1 апрел, дар ноҳияи Рашт даъвати баҳории ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рӯзи аввал пурра, яъне 100 фоиз иҷро шуда, ҷавонони ноҳия бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ихтиёран барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусалаҳи кишвар сафарбар гардиданд.
Дар рӯзи аввали сафарбарии ҷавонон пурра иҷро гардидани нақшаи даъват ин нишондиҳандаи омодагии баланди ҷавонон ва тақвияти корҳои тарбиявию ватандӯстӣ дар ноҳия мебошад.
Ба муносибати ин рӯйдоди муҳим, субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар маҳалаи Сомониёни шаҳраки Ғарм таҳти унвони «Хизмат ба ватан – модар шарафи ҷавонмардист» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор шуд.
Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд, ки дар натиҷа ноҳияҳои минтақаи Рашт 100 фоиз нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.
Дар маърака раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо дуои нек наваскаронро гусел намуданд.
Барои истодагарӣ намудан ба ин хавфу хатарҳо ва таъмини суботу амнияти кишвар ҳифзи ҳар ваҷаб хоки муқаддаси Ватан, Артиши миллии мо ба шумо, ҷавонони ҷасуру шуҷоъ, худогоҳу ватандӯст, содиқу далер ва бонангу номус эҳтиёҷ дорад.
Хизмат ба Ватан ва миллати худ барои ҳар ҷавонмард, ки марзу бум ва хоку оби кишвар барояш азиз аст, қарзи муқаддас ва мояи ифтихор мебошад.Дар анҷоми чорабинӣ дастаи ҳаваскорони шуъбаи фарҳанги ноҳияи Рашт барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин кард.
Гузориши Туйчӣ Нурзода









