Раиси ноҳия ба ҳашари ободонӣ баромад.

Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ободу зебо гардонидани кӯчаву маҳаллаҳо ва беҳтар намудани симои зоҳирии ноҳия имрӯз дар ноҳияи Сангвор ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.

Дар ин маъракаи ободонӣ раиси ноҳияи Сангвор Нурмаҳмадзода Тоҷиддин шахсан иштирок намуда, нахустин шуда, бел ба даст гирифтанд ва дар баробари дигар иштирокчиён ба корҳои тозагиву ободонӣ машғул шуданд.

Иштироки бевоситаи раиси ноҳия дар ин иқдом бозгӯи таваҷҷуҳ ба корҳои созандагӣ ва даъват ба саҳмгузории ҳамагон дар ободонии маҳалли зист мебошад.

Дар ҳашар муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва кормандону дигар фаъолон низ иштирок намуда, бо анҷом додани корҳои тозакунӣ, ҷамъоварии партовҳо ва ба тартиб даровардани кӯчаву роҳҳо дар ободии диёр саҳм гузоштанд.

Бояд гуфт, ки тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ободонии маҳал аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки таваҷҷуҳи доимӣ ва иштироки фаъоли ҳар як сокинро тақозо менамоянд. Зеро симои ҳар як маҳал пеш аз ҳама аз фарҳанги шаҳрдорӣ, масъулиятшиносӣ ва меҳнати сокинони он шаҳодат медиҳад.

Туйчӣ Нурзода