораи ихтиёрӣ супоридани силоҳи оташфишон лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” кормандони ШВКД ноҳияи Сангвор дар байни аҳолӣ корҳои профелактикӣ ва фаҳмондадиҳиро пурзур намуда, мунтазам суҳбату вохўриҳо гузаронида истодаанд. Натиҷаи чунин вохўриҳост, ки семоҳаи якуми соли 2021 3 адад силоҳ мусодира шудааст, ки нисбати соли 2020 -1 адад силоҳ зиёд мебошад.
Мақомоти худидоракунии деҳот
Мақомоти худидоракунии деҳот Мақомоти худидоракунии деҳоти ноҳия (Тавилдара, Чилдара, Вахиё, Сангвор ва Ваҳдат) дар семоҳаи якуми соли 2021 58 қарори раисони деҳотро ба тасвиб расонида, 30 адад муроҷиати шаҳрвандонро баррасӣ намуда, ариза ва талаботу дархости онҳоро қонеъ гардониданд. Дар ин давра ба дастгоҳи ҷамоатҳои деҳот 46 аснод ворид ва 119 аснод содир гардидааст, ки онҳо сари вақт баррасӣ шуданд ва дар ин бора ба мақомоти дахлдор пешниҳодҳои зарурӣ манзур гардиданд.
Ҳолати супоридани андоз аз ҳисоби замин ва амвол дар ҷамоатҳои деҳот чунин мебошад.
Р/Т |
Номгуи ҷамоатҳо |
Наќша |
Иҷро |
Иҷро% |
1 |
Тавилдара |
14376 |
14898 |
103% |
2 |
Чилдара |
15219 |
15283 |
100% |
3 |
Вахиё |
10182 |
10680 |
104% |
4 |
Сангвор |
51704 |
64470 |
125% |
5 |
Ваҳдат |
6177,96 |
6177,96 |
100% |
6 |
Ҳамагӣ |
709277 |
723127 |
102% |
Дастгоҳи раиси ноҳия
Дар семоҳаи якуми соли 2021 дастгоҳи раиси ноҳия бо мақсади мавриди амал қарор додани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, амру фармон, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра чорабиниҳоро ба сомон расонидаанд. То имрӯз ба дастгоҳи раиси ноҳия 297 адад аснод аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо ва 211 адад ариза аз ҷониби шаҳрвандон ворид гардида, дар муҳлатҳои муқарраргардида мавриди баррасӣ карор дода шудаанд. Муроҷиатҳо тибқи қонунгузорӣ ҳаллу фасл гардида, талаботи шаҳрвандон ба қадри имкон қонеъ гардонида шудаанд. Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ 257 адад мактубҳо ирсол гардиданд. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои чоршанбе ва шанбе то имрӯз беш аз 89 нафар шаҳрвандон тарики шифоҳӣ оид ба ҳалли мушкилоти рӯзгору маишати хеш муроҷиат намуданд, ки иҷрои онҳо зери назорати қатъии роҳбарияти ноҳия карор доранд. Дар семоҳаи якуми соли 2021 қарорҳои раиси ноҳия 104 адад ва амрҳо 39 ададро ташкил медиҳанд.