19 августи соли 2026 дар ноҳияи Сангвор бо иштироки сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт, полковник Вализода Илҳом Сироҷ, бо аҳли ҷамоатчигӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, корҳои ободонию созандагӣ, таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни вохӯрӣ полковник Вализода Илҳом Сироҷ бо аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолон ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, таъкид намуд, ки дар шароити имрӯза ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.Аз ин рӯ, таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд бо корҳои шоистаи созандагӣ, ободонӣ ва дастовардҳои меҳнатӣ истиқбол гирифта шавад.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки ободии маҳал аз масъулияти ҳар як сокин оғоз меёбад. Аз ин рӯ, аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Сангвор бояд дар корҳои ободонию созандагӣ фаъолона иштирок намуда, барои тозаву озода ва зебо нигоҳ доштани маҳалли зист саҳми худро гузоранд.

Дар ин замина, ба масъалаи таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири гуногуни иттилоотӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ ва анъанаҳои неки мардумӣ аҳамияти махсус дорад.

Хусусан, дар тарбияи насли ҷавон нақши оила, мактаб, ҷомеа ва мақомоти давлатӣ хеле муҳим мебошад. Ҷавонон бояд таърихи давлатдории тоҷикон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро хуб омӯзанд, ба Ватан муҳаббат дошта бошанд ва дар корҳои созандагӣ фаъолона саҳм гузоранд.

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки таъмини амният ва оромии ҷомеа танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, ҳар як шаҳрванди кишвар дар ин самт масъулияти муайян дорад.

Дар ин самт баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, риояи қонун ва таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Полковник Вализода Илҳом Сироҷ таъкид намуд, ки ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеа бояд пайваста ва самаранок бошад. Танҳо тавассути муколамаи ошкоро ва ҳамкории дуҷониба метавон мушкилоти мавҷударо сари вақт муайян ва барои бартараф намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешид.

Яке аз масъалаҳои меҳварии мулоқот омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ буд. Таъкид гардид, ки истиқболи ин санаи муҳим бояд бо ташаббусҳои созанда, ободонии кӯчаю маҳаллаҳо, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ҳамоҳанг бошад.

Аҳли ҷамоатчигии ноҳия низ дар рафти вохӯрӣ андешаҳои худро баён намуда, барои идомаи корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкими ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ омодагии худро изҳор карданд.

Идизода Қурбоналӣ