Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст. Агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи 16- ум ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошта, миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид. Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифле дар гавҳора будаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд».
Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи худро ҳамчун рӯйдоди тақдирсоз ва ҳалкунанда касб намудааст. Баргузории Иҷлосияи мазкур – ин оғози давраи нав дар таърихи навини тоҷикон, оғози марҳилаи воқеии расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу суботи миллӣ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Бо гузашти замон, бо назардошти далелҳои нави созандагӣ ва аз лиҳози таҳлилӣ- илмӣ, агар ба таърихи даврони истиқлолият назар афканем, ба мо паҳлуҳои гуногуни ин Иҷлосияи таърихӣ равшану возеҳтар ҳувайдо мешаванд.
Тоҷикистон солҳои 90- уми асри гузашта дар ҳолате қарор дошт, ки бар асари ҷанги шадиди шаҳрвандӣ ва муқовимати тӯлонии мусаллаҳона минтақаҳои алоҳидаи мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Сангвор дар оташи ҷанг сӯхтаву валангор, иқтисодиёти кишвар хароб ва фаъолияти сохтору мақомоти ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Ҷомеаро буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ фаро гирифта, касе намедонист, ки ояндаи кишвар ва мардумро чӣ интизор аст.
Дар чунин вазъияти буҳронӣ, аз ҷумла беҳокимиятиву бенизомӣ, мавҷудияти минбаъдаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ягона ва тозаистиқлол хатари ҷиддӣ таҳдид мекард.
Дар чунин вазъияти ҳасос бояд Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олӣ баргузор мегардид ва фақат қарорҳои созандаи он метавонист ватанамонро наҷот диҳад. Бо гузашти солҳо метавон гуфт, ки вакилони мардумӣ – иштирокчиёни иҷлосияи 16 –ум аз иҷрои ин вазифаи худ сарбаландона баромаданд. Иҷлосия аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 давом ёфта, дар кори он аз 222 вакил 197 нафар иштирок намуд ва дар он дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор 6 фармон ва 1 изҳорот қабул гардид.
19 ноябри соли 1992 бо овоздиҳии пинҳонӣ вакили мардумӣ Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд.
Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон парчами кишварро бӯсида, савганд ёд кард ва бо иштирокдорони иҷлосия рӯ оварда гуфт: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона менамоям. Барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам боварӣ дорам».
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини ба мақоми олӣ интихоб шуданаш, ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, мисли хомӯш сохтани ҷанги бародаркуш, эҷод намудани фазои боъэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа, баргардонидани гурезаҳо, азнавсозии низоми давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, дарёфти ҷойгоҳи муносиб дар арсаи байналмилалиро мақсад ва мароми ҳукумати нав эълон намуд.
Раиси тозаинтихоби кишвар мақсад ва ҳадафи асосии худро чунин баён карда буд: «Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам». Баъдтар ӯ ин андешаи худро тақвият бахшида таъкид намуд: «Азму иродаи мо дар роҳи барпо кардани давлати демократии ҳуқуқбунёд комилан қатъист. Ҳарчанд ки натиҷаҳои дилхоҳи он на ба таври оҷил балки бо гузашти вақт падид меоянд, дар баробари ин сулҳу субот бароямон муҳимтарин арзиш ҳисоб меёбад».
Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони тарафҳои муқобилро ба иштирокчиёни иҷлосия муаррифӣ карда, аз ҷумла таъкид намуд , ки «Ин иҷлосияи тақдирсоз аст, бояд донем, ки тақдири ояндаи миллат, кишвар, Ватан, давлат дар дасти мост. Аз ин лиҳоз бояд худшинос шавем, хиради волои хешро баҳри якпорчагии ҷумҳурии азизамон истифода барем. Баъди ба ҷойҳои худ рафтан силоҳро ба замин гузорем, оромии мардумро таъмин намоем». Ҳамин тариқ, дар Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ бо ташаббуси бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон зербинои кохи бегазанди сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон гузошта шуд. Сарвари давлат бо такид мегуфтанд, ки дастоварди бузургтарини мо, ки на танҳо наслҳои имрӯзаи кишвар, балки наслҳои оянда низ бо ифтихор ба забон хоҳанд овард, таъмини сулҳу осоиши миллат ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аст. Омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бархоста, ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду дӯстнавозии ин мардум вобаста аст.
Маҳз хидмати беғаразонаи шахсиятҳои фидоии ҷумҳурӣ вазъро дар монотиқи буҳронӣ тадриҷан муътадил сохта, ба эҷоди давлатдории миллӣ, тафоҳуми фарҳангӣ ва сиёсӣ сабаб гардид. Бузургтарин шахсиятро, ки солҳои тулонӣ бевосита дар самти сиёсати давлатӣ, сохтмон, таҳким ва рушди давлатдории миллӣ хидмати бедареғ кардааст, дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида тавонистанд.
Бешак, муҳимтарин дастовард Иҷлосияи 16 –ум Шӯрои Олӣ он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи навини таърихӣ овард ва ин марди майдони сиёсати минтақавӣ ва башарӣ бо рӯҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро бо эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуд, балки баъдан ҳам дар бунёди давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми босазо гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ пазируфта шуда, ҳанӯз аз лаҳзаҳои аввал бо шӯру шавқи миллӣ ва номуси ватандорӣ аз рӯзҳои нахустини ҳукуматдорӣ, бо виҷдону имони яқин, фазои муносиби зиёд ва муҳити сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муҳайё сохт.
Саъю талошҳои фаровони Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун «Падида»-и Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар он замони ҳассос натиҷаи хуб доданд ва Тоҷикистон ба марҳилаи сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ расид. Марҳилаи созиши миллӣ дар таърихи ватанӣ ҳодисаи фаромушнашаванда маҳсуб меёбад ва дар ин марҳила нақши Сарвари давлат беназир аст. Сарвари давлат, ки тамомияти арзию ҳудудӣ ва ризоияту ҳамдигарфаҳмии миллиро тавассути сулҳу ваҳдат таъмин намуд, басанда аст, то номаш дар таърихи ватанӣ ва ҷаҳонӣ абадан сабт гардад. Бо дилпурӣ метавон гуфт, ки дастовардҳое, ки имрӯз ба сифати арзишҳои миллию давлатдорӣ эътироф шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ месозанд, ки дар заминаи татбиқи ғояҳои олии Иҷлосияи 16-ум Шӯрои Олӣ ба даст омадаанд.
Симои ноҳияи Сангвор аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ то ба имрӯз ба куллӣ тағйир ёфт. Бунёди даҳҳо биноҳои зебову замонавӣ, хатҳои оби нӯшокӣ, чандин шабакаҳои обёрикунанда ва пулҳои мошингузару пиёдагузар дар ҳудуди ноҳия самараи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ мебошанд.
Ҳамаи дарёфти фарҳангиву таърихӣ, иқтидори созандагию бунёдкорӣ дар ноҳия аз партави офтоби шуълабори Ваҳдат, Истиқлолият ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ сарчашма мегирад.
Иҷлосияи 16-ум бо гузашти айём боз ҳам ҳамаҷониба нақши муҳими худро барои мо, барои имрӯзу ояндаи мардуми кишварамон ифода хоҳад кард. Дар асл ин Иҷлосия на танҳо таърихӣ ва тақдирсоз, балки иҷлосияе буд, ки дар таърихи навини дунё назир надорад ва маҳз бо шарофати ин Иҷлосия шаҳру деҳоти кишвари маҳбубамон рӯз то рӯз гул-гул мешукуфанд ва мардумаш бо ояндаи нек боварӣ доранд.
Сиёсати давлатӣ, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, ҳадафҳои стратегий - расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ, раҳойӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи сиёсати миллӣ дар сатҳи иҷтимоиро пайгирона дунбол менамояд ва боварии комил дорем, ки миллати тоҷик зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида, рушди ҳамаҷонибаи иқтисодию-иҷтимоии кишвари маҳбубамон таъмин карда мешавад.