Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси ифтихори миллӣ таҷлил гардид.
Чорабинии тантанавӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Сангвор Тоҷиддин Нурмаҳмадзода, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони сохторҳои қудратӣ, собиқадорони меҳнат, шахсони хизматнишондода ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Нахуст, раиси ноҳияи Сангвор Тоҷиддин Нурмаҳмадзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид намуд, ки ин санаи муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҷойгоҳи хоса дошта, рамзи эҳтиром ба давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Зимни суханронӣ раиси ноҳия аз аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, нақши онро дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва фароҳам овардани заминаи сулҳу субот муҳим арзёбӣ кард. Ҳамзамон, аз талошу ҷонфидоиҳо ва хизматҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва пешрафти Тоҷикистон ёдовар гардид.
Дар идомаи чорабинӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи собиқадорони меҳнат ва шахсони хизматнишондодаи ноҳия, ки дар давраҳои гуногун баҳри ободиву пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд, қардонӣ ва эҳтиромашон ба ҷо оварда шуд.
Раиси ноҳия зимни қадрдонӣ саҳми собиқадоронро дар тарбияи насли ҷавон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ назаррас арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки эҳтиром ба хизматҳои насли калонсол ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои онҳо вазифаи муҳими ҷомеа мебошад.
Чорабинӣ бо барномаи рангини фарҳангӣ ва ҳунарии аҳли фарҳанги ноҳия идома ёфта, суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсу мусиқии миллӣ ба тантанаи идона ҳусни дигар зам намуданд.
Туйчӣ Нурзода









