Бахшида ба 30 – юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд. Аз ҷумла баҳри ободонию пешрафти ноҳия ҳар ҳафта ҳашару шанбегиҳо гузаронида мешаванд. Корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ низ босуръат рафта истодаанд.
Соли ҷорӣ бо ташаббуси соҳибкор Наҷмиддинов Назрӣ баҳри дар як сатҳи хуб пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ сохтмони ҳавзи моҳӣ ва бунёди боғ дар маркази ноҳия иқдом гирифта шуд, ки корҳои сохтмонию бунёдкорӣ дар ин иншоотҳо дар як сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо баҳри тезонидани кор, аз љумла дар самти кишоварзӣ, яъне бунёди боғ ба соҳибкор тариқи ҳашар ва гузаронидани шанбегиҳо кумак расонида шуд.
- Ноҳия, ки ноҳияи аграрӣ мансуб мешавад, баҳри картошкапарварӣ чорводорӣ, бунёди боғ, парвариши моҳӣ ва соҳаи занбўрпарварӣ мувофиқу мусоид аст. Аз ин рў иқдом гирифтаам, ки дар маркази ноҳия як боғ ба миқдори 150 ниҳол ва як ҳавзи моҳипарварӣ ташкил ва бунёд намоям, то ин ки дар оянда сокинони ноҳияро бо ингуна маҳсулотҳо ва ҷойи кор таъмин намоям, - иброз намуд хангоми суҳбат соҳибкор Назрӣ Наҷмиддинов.