Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди оммавии варзиш ва пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла фарбеҳӣ, дар ноҳияи Сангвор машқҳои пагоҳирӯзии кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ  баргузор мегарданд.

Тавре маълум аст, масъалаи ҳифзи саломатии аҳолӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди тарбияи ҷисмонӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, бо ташаббус ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба рушди варзиш, оммавигардонии машғулиятҳои ҷисмонӣ ва ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.

Дар доираи ин сиёсати созанда, дар ноҳияи Сангвор низ машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, инчунин дигар сохторҳои давлатӣ баргузор гардиданд.
Машқҳои пагоҳирӯзӣ аз ҳаракатҳои умумии ҷисмонӣ, машқҳои сабуки варзишӣ, машқҳои нафаскашӣ ва дигар унсурҳои солимгардонӣ иборат буда, барои омодасозии организм ба фаъолияти рӯзона, беҳтар гардидани фаъолияти дилу рагҳо ва устувор намудани ҳолати рӯҳӣ мусоидат менамоянд.

Тавре мутахассисони соҳаи тандурустӣ таъкид мекунанд, машғул шудан ба варзиш ва иҷрои машқҳои пагоҳирӯзӣ яке аз роҳҳои муассири пешгирии фарбеҳӣ, бемориҳои дилу раг, диабети қанд, фишорбаландӣ ва дигар бемориҳои ғайрисироятӣ мебошад. Илова бар ин, фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ қобилияти меҳнатӣ, фаъолнокӣ ва рӯҳияи инсонро баланд бардошта, барои иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Боиси зикр аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим пайваста тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд. Дар ин замина, дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту идораҳо ва маҳаллаҳои ноҳия мунтазам чорабиниҳои варзишӣ, мусобиқаҳои гуногун ва машқҳои оммавӣ баргузор карда мешаванд.

Гузориши Қурбоналӣ Идизода