Тӯхфаи навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат , Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар арафаи Соли нави мелодӣ ба тамоми тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои ҷумҳуриявӣ, ки иборат аз сару либоси зимистонаи мактабӣ ва тӯҳфаҳои солинавӣ буданд, дастраси ин ятимон – тарбиятгирандагон гардонида шуданд.

   Аз ҷумла санаи 25 –уми декабри соли ҷорӣ аз тарафи намояндаи дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати маориф, иттилоот ва фарҳанг Сафарзода Анвар ба 118 нафар тарбиятгирандагони мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Сангвор туҳфаҳои сарвари кишвар (сару либоси мактабӣ ва туҳфаҳои солинавӣ) дар як ҳолати тантанавӣ супорида шуданд.

   Аз ин дастигирию ғамхориҳои навбатии саврвари кишвар  хурсандии ин ятимонро ҳадду канор набуд. Маъмумирияти мактаб – интернати мазкур ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор низ аз дастгириҳои ҳамешагии сарвари кишвар ҳамеша мамнун буда, миннатдории хешро нисбати кумаки навбатӣ аз ҷониби тарбиятгирандагони ин даргоҳ ба Пешвои миллат иброз намуданд.