Истиқлол рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ҳастии миллат, кафили сулҳу субот ва заминаи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Маҳз ба шарофати Истиқлол парчами давлатии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ парафшон буда, садои истиқлолхоҳӣ ва ватандӯстии миллати тоҷик баланд садо медиҳад.

Ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор роҳпаймоии осоишта ва бошукӯҳи сокинон бори дигар низ баргузор гардид.

Дар ин чорабинии идона сокинону кормандони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону хонандагон, ҷавонон ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ иштирок намуданд.

Иштирокдорони роҳпаймоӣ бо парчамҳои давлатӣ, шиору овезаҳои ватандӯстона ва рамзҳои ҷашнӣ фазои идонаро боз ҳам рангоранг намуда, муҳаббату садоқати хешро ба Ватан ва давлату миллат ифода карданд.

Роҳпаймоии осоишта аз гӯшаҳои гуногуни ноҳия гузашта, баёнгари ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа, сулҳу оромӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ гардид. Ҳузури фаъолонаи ҷавонону хонандагон дар ин чорабинии муҳими сиёсиву фарҳангӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки насли наврас бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ба арзишҳои истиқлол арҷ мегузорад.

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон дастоварди муқаддас ва сарчашмаи ифтихори миллӣ мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил роҳи созандагию ободониро пеш гирифта, таҳти роҳбарии давлат ва дар заминаи сулҳу ваҳдати миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Сокинони ноҳияи Сангвор бо рӯҳияи баланди идона ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ роҳпаймоӣ намуда, бо меҳру муҳаббат ба Тоҷикистони азиз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд.

Туйчӣ Нурзода