Бахшида ба Рӯзи Миллитсия
Имрӯз дар ноҳияи Сангвор ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ дар толори барҳавои Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Сангвор Тоҷиддин Нурмаҳмадзода, фаъолону сокинон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони соҳа, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони мақомоти қудратӣ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд.
Нахуст, Тоҷиддин Нурмаҳмадзода, раиси ноҳияи Сангвор зимни суханронӣ кормандони милитсияро ба муносибати иди касбиашон табрик намуда, аз нақши муҳим ва хизматҳои шоистаи онҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва суботу оромии ҷомеа ёдовар гардид. Раиси ноҳия, ҳамзамон, ба фаъолияти милитсия дар давраҳои ҳассоси таърихии кишвар, бахусус солҳои кашмакашиҳои сиёсию нооромиҳо дар ноҳияи Сангвор, таваҷҷуҳ намуда, саҳму талошҳои кормандони ин ниҳодро дар ҳифзи амният ва барқарорсозии суботу оромӣ муҳим арзёбӣ кард.
Сипас, сардори ШВКД дар ноҳияи Сангвор Файзулло Раҳимзода баромад намуда, тамоми кормандони милитсияро ба муносибати Рӯзи касбиашон самимона табрик гуфт. Ӯ аз масъулияти баланди касбӣ, садоқат ба савганди хизматӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти хизматӣ ёдовар шуда, кормандонро ба иҷрои софдилонаю масъулиятноки вазифаҳои хизматӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон ҳидоят намуд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони мақомоти милитсия, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, таъмини амнияту тартибот ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштаанд, бо сипосномаву ифтихорномащо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Чорабинии тантанавӣ дар фазои эҳтиром ба заҳмати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаи онҳо баргузор гардида, бори дигар муҳимияти нақши милитсияро дар таъмини суботу амният ва зиндагии осоиштаи ҷомеа таъкид намуд. Инчунин барномаи тафреҳӣ-фарҳангӣ бахшида ба ин санаи таърихӣ пешниҳоди тамошобинон гардид.
Қурбоналӣ Идизода









