Дар ноҳияи Сангвор ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта баргузор гардид.

Дар ин чорабинии идона намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонону варзишгарон, омӯзгорон, фаъолони ҷомеа ва сокинони ноҳия иштирок намуда, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ аз кӯчаҳои маркази ноҳия роҳпаймоӣ намуданд.

Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо парчамҳои давлатӣ ва шиорҳои ватандӯстона ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ эҳтиром ва садоқати худро ба Ватан ва арзишҳои истиқлол ифода карданд.

35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон санаи муҳим ва таърихӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 9 сентябри соли 2026 баргузор мешавад. Дар доираи омодагӣ ба ин ҷашни бузург дар ноҳияи Сангвор низ корҳои созандагиву ободонӣ ва омодагӣ ба истифодаи иншооти иҷтимоӣ идома доранд. Аз ҷумла, дар ноҳия барои истиқболи сазовори ҷашн як қатор корҳои бунёдкорӣ амалӣ гардида истодаанд.

Роҳпаймоии осоишта дар ноҳияи Сангвор бори дигар нишон дод, ки сокинони ноҳия бо эҳсоси баланди худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро истиқбол гирифта, барои ободии Ватан, таҳкими сулҳу субот ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоштан мехоҳанд.

Қ. Идизода