Ҳозирини гиромӣ!
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон таъкид менамоянд:
«Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад. Ин рӯз, барҳақ, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккулу тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад.» Миллати мо 9 сентябри соли 1991 ба ин неъмат даст ёфт ва аз он замон токунун ин рӯз ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвари азизамон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Бисту ҳашт сол аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол ва мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани азизамон хуршеди Истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ манзилу маъвои моро, имрӯзу фардоямонро мунаввар мегардонад. Баробари ба даст омадани Истиқлолият ноҳияи Сангвор низ аз нав ташкил ёфта, ҳамқадами замони Истиқлолият мебошад. Дар давоми 28 соли истиқлолият мо тавонистем ба бисёр пешравиҳо ноил гардем. Ҳоло ноҳия симои худро тамоман дигар кардааст. Биноҳои зебову замонавӣ диққати мардумро ба худ ҷалб мекунанд.
Рӯз то рӯз кӯчаву маҳаллаҳо зеботару дилкаштар гардида истодаанд. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар ноҳия чандин биноҳои хуштарҳу ба таври замонавӣ бо талаботҳои ҳозира сохта шуда, мавриди истифода қарор доранд. Соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майдончаи варзишӣ, се маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода дода шудаанд. Дар арафаи ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Сангвор, пули пиёдагузар, се синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №16, дар ҷамоати деҳоти Ваҳдат хобгоҳ барои духтарон, дар ҷамоати деҳоти Вахиё маркази савдо ва ду сифхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №56, дар ҷамоати деҳоти Тавилдара ҳамом дар деҳаи Сариҷангал, дар ҷамоати деҳоти Чилдара синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №18 ба истифода дода мешаванд.
То соли 1991 дар ноҳия ҳамагӣ 14 муассисаи таълимӣ фаъолият дошт. Чунонки аз нишондиҳандаҳо бармеояд, дар замони Истиқлолият шумораи муассисаҳои таълимӣ хеле афзуда, дар зарфи 28 соли Истиқлолият 46 муасасисаҳои таълимӣ нав сохта ба истифода дода шуда, хонандагон пурра аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо ба биноҳои хуштарҳу замонавӣ гузаштанд. Айни замон шумораи муассисаҳои таълими дар ноҳия ба 60 адад расидааст. Соҳаи тандурустӣ яке аз бахшҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамчун самти асосӣ ва афзалиятнок барои беҳбудии саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст. Ҳоло дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, ду беморхонаи минтақавӣ, як маркази саломатии ноҳиявӣ чор маркази саломатии деҳот, 22 бунгоҳи тиббӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд, ки то ба даст омадани истиқлолият ҳамагӣ як беморхонаи минтақавӣ мавҷуд буд.
Самтҳои асосии хоҷагидории ноҳия боғдорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ ва занбӯриасалпарварӣ мебошанд, ки дар ин самт зиёда аз 600 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунанд. Зиёда аз 60 ташкилоту муассисаҳои давлатию хусусӣ ба мардуми ноҳия хизматрасонӣ доранд. Ҳозирини гиромӣ! Миллати сарбаланди тоҷик дар давоми ҳазорсолаҳо борҳо Истиқлолиятро бохтаву онро бо ақлу заковати худ гашта ба даст овардаанд. Бояд таъкид кард, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол мардуми мо пайваста барои эҳёи давлати миллии худ ва истиқлолияти он талош мекард.
Бо ҳукми тақдир миллати тоҷик ба орзую ормони деринаи худ расид ва имрӯз баҳри таҳким ва пойдории Истиқлолият ба корҳои ободонию созандагӣ машғул аст. Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни муҳими Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Тоҷикистони соҳибистиқлоли ҳоло ба шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст. Ҳозирини гиромӣ! Ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ Шумо ва тамоми мардуми шарифи ноҳияро самимона табрик ва муборакбод намуда, ба Шумо ва ба ҳар як хонадон саломативу сарбаландӣ, сулҳу сафо, хушбахтӣ ва осоишу рӯзгори обод орзу менамоям.