Дар таърихи 4-уми апрели соли 2022 _иҷлосияи Дувоздањуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сангвор, даъвати шашум дар толори маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия соати 10:00 кори худро оғоз намуд. Аз 35 нафар вакилони мардумӣ бо истиснои 10 нафар(бо сабабҳои узрнок) 25 вакил ва тамоми сарварони ташкилоту муассисаҳо ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд.

   
Иҷлосия дар асоси Қарори раиси ноҳия аз 11.04.2022 тањти № 147 ва мутобиқи моддаҳои 12, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо пешниҳоду муҳокимаронии вакилон ва баррасии масъалаҳои матраҳшуда дар фазои созандагию ҳусни тафоҳум гузаронида шуд.
Рӯзномаи иҷлосияи навбатӣ аз масъалаҳои зерин иборат буд:
1.Доир ба ҷараёни татбиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон
2.Оид ба раванди таълиму тарбия дар муассисањои таълимии ноњия тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи маориф”
3.Доир ба рафти татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи хизмати давлатї”
4.Доир ба ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”
5.Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакил аз ҳавзаи интихоботии №22 Сайёд Сулаймонова Њарамгул
6.Тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2022 (моҳҳои январ-март)
Бо ҳусни тафоҳуми вакилон раиси ноҳия вакил аз ҳавзаи интихоботии № 12 Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат иҷлосияро ифтитоҳ намуд. Пас аз садо додани Суруди миллию интихоби ҳайати котиботи иҷлосия ва рӯзномаи маҷлис бо қабулу ҳамовозии вакилон нисбати масъалаи аввали рӯзнома, яъне “Доир ба ҷараёни татбиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон”сухан ба вакил аз њавзаи интихоботии № 24 Ќурбонзода Темур Сафар дода шуд.
Мавсуф баромад намуда, муфассалан “Доир ба ҷараёни татбиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон” чунин ибрози аќида намуд:

Вакилони гиромӣ!
Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ва дигар боигарии табиӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати рушди иқтисодӣ ҳамчун ҷумҳурии аграрӣ – саноатӣ ба ҳисоб рафта, аз ин рӯ, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки ҳар як ваҷаб заминро оқилона, пурра ва самаранок истифода бурда, ҳифзи онро таъмин намояд. Бо мақсади истифодаи пурсамари захираҳои замину об, таҳкими истехсолоти иқтисодӣ дар соҳаи кишоварзӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25- июни соли 1996, №522 “ Дар бораи ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ ” ба имзо расид, ки барои

   

гузаронидани ислоҳоти замин, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон асос гузошт ва низомномаи гузаронидани ислоҳот, ки бо ин ҳуҷҷат тасдиқ карда шудааст, дар таҷдиди ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ мавқеи муҳим фароҳам овард.
Бояд тазаккур дод, ки дар асоси Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 1998, № 1021 “Дар бораи дар амал баровардани ҳуқуқи истифодаи замин” ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин Шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин мебошад. Бинобар ин ҳамаи заминистифодабарандагон, аз он ҷумла барои хоҷагиҳои деҳқонӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, қитъаҳои замини барои боғдорӣ, хоҷагиҳои ёрирасони тобеи вазорату идораҳо, сохтмонҳо, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва дигар намуди хоҷагидорӣ бояд дорои асноди ҳуқуқи истифодаи замин бошад ва онҳо ўҳдадоранд, ки заминро мувофиқи мақсади ҷудошуда истифода баранд. Заминистифодабарандагон дорои асноди ҳуқуқи истифодаи замин, таҳти ҳимояи қонунҳои амалкунанда, ки дар ин маҷмӯъ нишон дода шудааст, қарор мегиранд.
Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои замнистифодабариро танзим намуда, барои истифода ва ҳифзи замин, ҳосилхез кардани он ҳифз ва беҳтар намудани муҳити табиат ва инкишофи баробарии ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ шароит фароҳам меоварад.
Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 боб ва 105 модда иборат аст. Қитъаҳои замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси қарорҳои мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия мувофиқи моддаи 26 –и ҳамин Кодекс дода мешавад. Тартиби додани қитъаҳои заминро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи талаботи моддаи 26 –и Кодекси мазкур бо истифодаи бемуҳлат, муҳлатнок ва ба иҷора аз заминҳои захиравӣ ва заминҳои таъиноти кишоварзӣ барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ, сарфи назар аз андозаи қитъаи замин ва барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ, ба ғайр аз заминҳое, ки дар моддаи 29-и ҳамин Кодекс оварда шудаанд, ба андозаи то 10 га, аз заминҳои фонди ҷангал, ба ғайр аз заминҳои ҷангали гурӯҳи якум ва заминҳои фонди об барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ ба андозаи то 10 га ва барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ то 5 га медиҳад. Вобастакунии қитъаи замин сарфи назар аз андозаи қитъаи замин амалӣ карда мешавад.
Тибқи талаботи моддаи 30 Кодекси мазкур шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки ба гирифтани қитъаи замин барои сохтмони иншоотҳо манфиатдоранд, ба мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатӣ муроҷиат менамоянд. Мақомоти иҷроия бо пешниҳоди мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо, бо назардошти шароити иҷтимоию иқтисодӣ, экологию шаҳрсозӣ ва шароити дигар дурнамои истифодаи замини дахлдор ва қаъри он бо ризояти истифодабарандаи замин дар хусуси мувофиқи мақсад будан ё набудани ҷойгиронии объект қарор қабул менамояд.
Ба шаҳрвандон тибқи талаботи моддаи 71, 711,712,713 қитъаи замин дода мешаванд. Ба ҳар як оила қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ноҳияҳои навкорам ва кӯҳӣ ба андозаи то 0,15 га замини обӣ ва ба андозаи то 0,40 га замини обёринашаванда, ки масоҳати биною ҳавлӣ ба ҳамин ҳисоб дохил мешавад, дода мешаванд. Андозаи мушаххаси қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар доираи меъёрҳои нишондодашуда бо назардошти фонди замин ҳар як истифодабаранда муайян карда мешавад.
Вакилони муҳтарам!
Бояд қайд намоем, ки марзи маъмурии ноҳия 597 384 гектарро ташкил мекунад, ки аз ин: 2278 гектар корам,1753 гектар обӣ, 525 гектар лалмӣ, 424 гектар боғ, 96 гектар алафзор, 42 гектар заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, 170824 гектар чарогоҳ, 1522 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ , 19738 гектар ҷангалу бешазор, буттазор, 4 гектар ботлоқҳо, 6702 гектар заминҳои зери об, 419 гектар роҳҳои чорвогузар, 187 гектар зери иморатҳо ва 395149 гектар дигар заминҳоро ташкил медиҳад.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2012 №162 аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, фонди захиравии ноҳияи Сангвор бо масоҳати умумии 170,0 гектар аз ҷумла :7,05 гектар замини корами лалмӣ, 4,77 гектар алафзор, 110,84 гектар чарогоҳ, 13,55 гектар бешазор, 0,41 гектар зери роҳҳо, 0,68 гектар зери об ва 32,70 гектар дигар заминҳои ғайрикишоварзӣ гирифта, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор барои замини маҳаллаҳои аҳолинишин ба 1111 оилаи эҳтиёҷманд дода шавад, ки тибқи ин қарор ба 572 нафар шаҳрвандон ба миқдори 83,4 гектар замин барои сохтмони манзили зист тақсимот гузаронида шуд ва тақсимот дар ин самт идома дорад.
Аз тарафи Кумитаи идораи замини ноҳия дар семоҳи аввали соли 2022, 7 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо 6 дастур ба шаҳрвандон дода шудааст. Ба 1 нафар шаҳрванд барои надоштани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии замин, 1 нафар шаҳрванд барои напардохтани андози замин ва 1 нафар барои иҷро накардани дастур ҷаримабандӣ тартиб дода шудааст. Дар 3 моҳи соли 2022 ба маблағи 832 сомонӣ ҷарима баста шуда, ин маблағ ба суратҳисоби Кумитаи идораи замини ноҳия ворид гардид.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки Кумитаи идораи замини ноҳия бобати татбиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои сарвақтӣ андешида, дар ин самт корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад. Инчунин муроҷиатҳои шаҳрвандонро вобаста ба таъмин намудани қитъаи замин саривақт баррасӣ намуда, қонеъ мегардонад.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!
Нисбати дигар масъалаҳои рӯзнома вакилон аз њавзањои интихоботии №№ 15,6,25,23 Ќурбонова Сабоњат Назрихољаевна,Саидов Абдулњаким Њакимович, Сандалов Рањмон Шаъбунович ва Умаров Рањмон Раљабович баромад намуда, масъалаҳои гуногунро пешкаши вакилон гардонидаю мавриди баррасӣ қарор доданд.
Оид ба баррасии масъалаи охири иҷлосия «Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия» роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Исмонов Маҳмадулло бо розигии вакилон баромад намуда, қарорҳои раиси ноҳияро баҳри ҳамовозию тасдиқ пешкаши ҳозирин намуд.
Дар анҷом раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат (вакил аз ҳавзаи интихоботии №12 ) бо кулли вакилони иштирокдошта суҳбати пурмуҳтавою озод намуда, баҳри беҳтару хубтар гаштани вазъи зиндагии сокинони ноҳияю ободу зебо намудани ватани азизамон ва иҷроиши қарорҳои њукумати Љумњурии Тољикистону раиси ноҳия супоришҳои мушаххас доданд.
Баъди садо додани Суруди миллӣ кори иҷлосияи дувоздањуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум соати 12:00 ба анҷом расид.