Имрӯз Тоҷиддин Нурмаҳмадзода, раиси ноҳияи Сангвор бо иштироки роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла намояндагони мақомоти амният, Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, прокуратура ва суди ноҳия ва рисони ҷамоатҳову роҳбарони ташкилоту муассисаҳо бо сокинони Ҷамоати деҳоти Тавилдара вохӯрӣ доир намуд. Дар мулоқот як қатор масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, маишӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди маҳал алоқаманданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ таъкид намуд, ки ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва пешрафти ҳар як маҳал ҳамкории пайвастаи мақомоти давлатӣ, роҳбарони сохторҳо ва сокинонро тақозо менамояд. Дар ин замина, масъалаи иҷрои саривақтии уҳдадориҳои андозӣ баррасӣ гардида, зарурати масъулиятшиносии шаҳрвандон дар иҷрои уҳдадориҳои қонунӣ таъкид карда шуд. Зикр гардид, ки воридоти пурраи андозҳо ба буҷет барои татбиқи нақшаҳои ободонӣ, беҳтар намудани инфрасохтор ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамчунин, масъалаи таъмини сокинони маркази ноҳия бо оби нӯшокӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, оид ба зарурати беҳтар намудани низоми обтаъминкунӣ, нигоҳубини қубурҳои обгузар ва истифодаи сарфакоронаи об андешаронӣ карда шуд. Дар баробари ин, вазъи санитариву экологӣ, ҷамъоварӣ ва интиқоли партовҳо ба партовгоҳи муайяншуда низ баррасӣ гардид. Раиси ноҳия таъкид намуд, ки тозагии муҳити зист масъулияти танҳо сохторҳои коммуналӣ набуда, ҳар як сокин бояд дар ҳифзи тозагии кӯчаву маҳалла ва ҷойҳои ҷамъиятӣ саҳмгузор бошад.
Дар идомаи вохӯрӣ масъалаи ба дарс ҳозир шудани хонандагон ва масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон низ мавриди муҳокима қарор гирифт. Зеро фарогирии пурраи кӯдакон ба таҳсил, иштироки мунтазами онҳо дар дарсҳо ва назорати рафтору фаъолияти насли наврас яке аз вазифаҳои муҳими оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти наздик омадани фасли сармо, раиси ноҳия ба масъалаи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Аз ҷумла, зарурати ташкили ҳашарҳои дастҷамъона, тоза намудани ҷӯйборҳо, селроҳаҳо ва қубурҳои обгузар таъкид гардид. Ӯ сокинонро даъват намуд, ки дар корҳои омодагӣ ба зимистон фаъолона иштирок намуда, барои пешгирии мушкилоти эҳтимолӣ ва ҳифзи инфрасохтори маҳал саҳми худро гузоранд.
Дар баробари масъалаҳои иҷтимоӣ, вазъи ҳуқуқу тартибот ва зиёд гардидани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ низ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Роҳбарони мақомоти қудратӣ дар ин самт баромад намуда, масъалаҳои марбут ба фаъолияти сохторҳои худ, пешгирии ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини амнияти ҷомеаро шарҳу тавзеҳ доданд. Таъкид гардид, ки риояи қонун, пешгирии омилҳои номатлуб ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ вазифаи муштараки мақомоти дахлдор ва тамоми шаҳрвандон мебошад.
Ҳамзамон, раиси Ҷамоати деҳоти Тавилдара Саидбек Шарифбекзода низ баромад намуда, доир ба вазъи кунунии ҷамоат, масъалаҳои мавҷуда ва корҳои анҷомдодашаванда андешаронӣ кард. Ӯ аҳамияти ҳамкории сокинон бо роҳбарияти ҷамоат ва масъулини сохторҳоро дар ҳалли мушкилоти маҳаллӣ муҳим арзёбӣ намуда, даъват ба амал овард, ки шаҳрвандон дар корҳои ободонӣ, ҳашарҳои дастҷамъона ва ҳалли масъалаҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намоянд.
Раиси ноҳия дар ҷамъбасти вохӯрӣ сокинонро ба ҳамкории созанда, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафту ободонии маҳал даъват намуда, таъкид кард, ки ҳалли мушкилоти мавҷуда танҳо дар ҳамбастагӣ ва бо иштироки фаъолонаи ҳар як шаҳрванд имконпазир аст. Ҳамчунин, ба роҳбарони сохторҳои дахлдор ҷиҳати баррасии масъалаҳои матраҳгардида, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Н. Алиева









