Чанде пеш масъалаи норасоии оби ошомиданӣ, бо вуҷуди дорои захираҳои фаровони об будани ноҳияи Сангвор, миёни сокинони Ҷамоати деҳоти Тавилдара ба яке аз масъалаҳои ҷиддӣ табдил ёфта буд. Мардум аз мушкилоти камии об ба ин неъмати ҳаётан муҳим изҳори нигаронӣ мекарданд.
Зимни вохӯрӣ бо сокинони ҷамоат раиси ноҳияи Сангвор Нурмаҳмадзода Тоҷиддин ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, масъулонро вазифадор карданд, ки барои пайдо намудани манбаъҳои иловагии об ва таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Раиси ноҳия на танҳо ба ҳалли масъала дастур доданд, балки ба сокинон ваъда доданд, ки мушкили мавҷуда дар фурсати наздик ҳалли худро хоҳад ёфт.
Инак, ин ваъда дар амал татбиқ гардид. Бо дастгирии яке аз соҳибкорони маҳаллӣ ва дар доираи тадбирҳои андешидашуда, корҳои зарурӣ анҷом ёфта, қубурҳои обгузар навсозӣ ва манбаи нави об тавассути пармакунии чоҳи амудӣ (скважина) пайдо карда шуд. Дар натиҷа, об аз манбаи дигар ба низоми таъминот ворид гардида, сокинон бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд.
Ин иқдом намунаи хуби ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ ва таваҷҷуҳ ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи мардум мебошад.
Муҳим он аст, ки муроҷиати мардум шунида шуд, мушкилот мавриди баррасӣ қарор гирифт ва барои ҳалли он иқдоми амалӣ сурат гирифт.
Н. Алиева









