Ҳамасола дар доираи “Ҳафтаи ҷавонон” баҳри оммавӣ гардонидани варзиш ва беҳдошти саломатии шаҳрвандон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якшанбеи сеюми моҳи май мусобиқоти Дави Миллӣ баргузор мегардад, ки новобаста ба синну сол дар ин чорабинии варзиш ҳамагон иштирок менамоянд.
Имсол низ дар таърихи 21-уми майи соли ҷорӣ Дави миллӣ барпо гардид, ки ин чорабинии варзишӣ дар ноҳияи мо низ аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар як сатҳи хуб ба роҳ монда шуда буд. Дар тамоми қаламрави ноҳия, махсусан, дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот мусобиқоти давидан ба масофаҳои 3000м, 5000 м ва 10000 м дар байни тамоми қишри ҷомеа гузаронида шуд, ки дар он аз хурд то бузург,чӣ аз ҷинси мард ва чӣ аз ҷинси зан ширкат варзиданд. Дар ин чорабинии бошукӯҳ ҷавонони лаёқатманд шогирдони чемпиони шашкаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Ғафуров ва дигар табақоти ҷомеа, яъне ҳаводорони ин навъи варзиш иштирок намуда, дар масофаҳои гуногун (3000 м, 5000 м ва 10 000 м) рақобат намуда, байни худ қувваозмоӣ намуданд. Дар ин мусобиқот зиёда аз 300 нафар сокинони ноҳия иштирок намуданд, ки аз ин шумора 56 нафарашон бонувон буданд.
Дар Дави Миллӣ 9 нафар ҷавонон ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, бо Ифтихорномаю туҳфаҳои молӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла варзишгарони зерин: Аҳмадзода Нурбону, Мирализода Мағфират ва Давлатзода Сайёра дар масофаи 3000 м дар байни бонувон, Муминзода Комилҷон, Шарифзода Амироҷон, ва Маҳмадализода Шаҳоб дар масофаи 5000м ва Давлатзода Муҳаммад, Раҳматов Розибек ва Умарзода Талабшо дар масофаи 10 000 м дар байни мардон сазовори ҷойҳои аввали мусобиқот гаштанд.
Зиҳӣ ҷавонони бонангу ор ва Ифтихори ноҳия!
Инчунин дар ин мусобиқот хурдсолону пиронсолон иштирок намуда, аз худ маҳорати хуби варзишӣ нишон доданд. Ҳамин тариқ онҳо низ аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш сазовори тӯҳфаҳо гаштанд.