Бо фаро расидани фасли тирамоҳ масъалаи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад. Дар ин миён фаъолияти шабакаҳои барқ мавқеи махсус дорад, зеро таъмини муттасили нерӯи барқ ба зиндагии ҳаррӯзаи аҳолӣ, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, инчунин кори дигар иншооти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ таъсири мустақим мерасонад. Дар ноҳияҳои кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Сангвор, ин масъулият боз ҳам бештар аст. Мавқеи ҷуғрофии ноҳия, роҳҳои душворгузар ва хатари офатҳои табиӣ, аз қабили сел, ярч ва боришоти зиёди барфу борон, ҳамасола барои фаъолияти шабакаҳои барқ озмоиши ҷиддӣ ба вуҷуд меоранд.

Ҳамзамон воқеият нишон медиҳад, ки дар баробари дастовардҳо, баъзе мушкилот низ ҷой доранд. Дурии масофа, маҳдуд будани имконияти дастрас намудани маводи таъмирӣ, норасоии техникаи махсус барои иваз намудани пояҳои барқ ва фарсуда гардидани қисми муайяни зеристгоҳҳои трансформаторӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки таваҷҷуҳи бештарро талаб мекунанд.

Ин буд, ки мо тасмим гирифтем бо Одиназода Пайрав, роҳбари Шабакаҳои барқи ноҳияи Сангвор чанд саволеро дар миён гузорем. Инак, мусоҳибаи мо пешниҳоди шумо!

–Омодагии шабакаҳои барқи ноҳияи Сангвор ба мавсими зимистонгузаронии солҳои 2026–2027 дар кадом сатҳ қарор дорад?

– Омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар сатҳи хуб ҷараён дорад. То имрӯз иҷрои нақшаи чорабиниҳои зимистонгузаронӣ ба беш аз 60 фоиз расонида шудааст. Ҳарчанд дурии роҳҳо, дастрасии маҳдуд ба маводи таъмирӣ ва норасоии техника барои иваз намудани пояҳои барқӣ баъзе мушкилиҳоро ба вуҷуд меоранд, корҳои таъмиру барқарорсозӣ тибқи нақша идома доранд. Кӯшиш мекунем то оғози фасли сармо корҳои асосии пешбинишударо ба анҷом расонем. Вазифаи асосии мо таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ дар тамоми ҳудуди ноҳия мебошад.

– Барои таъмини мунтазами аҳолӣ бо нерӯи барқ дар фасли зимистон чӣ тадбирҳо амалӣ шуда истодаанд?

– Дар асоси нақшаи зимистонгузаронӣ ва фонди таъмирӣ корҳои иваз ва насби таҷҳизоти барқӣ идома доранд. Ҳолати хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо ва дигар таҷҳизоти муҳими шабака мунтазам санҷида мешавад. Таҷҳизоти фарсуда тадриҷан бо таҷҳизоти нав иваз карда шуда, нуқсонҳои ошкоргардида сари вақт бартараф мешаванд. Ин тадбирҳо барои коҳиш додани хатари садамаҳо ва таъмини мунтазами нерӯи барқ дар фасли зимистон равона гардидаанд. Ҳамзамон корҳои таъмирӣ дар дигар иншооти шабака низ идома доранд.

– Дар соли ҷорӣ чӣ гуна корҳои таъмирӣ анҷом дода шуданд?

– Дар соли ҷорӣ дар се хати ҳавоии 10 киловолта зиёда аз 5 километр ноқилҳои нуқсондор иваз карда шуданд. Ҳамчунин оиқҳои шикаста ва дигар таҷҳизоти фарсуда бо таҷҳизоти нав иваз гардиданд. Баробари ин, дигар корҳои пешгирикунанда низ дар шабакаҳо амалӣ гардиданд. Корҳои таъмирӣ мутобиқи нақша идома хоҳанд ёфт.

– Барои пешгирии садамаҳо кадом корҳои профилактикӣ анҷом дода шудаанд?

– Бо мақсади пешгирии садамаҳо буридани шохаҳои дарахтоне, ки ба хатҳои барқ наздиканд, мунтазам анҷом дода мешавад. Илова бар ин, пояҳои каҷшуда рост карда шуда, ноқилҳои сустшуда дар хатҳои 10 ва 0,4 киловолта кашида ва мустаҳкам карда шуданд. Мутахассисон ҳолати техникии таҷҳизотро пайваста назорат менамоянд. Дар сурати ошкор шудани нуқсонҳо онҳо фавран бартараф карда мешаванд.

– Оё ҳамаи зеристгоҳҳои трансформаторӣ ба зимистон пурра омодаанд?

– Бештари зеристгоҳҳо барои фаъолияти зимистона омодаанд. Бо вуҷуди ин, баъзе зеристгоҳҳо солҳои зиёд аз таъмири асосӣ нагузаштаанд ва ба навсозӣ ниёз доранд. Мо аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, таҷҳизоти асосиро таъмир ва омода карда истодаем. Ҳадаф он аст, ки то оғози зимистон нуқсонҳои асосӣ бартараф гарданд. Барои ин тамоми имкониятҳои техникӣ ва кадрии шабака сафарбар шудаанд.

– Барои бартараф намудани садамаҳои эҳтимолӣ чӣ омодагӣ дида шудааст?

– Барои вокуниши фаврӣ гурӯҳҳои навбатдори фаврӣ-таъмирӣ ва гурӯҳҳои таъминотӣ дар се қитъаи ноҳия фаъолият доранд. Онҳо дар ҳолати зарурӣ ба маҳалли садама сафарбар мешаванд. Бо вуҷуди маҳдуд будани техника, кормандон вазифаҳои худро сари вақт иҷро менамоянд. Барои ин навбатдории шабонарӯзӣ низ ба роҳ монда шуда ва оянда низ дар нақша аст.

– Таъмини нерӯи барқ дар деҳаҳои дурдасти ноҳия чӣ гуна сурат мегирад?

– Ноҳияи Сангвор минтақаи кӯҳӣ буда, бисёр деҳаҳо дар мавзеъҳои душворгузар ҷойгир шудаанд. Дар фаслҳои зимистон ва баҳор бориши зиёди барфу борон ва омадани сел метавонад боиси садамаҳои технологӣ гардад. Бо вуҷуди чунин шароити душвор, кормандони шабакаҳои барқ пайваста барои барқарор намудани хатҳои осебдида сафарбар мешаванд. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳатто дар шароити номусоиди обу ҳаво низ хизматрасонӣ ба аҳолӣ қатъ нашавад. Ин масъулият аз кормандон заҳмати зиёд талаб мекунад.

– Аз сокинон дар самти истифодаи нерӯи барқ чӣ интизорӣ доред?

– Кормандони шабака бо сокинон ва ҳамаи муштариён корҳои фаҳмондадиҳиро мунтазам анҷом медиҳанд. Мо аз шаҳрвандон хоҳиш мекунем, ки нерӯи барқро сарфакорона ва дар доираи талаботи қонун истифода баранд. Пардохти саривақтии маблағи истифодаи барқ низ барои фаъолияти устувори соҳа аҳамияти калон дорад. Бовар дорем, ки сокинони ноҳия масъулияти худро хуб дарк мекунанд.

– Барои кам намудани талафоти нерӯи барқ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

– Дар ин самт нақшаи чорабиниҳои мушаххас таҳия ва амалӣ карда шудааст. Мутахассисон ҳолати техникии шабакаҳоро назорат намуда, барои бартараф намудани талафоти техникӣ тадбир меандешанд. Ҳамзамон корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муштариён идома дорад. Ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ тибқи нақша сари вақт таъмин карда мешавад. Мо талош дорем, ки сатҳи талафоти нерӯи барқ сол ба сол коҳиш ёбад.

– Ҳангоми рух додани садама сокинон ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд?

– Дар сурати рух додани садама ё қатъ гардидани нерӯи барқ сокинон метавонанд ба навбатдорони танзимгарии Шабакаҳои барқи ноҳияи Сангвор муроҷиат намоянд. Пас аз қабул шудани муроҷиат гурӯҳи фаврӣ ба маҳалли ҳодиса сафарбар мешавад. Мо ҳамеша омодаем, ки ба муроҷиатҳои шаҳрвандон сари вақт расидагӣ намоем.

-Ташаккур!

Наҳтутӣ Алиева