Давлатшоев Раҳматшо Ҳимматшоевич,
номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ.
___________________________________________________________________________
Водии Вахиё дар ҳавзаи дарёи Хингоб ва шохобҳои он – Оби Арзинг ва Оби Мазор, дар байни қаторкӯҳҳои Пётри 1 ва Дарвоз воқеъ мебошад, ки аз ғарб то ба шарқ ба масофаи беш аз 160 км тӯл кашидааст.
Доир ба Вахиё ном гирифтани ин ҳудуд нақлу ривоятҳои зиёде мавҷуд мебошанд, ки ҳамаи онҳо ба тафсил ба тасдиқи ориёӣ – аз қабилаи саккоӣ сарчашма гирифтани номи ин минтақаро далолат месозанд ва қабилаҳои саккоиҳо нахустин ободкунандагони ин водӣ дониста мешаванд.
Аз нигоҳи топонимӣ бошад, Вахиёро низ дар радифи Вахш, ки аз вожаи охшо / оахшо ба маънии “номи олиҳаи обу обёрӣ дар тасаввури бохтариёни қадим” ва дар забони давраи миёнаи эронӣ ба маънии “руҳ, оби ҷорӣ” оварда шудааст, алоқаманд медонанд. Зеро, дариёи Хингоб, ки яке аз сарчашмаҳои асосии дариёи Вахшро ташкил медиҳад, аз ин водӣ ҷорӣ мегардад.
Инчунин, Вахиё тибқи “Фарҳанги вожаҳои Авастоӣ” – и шакли vaxvyaw – дар маънии “хуб” ифода гардидааст. Бо вуҷуди ин қадар сайри тулонӣ аз Авасто то имрӯз тафовути овозӣ миёни онҳо чандон чуқур рух надодааст. Ин ҷо танҳо ҳодисаи фуругузор гардидани овози «в» аз мобайну охири vaxvyaw ба мушоҳида мерасад.
Вобаста ба мафҳуми ин ном, агар ба муҳити табиии водии Вахиё назар афканем, чун ин водӣ сабзу хуррам, қитъа-қитъа пур аз настарану арча аст ва дарёву дарёчаҳои бисёр, чашмаҳои софу полуда, табиати дилангез дорад, аз ниҳоди истилоҳи мазкур метавонем ба осонӣ мафҳуми “хуб, макони хуб, зебо, хушманзар, ҷои сабзу хуррам, дилкушо, обшор, пур аз боғу роғ” ба берун биёрем, ки маънии vaxvyaw низ дар луғат ҳамин аст. Муаррихи асри Х1Х-и тоҷик Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ табиати инҷоро чунин тасвир намудааст:“Аксари меваҷот ва зироат дар мавзеи Тавилдара мавҷуд аст. Ба хушҳавоӣ ва дилкушоӣ сонии иснайни фирдавсу ҷаннат аст.
Чуноне ки муаллифи “Топонимикаи Рашт” Ш. Исмоилов дар такя ба таҳқиқотҳои Аристов ва Кисляков зикр сохтааст, ки “дар ноҳияи Сангвор (номи имрӯзаи ноҳия) дар давраҳои қадим давлатдории мустақил ҷой дошта, дар баъзе сарчашмаҳои илмӣ таҳти унвони давлати Кумед ва зовияи зисти қавми кумиҷиҳо ёд шудааст.
Ҳамзамон, В. Минорский дар шарҳи худ оид ба тарҷумаи асари муаллифи номаълуми «Ҳудуд-ул-олам» бо эҳтимоли қавӣ ба хулосае меояд, ки кумедиҳо — сокинони қадимаи ин водӣ авлоди мардумонии аслии ин минтақа, бозмондагони сакҳои қадим буданд. Барои тасдиқи ин фикр В. Минорский ба Батлимус муроҷиат мекунад, ки мувофиқи маълумотҳои вай сокинони кишвари Кумед аз қабилаи сакҳо — кумедҳо иборат буданд.
Шарқшиноси рус А. Шишов, дар хусуси аҳолӣ чунин зикр намудааст, ки Сокинони Вахиё тоҷиканд. Мардуми Вахиё худро “Вахиёчӣ” ном мебаранд. Бо ҳамин унвон онҳо ба дигар тоҷикон ва туркон маълуманд”.
Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ дар асари “Таърихи Ҳумоюн” – и худ зикр намудааст, ки “Аҳолии водии Вахиё куллан тоҷиканд, бағоят саҳҳу-л-бадан ва қавию-л-буняанд.
Ин гуфтаҳо исботи возеҳи замин ва сукунатгоҳи аҷдодони тоҷикон – ориёиҳо будани водии Вахиёро аз қадим то имрӯз далолат месозанд. Аз нигоҳи сарчашмашиносӣ ин водӣ бо номҳои гуногун дар асарҳои маҷмӯии таърихию ҷуғрофии муаррихони асримиёнагӣ Ибни Руста, Яъқубӣ, “Ҳудуд ул олам”, сайёҳи чиноӣ Сюан Сзян (Син Тан шу) ва ғайра инъикос ёфтааст. Сипас, шарқшиносони рус – Г.А. Арандаренко, А. Шишов, В.В. Бартолд, Н.А. Кисляков, А.К. Писарчук, Л.А. Боровкова, А,М. Манделштам ва дигарон дар асоси ин минбаъҳо ба омӯзиши таъриху фарҳанг, вазъи иқтисодӣ, этнографии аҳолии Осиёи Миёна, аз ҷумла, тоҷикон машғул гардида, андешаҳои худро перомуни ин водӣ низ ба қалам додаанд. Дар ин замина, муаррихони тоҷик низ дар асарҳои худ, ба таърих ва фарҳанги ин водӣ ишораҳои хосе сохтаанд. Аз зумраи, асарҳое, ки нисбатан комилтар таърихи ин водиро баён сохтааст, китоби “Таърихи Дарвоз” – и профессор Ҳ. Пирумшоев дониста мешавад. Вале, маълумоти таърихиву фарҳангии дарҷшуда, асосан замони зери шоҳигарии Дарвоз қарор доштани Вахиёро дар бар гирифта, қимати бузурги илмӣ доро мебошад.
Дар асоси манбаъҳо ва адабиёти зикршуда, таърихи водии Вахиёро метавон то андозае равшан сохт. Вахиё дар давраҳои мухталифи таърихи бо номҳои гуногун ёд гардида, ҷузъе аз давлатдориҳои тоҷиконро ташкил намуда, баъзан зидди халқҳои бегона мубориза бурда, арзишҳои бузурги таърихиву фарҳангӣ ва ҷуғрофии хешро ҳифз сохтаанд. Чуноне ки профессор Муҳтарам Ҳотам зикр намудаанд: Тавилдара, ки ҷузъе аз водии Вахиё аст, яке аз мавзеъҳои қадима буда, бо номҳои Тазисра, Тамидара ва ғайра дар махзанҳои қадима во мехӯрад. Дар асрҳои 6-7 дар минтақа давлати Кумит арзи вуҷуд намудааст, Тамисдара ҷузъи он будааст. Доир ба давлати Кумед манбаъҳои таърихию ҷуғрофии муаррихони асримиёнагии мусалмон ва чиноӣ маълумотҳои мухталиф вуҷуд дорад.
Кумед (Кумето) дар сарчашмаҳои чинӣ бо номи Тсзюймито (Kiu-mi-tho) омадааст. В.В. Бартолд қайд мекунад, ки Кумедро Ибни Руста — «Кумиз» ва Яъқубӣ - «Кумод» ном бурдаанд.
Доир ба мавқеияти ҷуғрофии Кумед низ дар байни донишмандон ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад. Баъзеҳо онро дар водии Рашт, баъзе дар болооби дарёҳои Кофарниҳон ва Сурхон ва гурӯҳе дар ҳудуди ноҳияҳои имрӯзаи Дарвоз ва қисми ғарбии Бадахшон ҷустуҷӯ намудаанд.
В.В. Бартолд ба муқобили он ақида баромада буд, ки гӯё Кумед дар водии Рашт ҷойгир шуда бошад. Ҳанӯз дар ибтидои асри XX дар асари худ «Туркистон дар даврони тохтутози муғулҳо» В.В. Бартолд Кумедро дар баробари Рашт ва дигар ноҳияҳо ном мебарад. Бори дигар дар мақолаи худ «Қаротегин» вай менависад: «Кишвари «комедҳо» ин албатта Кумеди ҷуғрофияшиносони мусулмонӣ, Тсзюй-ми-дои сайёҳони чинӣ мебошад. Мусулмонҳо ин минтақаро дар соҳили дарёи Вахш, поёнтар аз Қаротегин ҷой медиҳанд; ба ҳайати он имкон дорад Дарвоз ва қисми шимолии Бадахшон дохил мешуданд. Зеро мувофиқи шаҳодати чиниҳо аз тарики Кумед роҳ аз Хуттал (ноҳияи байни Панҷ ва Вахш) ба Шуғнон мегузашт».
Дар асари “Ҳудуд ул олам” зикр гардидаст, ки “Вахшоб, ки аз минтақаи Харлух бармехост, аз арози Фомир (Помир), Рашт ва Кумед мегузашт” Академик Бобоҷон Ғафуров зикр намудаанд, ки: “Сайёҳи асри 7 –и чин Сюан – сзян (қарибии солҳои 639-645) Тахористонро тасвир карда, дар бораи бисёр мулкҳои вилояти он хабар медаҳад. Аз ҷумла, ... мулки Сзюй-ми-то (Қумот, ки дар ким – куҷои ноҳияҳои Қаротегину Дарвозу Ванҷ воқеъ буд) ёдоварӣ намудааст.
Инчунин, дар китоби бисёрҷилдаи таърихи халқи тоҷик, ки дар асоси манбаъҳои навишта шудааст, қайд мегардад, ки Сюан сзян ба тавсифи Тахористон пардохта, сипас 27 мулки ин сарзаминро шарҳ додааст. Пеш аз ҳама мулкҳое тасвир мешаванд, ки дар шимоли Амударё аз ғарб ба шарқ ҷойгиранд. Ғарбтарин мулк Тирмиз буд. Дар шарқи он Чағониён воқеъ буд. Баъдан Аҳорун ва Шумон – мулкҳои хурде , ки онҳоро туркҳо идора мекарданд, инчунин, Қубодиён, Вахш, Хуттал ва Кумед ҷой доштанд.
Баъдан ба тавсифи Шуғнон ва Вахон пардохта, зикр месозад, ки Шуғнон аз шимол бо Кумед ҳамсарҳад буд.
Сипас, муаррихон дар қисмати тавсифи ҳудуди давлати Сомониён қайд намуданд, ки ин давлат аз ду ҳудуди бузург: Мовароуннаҳру Хуросон иборат буд. Ба Мовароуннаҳр ҳамаи вилоятҳое дохил мешуданд, ки дар шимол ва шарқӣ Амударё ҷойгир буданд: Бухоро, Самарқанд, Устурушан, Чоч-Илок, Фарғона, Исфиҷоб, Ҳафтруд, Кеш-Насаф, Чағониён, Хуттал, Қубодиён, Аҳорун, Шумон, Вашгирд, Рашт, Кумед, Бадахшон, Каррон, Шуғнон, Вахон ва Рушон. Ин гуфтаҳои муаррихони варзида, ки дар асоси манбаъҳои боэътимод таълиф гардидаанд, метавонанд ба ихтилофи ҷойгиршавии мулки Кумед то андозае равшанӣ андозанд. Зеро, баъзе муаррихон Кумедро ба Рашт, Дарвоз ва ё дигар ҳудуд марбут медонанд, вале дар инҷо олимон дар қатори Кумед ҳам Рашту Дарвоз, Шуғнону Рушон ва ҳам Вашгирдро дар аҳди Сомониён зикр сохтаанд. Муҳимтар аз ҳама, иброз намудаанд, ки дар қисмати болооби дарёи Вахш вилояти Кумед воқеъ буд, ки баъзе ҳудудҳои имрӯзаи Дарвоз, қисматҳои ҳаммарзи Қаротегин ва Бадахшони Шимолиро дар бар мегирад.
Ҳамин тавр, доир ба таърихи Вахиё манбаъҳои мухталиф маълумоти заруриро зикр намудаанд ва имрӯз моро зарур аст, ки ба таҳлили ҷиддии илмии онҳо пардозем. Инчунин, дар ин радиф бояд таҳқиқоти бостоншиносӣ ба роҳ монда шавад. Зеро, водии Вахиё таърихи бостонӣ ва бой дошта, мардуми он аз зумраи посдорони таъриху фарҳанги ориёӣ ва забони ноби тоҷикӣ дониста мешаванд. Ёдгориҳои таърихии водӣ, махсусан, мазори Ҳазрати Бурхи Валӣ (бо таърихи зиёда 3-5 ҳазорсола), бозёфти табари биринҷӣ аз наздикии деҳаи Сангвор дар соли 1932 (ба андешаи бостоншиноси маъруф Б. Литвинский табар ба давраи асри биринҷ марбут буда, тақрибан ба ҳазораи 2юми п.м. рост меояд), соли 1982 маконҳои таърихии Қалъаи Шер – 1, Қалъаи Шер – 2 ва Қалъаи Лохарв (талафузи маҳаллии он Лулихарвӣ) ва ғайра кашф гардиданд, ки таърихи кӯҳани ин водиро бозгӯӣ месозанд.
Бояд қайд намуд, ки афзоиши аҳолӣ дар водӣ вобаста ба ҳуҷумҳои аҷнабиён дар давраҳои мухталифи таърихӣ ба сарзаминҳои тоҷикон афзоиш ёфтааст.
Тибқи маъумоти мардумшиносон, аҳолии минтақаҳои кӯҳистон – Кулобу Зарафшон, Қаротегину Дарвоз, махсусан, водии Вахиё дар замони ба Осиёи Миёна ҳуҷуми арабҳо (асрҳои VII - VIII), ҳангоми хуруҷ (1218-1220) ва ҳукумронии муғулҳо (то солҳои 80-уми асри XIV) ба Мовароуннаҳру Хуросон авҷи гурезагон ба минтақаҳои кӯҳистон баҳри паноҳ бурдан аз зулму истибдоди аҷнабиён зиёд гардида, қисме аз аҳолии ин водиҳоро ташкил намуданд. Водии Вахиё мисли дигар водиҳои душворгузари кӯҳӣ макони амн ва паноҳгоҳи муносиб аз таъқиботи ин халқҳои бегонаи нуфуз пайдокардаи турку турктаборҳо (Темуриён- солҳои 80-уми асри XIV-XV, Шайбониён-асри XV, Ҷониён-асри XVI, Манғитиҳо-1753-1920 гардида буд. Кам нестанд, мисолҳои ба ин диёр аз билоди Қошқар, Хуросон, Самарқанд ва ғайра кӯчидани тоҷикон ва зиндагии доимӣ ихтиёр сохтани онҳо гардидааст, ки ин равандро бори дигар шеърии шоири маъруф охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ – и тоҷик Мулло Ёр тасдиқ месозад:
Кори ӯзбак ҳамагӣ ҳиллаи беҷо бидабас,
Оқибат ҳосили кораш раҳи Вахё бидабас. ...
Маълумотҳои зиёди марудумшиносӣ ва таърихӣ далолат мекунанд, ки марудми водии Вахиё қисман аз водии Ёхсу низ муҳоҷир гардида, зиндагии доимӣ ихтиёр сохтаанд Аз ин лиҳоз, ҳамбастагии зичи расму оин ва дигар анъанаҳои рӯзгордории мардуми водии Вахиё бо мардуми Шуробод, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувони вилояти Хатлон ҳатто то имрӯз вуҷуд дорад.
Шарқшиноси рус, А. Шишов, зикр намудааст, дар маҷрои дарёи Хингоб (оби бур ё кабудфом) мулки на он қадар калони кӯҳӣ – Вахиё воқеъ гардидааст. Аз ҷиҳати маъмурӣ Вахиё ба бекигарии Дарвоз итоат мекунад ва сардори бевоситаи худро дорад, ки Тойдарё – ба бекигарии Дарвоз мутеъ аст, зиндагӣ мекунанд. Вахиё дар навбати худ ба ду қисм – Вахиёи Боло ва Вахиёи Поён ҷудо мешавад.
То инқилоби Октябр дар ин водӣ ҳокимиятҳои мухталифи баромади маҳаллидошта ҳукм ронда, аз нимаи аввали асри XIX водӣ зери таъсири шоҳигарии Дарвоз қарор мегирад. Пас аз ҳамроҳшавии мулки Дарвоз ба аморати Бухоро ва табдили он ба бекигарӣ (1878) ин водӣ ба чор амлокдор – Хуллоз, Тавилдара, Сағирдашт ва Вахиёи Боло ҷудо гардида, дар ҳайати бекигарии Дарвоз қарор мегирад.
Бо падид омадани ҳаракатҳои инқилобӣ, сарнагун гардидани тартиботӣ амирӣ ва ташкилёбии ҶХШ Бухоро (10 сентяри соли 1920) то санаи 9 апрели соли 1921 дар тамоми ҳудуди Қаротегину Дарвоз кумитаҳои инқилобӣ ташкил ёфтанд. Вале дар аввал ҳаёти аҳолии водии Вахиё боз ба маротиб бадтар гардид, зеро вобаста ба мавқеъи ҷуғрофӣ ба яке аз макон ва ё охирин қароргоҳи дастаҳои босмачигарӣ табдил ёфта буд. Вале тобистони соли 1923 водии Вахиё пурра аз дастаҳои босмачиён озод ва Ҳокимияти Шуравӣ аз сари нав барқарор карда шуд.
Моҳи декабри соли 1930 дар асоси қарори конференсияи якуми ҳизбии вилояти Ғарм дар ҳудуди Вахиёи Поён – собиқ амлокдориҳои Чилдара ё Хуллоз ва Тавилдара ноҳияи Тавиладара ташкил карда шуд, ки ба ҳайати он деҳшуроҳои Чилдара, Тавилдара, Шугноб, Вахиё, Сағирдашт дохил мешуданд. Шугноб дар масофаи 38 км аз Тавилдара ҷойгир мебошад, ки дар нимаи дуюми солҳои 30 – юм ба ноҳияи Ховалинг ҳамроҳ карда шуд. Аз моҳи феврали соли 1931 то соли 1938 ноҳияи Тавилдара бевосита дар тобеъияти ҷумҳурӣ қарор гирифт. Пас аз соли 1938 боз ҳамчун ноҳия ба вилояти Ғарм ҳамроҳ гардид.
Охири солҳои 30-юм дар ҳайати ноҳияи Тавилдара 8 деҳшуро: Сафедорон, Сағирдашт, Пуштароғ, Гурхамб, Деҳи Калон, Хамдара, Ҳафтчироғ ва Чилдара боқӣ монда буд. Соли 1940 аз ҳисоби деҳшурои Чилдара деҳшурои нав – Сурхав таъсис ёфт.
Вахиёи Боло бошад, аз соли 1920 то 1924 пурра ба ҳайати тумони Дарвози вилояти Ғарми ҶХШ Бухоро шомил гардида буд. Вале солҳои 1924-1929 бо такилёбии тумони Тавилдара қисман ба он ва қисман дар ҳайати тумонҳои Дарвоз вилояти Ғарм қарор гирифт. Солҳои 1929-1931 пурра тобеъи тумон ва баъдан ноҳияи Тавилдара гардид. Аммо, соли 1936 аз ҳисоби чанд деҳшурои Вахёи Боло – Арғанкул, Миёнаду ва қисми дуюми Лоҷирк бо қарори КИМ ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Сангвор дар тобеъияти ҷумҳурӣ ташкил ёфт, ки то соли 1938 ҳамчун воҳиди маъмурӣ ба тобеъияти бевоситаи ҷумҳурӣ буд. Баъдан, солҳои 1938-1939 мувақатан тобеъи вилояти Ғарм гардид.
Вале дар асоси қарори КМ ҲК Тоҷикистон чун дигар сокинони ноҳияҳои камзамин, аҳолии ин водӣ дар ду давра солҳои 30-юм ва солҳои 50-уми асри ХХ ба водии Вахш муҳоҷир карда шуданд. Мувофиқи маълумоти соли 1932 дар ин водӣ 176 деҳа бо 29 529 нафар аҳолӣ мавҷуд буд, ки пас аз муҳоҷират танҳо 3 231 нафар аҳолӣ дар ин водӣ боқӣ монд. Дар натиҷа соли 1952 ноҳияи Сангвор ва соли 1955 ноҳияи Тавилдара барҳам дода шуда, ҳамчун деҳшуро ба ноҳияи Нуробод (собиқ Комсомолобод) ва қисман ба ноҳияи Дарвоз дохил гардиданд.
Ҳамин тавр, водии Вахиё дар замони мавҷудияти низоми шуравӣ ба яке аз минтақаҳои муҳими кишоварзӣ, хусусан, соҳаи чорводорӣ ва замбуриасалпарварии мамлакат табдил ёфта буд. Вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар водӣ низ беҳтар гардида буд, аз ин лиҳоз, пас аз солҳои 70-ум баргаштани баъзе аз аҳолии маҳаллӣ, ки муҳоҷир гардида буданд, ба ин водӣ оғоз гардид. Дар натиҷа, 13 феврали соли 1991 аз нав ноҳияи Тавилдара ташкил ёфт. Соли 2016 ноҳияи мазкур номи ноҳияи Сангворро гирифт.
Бояд ёдовар шуд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо сабаби доман паҳн намудани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ин водиро низ ба ком хеш кашид, дар натиҷа, хисороти зиёдӣ ҷониву молиро ба миён овард, ҳатто, бо сипарӣ гардидани солҳои зиёд мушкилоти ин низоъ ҳамоно эҳсос мегардид. Ба коми оташ рафтани ифрасохторӣ зарурӣ, манзилҳои истиқомативу маишӣ, афзоиши шумораи ятимону бепарасторон ва ғайра то имрӯз аз оқибатҳои нафратоварӣ ин ҷанг дар ёдӣ мардум боқӣ мондааст. Вале, хушбахтона бо талошу кушишҳо, ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҷонисориҳо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дигар манотиқи кишвари азизамон дар ин водӣ низ, суботу оромӣ таъмин гардида, умеди аҳолиро ба ояндаи дурахшон ба вуҷуд овард. Бори нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1998 ба ноҳия сафар намуда, аз ҳолу аҳволи мардум воқиф гардида, саҳми арзандае дар роҳи бедории тафаккури миллӣ – ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, муттаҳидӣ ва ояндаи дурохшон гузоштанд. Зери сиёсати Пешвои миллат вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия пайваста беҳтар гардидаст. Танҳо ба истиқболи 30 солагии истиқлоли давлатӣ (аз соли 2016 то соли 2021) 107 иншоот сохта ба истифода дода шудааст, ки аз дастовардҳои рушди ноҳия дарак медиҳанд.
Мувофиқи маълумоти соли 2021 дар ин ноҳия 5 ҷамоати деҳот: Чилдара, Тавилдара, Вахё ва Ваҳдат иборат аз 90 деҳа бо зиёда аз 22 ҳазор аҳолӣ мавҷуд мебошанд.
Шуғли асосии аҳолии маҳалиро кишоварзӣ (боғдорӣ, зироаткорӣ, чорводорӣ, замбуриасалпарварӣ) ташкил медиҳад. Ҳамзамон, бо ҷорӣ гардидани сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар дар ноҳия тибқи маълумоти соли 2021 4 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ба бунёди чандин корҳонаҳои саноатии дигар асос гузошт. Дар корхонаҳои зикршуда 349 нафар фаъолият менамоянд ва маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар семоҳаи соли 2021 6 млн 995 ҳазору 300 сомониро ташкил намудааст.
Ҳамин тавр, бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии водӣ чун дигар манотиқи Тоҷикистон ба маротиб беҳтар гардида, аҳолӣ дар фазои сулҳу оромӣ ва муттаҳидӣ умр ба сар бурда, саҳми хешро дар шукуфоии ватани азизамон гузошта истодаанд.









