Дар доираи сафари расмии раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоҳир ба минтақаи Рашт бо интихобкунандагони хеш ва дидан кардан аз мавзеъҳои офатзадаи ин ноҳияҳои минтақа дар рӯзҳои 18 ва 19  - уми – юли соли ҷорӣ ба минтақаи Рашт ташриф овард.

       Аз ҷумла, дар доираи ин сафар рӯзи 19 –уми июли соли ҷорӣ ба ноҳияи мо ташриф оварда, бо роҳбаладии раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат ва дигар шахсиятҳои расмӣ аз мавзеи офатзадаи деҳаи Ёзғанди ҷамоати деҳоти Тавилдара дидан намуданд. Баъдан, ба он маҳаллаи навбунёде, ки бо супориши Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба сокинони ин деҳаи офатзада замини наздиҳавлигӣ тақсим карда шудаю корҳои сохтмонӣ  низ оғоз шудааст, ташриф оварда, бо сокинони ин маҳаллаи навбунёд аз наздик суҳбат намудаю аз ҳолу аҳволи эшон ва рафти кор аз наздик огоҳӣ пайдо намуданд.

       Мардуми шарифи ноҳияи Сангвор, махсусан, бошандагони ин деҳаи офатзадаи ҳодисаи табиӣ аз ташрифи намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоҳир бениҳоят хушнуд гашта, аз дастгириҳои ҳамешагии сарвари кишвар ва дар ин рӯзҳои вазнин дар канори эшон буданашон  миннатдорӣ баён намуда,  дар ҳаққи сарвари кишвар дуои нек намуданд.