15-уми октябр дар ноҳияи Сангвор Ҷашни Меҳргон бо тантанаи вижа ва иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва сокинони ноҳия таҷлил гардид.
Чорабинӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнатии деҳқонон ҷараён гирифта, бозгӯкунандаи ҳосили заҳмат, баракати замин ва самараи меҳнати софдилонаи кишоварзон буд. Дар ин рӯз гӯшаҳои намоишӣ бо навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ оро ёфта, дастархонҳои идона бо анвои меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти дастранҷи деҳқонон ҳусни тоза касб карданд. Ҳар як намоишгоҳ гӯё достони саховати замин ва заҳмати мардуме буд, ки бо меҳнати ҳалол ризқу рӯзии ҷомеаро таъмин менамоянд.
Зимни баргузории чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар суханронии худ таъкид кард, ки бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашну суннатҳои бостонии миллати тоҷик эҳё гардида, имрӯз ба василаи муҳими арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои ниёгон табдил ёфтаанд.
Зикр гардид, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёитабор буда, рамзи фаровонӣ, баракат, шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва қадрдонии заҳмати кишоварзон маҳсуб меёбад. Таҷлили он барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба меҳнат ва таҳкими анъанаҳои неки мардумӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён гардида, бо суруду таронаҳои дилнишин ва баромадҳои ҳунарӣ фазои идона боз ҳам шукӯҳи тоза гирифт. Меҳргон дар ноҳияи Сангвор бори дигар нишон дод, ки ин ҷашни бостонӣ на танҳо таҷассумгари баракати замин ва самараи меҳнати деҳқонон, балки василаи гиромидошти мероси фарҳангӣ, таҳкими ҳамбастагии мардум ва арҷгузорӣ ба заҳмати аҳли кишоварзӣ мебошад.
Идизода Қурбоналӣ









