Имрӯз раиси ноҳияи Сангвор Тоҷиддин Нурмаҳмадзода зимни сафари корӣ ба ҷамоатҳои деҳоти Заршӯён ва Ваҳдат бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, ва дигар шахсони масъулу мутасаддӣ рафта, бо сокинон мулоқот анҷом дод.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ ба масъалаи бартараф намудани мушкилоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зарурати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва тақвияти фаъолияти соҳаҳои мазкурро таъкид кард. Зикр гардид, ки рушди ҳар як маҳал аз фаъолияти босамари соҳаҳои иҷтимоӣ ва масъулияти роҳбарони онҳо вобастагии мустақим дорад.
Дар идомаи мулоқот масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор доир ба вазъи тартиботи ҷамъиятӣ, омилҳои ба ҷинояткорӣ мусоидаткунанда ва зарурати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни наврасону ҷавонон андешаронӣ намуданд.
Ҳамчунин, масъалаи пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, мубориза бо терроризму экстремизм ва ҳифзи ҷавонон аз таъсири ақидаҳои ифротӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқот ба ҳисоб мерафт. Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳони муосир баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ, тарбияи дурусти насли наврас, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории пайвастаи оила, муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти дахлдор зарур мебошад.
Яке аз масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ ободониву созандагӣ ва бунёду азнавсозии иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва хоҷагии халқ буд. Раиси ноҳия таъкид намуд, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани маҳалҳо истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, ҷалби сармоягузорӣ ва сафарбар намудани соҳибкорону шахсони саховатпеша ба корҳои созандагӣ муҳим мебошад.
Дар баробари ин, масъалаи дастгирии пайвастаи оилаҳои ниёзманд, беморон, маъюбон ва шахсони барҷомонда низ аз мадди назар дур намонд. Раиси ноҳия ба масъулини дахлдор дастур дод, ки аз вазъи зиндагии чунин қишри ҷомеа мунтазам огоҳ бошанд, мушкилоти онҳоро пайгирӣ намуда, дар доираи имкониятҳо ҷиҳати расонидани кӯмак ва дастгирии иҷтимоӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бо дарназардошти фаро расидани фасли сармо, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, захираи маводи зарурӣ ва таъмини фаъолияти муназзами муассисаҳои иҷтимоӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки масъулини соҳаҳо ва роҳбарони ҷамоатҳои деҳот бояд омодагии муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳимро ба фасли зимистон зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Истифодаи мақсаднок ва сарфакоронаи неруи барқ, пешгирии талафоти он ва риояи қоидаҳои истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, бахусус аз ҷониби наврасону ҷавонон, аз масъалаҳои дигари матраҳгардида буданд. Дар ин робита, зарурати баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон, истифодаи оқилонаи технологияҳои иттилоотӣ ва пешгирии таъсири манфии муҳтавои номатлуби шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот сокинон низ доир ба масъалаҳои мавҷуда, мушкилоти рӯзмарраи маҳал ва пешниҳодҳои худ ибрози назар намуда, масъалаҳои нигаронкунандаи худро ба миён гузоштанд. Раиси ноҳия ба ҳар як масъалаи бардошташуда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулини соҳаҳо ҷиҳати омӯзиш, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо супоришҳои дахлдор дод.
Н. Алиева









