Дар шароити муосир баъзе афрод ва гурӯҳҳое, ки берун аз кишвар фаъолият мекунанд, худро ҳамчун ҳомии манфиатҳои мардум муаррифӣ менамоянд.  Вале, ҳар як шаҳрванди огоҳ суханон ва даъвоҳои онҳоро бо андешаи таҳлилӣ арзёбӣ мекунад. Онҳо изҳорот ва шиорҳои сохтаву бофта ва иғвову туҳмату буҳтону дасисабозиро барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳояшон истифода мебаранд. Аммо бехабар аз он, ки имрӯз мардум дигар мардуми давроне, ки пойбанди фиреби онҳо  шуда буданд, нестанд. Имрӯз мардум, бахусус ҷавонон фаъолияти ҳар шахс ё гурӯҳро назорат мекунанд, дар зеҳну ақлҳо месанҷанду дар тарозӯи ақл бармекашанд ва он ҷониберо нигоҳ мекунанд, ки манфиатҳои миллӣ, сулҳу субот ва рушди ҷомеаро болотар аз манфиатҳои хеш медонанд. Ва ба “хизмат”-ҳои Муҳамадиқболу Муҳиддин Кабирӣ алакай ошноанд, ки онҳо ба ҷуз манфиатҳои худашон дигар чизе беш намехоҳанд. Оё шумо боре зеҳн мондаед, ки онҳо дар хориҷ ҳам, даст ба гиребони ҳамдигаранд?! Оё ин манфиатхоҳӣ нест?!
Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки пешрафти давлат танҳо дар фазои оромӣ, ваҳдат ва эҳтиром ба қонун имконпазир аст. Ҳар гуна даъватҳое, ки боиси тафриқа, бадбинӣ ё нооромии ҷомеа мешаванд, аз ҷониби ҳар худогоҳе маҳкум карда мешаванд.  

Бинобар ин, ҷомеа миёни танқиди созанда ва суханоне, ки танҳо барои барангехтани эҳсосот ва ҷалби таваҷҷуҳ гуфта мешаванд, фарқ гузоштанро кайҳо омӯхтааст.

Имрӯз Тоҷикистон дар роҳи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад. Ҳифзи ин дастовардҳо аз ҳар як шаҳрванди ватандӯст масъулияти баландро талаб мекунад. Ба ҷойи паҳн намудани ихтилоф, ҷомеа  ваҳдат, меҳнат, дониш ва ҳамдигарфаҳмиро интихоб кардааст.
Ҳар касе, ки воқеан ободии Ватанро мехоҳад, бояд андеша ва пешниҳодҳои худро дар доираи қонун, бо эҳтиром ба ҷомеа ва бо далелҳои асоснок баён намояд. На мисли сагони аккосзананда:  Муҳиддин Кабирӣ , Муҳамадиқболи Садриддин  ва ҳаммаслакону пайравони онҳо бо дурӯғ, ки оқибат бефурӯғ асту онҳо бозии иттилоотиро ба роҳ монда, мехоҳанд боз мардумро ба гирдоби тафриқа гарқ созанд.   Таҷрибаи бисёр кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои ифротӣ ва тундгаро аксаран барои ҷалби ҷонибдорон аз усулҳои гуногуни таблиғотӣ ва иғвоангез истифода мебаранд. Онҳо мекӯшанд бо истифода аз мушкилоти иҷтимоӣ, эҳсосоти мардум ва имкониятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ афкори ҷомеаро ба самти дилхоҳи худ равона созанд. Ҳадафи чунин гурӯҳҳо ба даст овардани нуфуз, таъсир ё қудрати сиёсӣ мебошад.
Дар шароити рушди технологияҳои иттилоотӣ паҳн намудани маълумоти носаҳеҳ, овозаҳо ва наворҳои таҳрифшуда хеле осон гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди масъул бояд пеш аз бовар кардан ба ҳар гуна хабар манбаи онро санҷад ва танҳо ба иттилои расмӣ ва боэътимод такя намояд. Паҳн намудани маълумоти беасос  вазифаи ин гурӯҳҳо буда, онҳо ба хотири манфиатҳои хеш ва қудрат

худро нишон медиҳанд... Аммо дар асл, онҳо “Шерони майдонғариб” буда,  бастаи ресмони хоҷагони хориҷианд...

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз солҳои душвори таърихӣ ба Истиқлоли давлатӣ ва  сулҳу ваҳдати миллӣ ноил гардид. Ин дастовардҳои бузург бо заҳмат ва талошҳои зиёд ба даст омадааст. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳу субот, эҳтиром ба қонун ва ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҳар гуна кӯшише, ки мардумро ба душманӣ, тафриқа ва нооромӣ даъват мекунад, ба манфиати ҷомеа нест.
Ҷавонон бояд дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушёр бошанд, таҳлилгарона андеша кунанд ва ба таблиғоти иғвоангез дода нашаванд. Ояндаи давлат дар дасти ҷавонони соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъулиятшинос аст. Танҳо бо дониш, фарҳанги сиёсӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ метавон суботи ҷомеа ва пешрафти кишварро ҳифз намуд.

Дар ҷаҳони муосир фазои сиёсӣ ва иттилоотӣ бо суръати бесобиқа тағйир меёбад. Бо рушди технологияҳои рақамӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ имконияти дастрасӣ ба иттилоот васеъ гардидааст. Дар баробари ин, паҳн гардидани хабарҳои носаҳеҳ, маълумоти таҳрифшуда ва даъватҳои иғвоангез низ ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, таҳкими амнияти иттилоотӣ, ҳифзи суботи ҷомеа ва баланд бардоштани фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон аҳамияти махсус пайдо кардааст.
Ин гурӯҳҳои дарбадару хокбасар фаъолияти худро ҳамчун «ислоҳот», «озодандешӣ» ё «ҳимояи ҳуқуқ» муаррифӣ менамоянд. Аммо ҷомеа дигар  ҳар гуна иддао ва маълумотро бо назари таҳлилӣ арзёбӣ намуда, ба манбаъҳои боэътимод такя мекукунад, ба сагони биёбониву саҳроӣ.

Таърихи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дарси бузург аст. Ҷанги шаҳрвандӣ ба кишвар талафоти бузурги ҷонӣ ва иқтисодӣ расонд. Ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд, ҳазорон оила аз ҳам пошиданд ва иқтисоди миллӣ зарари ҷиддӣ дид. Ин буд, ки ҳифзи сулҳ ва пешгирии ҳар гуна ихтилофро мо миллати тоҷик ва ватандор  вазифаи ҷониву имонии худ мешуморем.

Дар ин шабакаҳо ҳар рӯз ҳазорҳо хабар, навор ва мавод нашр мешавад. Ҳаргиз таблиғоти иғвогарон  воқеиятро инъикос намекунанд. Аз ин рӯ, шаҳрвандон медонанд, ки пеш аз қабул ё паҳн намудани ҳар гуна хабар манбаи онро санҷанд ва танҳо ба маълумоти расмӣ ва боэътимод такя намоянд.

Ҳаракати ба ном ислоҳотхоҳон аст, ки бо роҳбарии Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар сагони дайдуи атрофи онҳо  ба ҷуз фитна ва ихтилоф дигар ҳунаре надорад.
Агар ба мисоли ҳақиқӣ нигарем ин гурӯҳ ҳам ба монанди наҳзат ё яке аз ҳамон решаи ҳизби наҳзат аст, ки фақат нооромиро мехоҳаду халос.
Чунин ҳизбу ҳаракатҳои иғвоангезро халқи Тоҷикистон медонад, ки бо истифодаи шиорҳои зебо, аммо бо ҳадафҳои пинҳонӣ амал карданду мекунанд. Мардум имрӯз ҳушёру зирак аст, ҳеҷ як гуруҳ наметавонад онҳоро бо дасисаву иғвову туҳмату буҳтон бо роҳи дигар барад, эй шерони майдонғгариб....

Абдулло Олимзода,  
муовини раиси но
ҳияи Сангвор