Тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми январи соли 2020 таҳти № АП-1332 ҷиҳати иҷрои бандҳои 20 ва 22-и ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 ва фармоиши Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон аз 8.02.2021 тањти № 7 баҳри тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии
ниёгонамон ва ҳунарҳои мардумӣ дар самти тарғиби либосҳои миллӣ ва ҳунари дўзандагӣ,аз ҷумла чакандўзию попур ва сузаниҳои занону духтарон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар февтивали“Сад ранги чакан” ба роҳ монда шуд.
Аз ҷумла даври ноҳиявии ин фестивал дар ноҳияи мо бо ташаббуси мудири бахши занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Донаева Малоҳат дар таърихи 23-юми апрели соли ҷорӣ дар байни бонувони ҳунарманд гузаронида шуд, ки иштирокчиён аз рўйи 6 бахш ҳунару истеъдоди хешро ба маърази тамошо ва ҳайати ҳакамон гузоштанд. Дар натиҷа ғолибон муайян гашта, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
- Баргузории ингуна фестивалњо имконият медињад, ки паҳлуҳои то ҳанўз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандўзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдўзӣ, сўзандўзӣ, тоқидўзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ кашф ва эҳё гардида, мавриди баҳрабардории умум қарор гирад, - ибрози андеша намуд муовини раиси ноҳия Сатторбекзода Умеда Сатторбек.