«Пирони рӯзгордида ва дар обу оташи зиндагӣ обутобёфта давлати сари мо мебошанд. Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар ҳаққи онҳо, то тавонем, ғамхорӣ намоем».

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Нурмаҳмадзода,  раиси ноҳияи Сангвор ба аёдати беморон ва пиронсолон рафта, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дод.

Зимни мулоқот раиси ноҳия аз аҳволи саломатӣ ва шароити зиндагии онҳо пурсон шуда, таъкид намуд, ки ғамхорӣ нисбат ба пиронсолон, беморон ва шахсони ниёзманд яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Тоҷиддин Нурмаҳмадзода дар суҳбат бо онҳо иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ғамхору мардумпарвар буда, ҳамеша ба масъалаи беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, дастгирии оилаҳои ниёзманд, пиронсолон, беморон ва маъюбон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Раиси ноҳия зикр намуд, ки сиёсати инсондӯстона ва иҷтимоии Пешвои миллат моро водор месозад, ки нисбат ба якдигар меҳрубон бошем, ба шахсони эҳтиёҷманд дасти ёрӣ дароз намоем ва махсусан, пирони рӯзгордидаро эҳтирому қадршиносӣ кунем. Зеро ғамхорӣ ба инсон, дастгирии ниёзмандон ва расонидани ёрӣ ба шахсони дар зиндагӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ гардида, аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ ба шумор меравад.

Дар ин замина, аз суханони пурҳикмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудан бамаврид аст, ки таъкид намудаанд:

«Пирони рӯзгордида ва дар обу оташи зиндагӣ обутобёфта давлати сари мо мебошанд. Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар ҳаққи онҳо, то тавонем, ғамхорӣ намоем».

Ин суханони Пешвои миллат ҳар як фарди ҷомеаро ба эҳтироми калонсолон, раҳму шафқат, дастгирии беморон ва расонидани дасти ёрӣ ба ниёзмандон ҳидоят менамоянд.

Дар идомаи аёдат ба беморон ва пиронсолон кумакҳои моддӣ расонида шуда, раиси ноҳия ба онҳо саломатии бардавом, шифои комил, умри дароз ва рӯзгори осуда орзу намуд.

Пиронсолону беморон аз чунин таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбари ноҳия самимона шод гардида, бо эҳсоси хушнудӣ ва сипосгузорӣ дасти дуо бардоштанд. Онҳо барои аёдат, дастгирӣ ва ёрии расонидашуда изҳори миннатдорӣ намуда, ба раиси ноҳия ва роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат дуои нек карданд.

Дар ҳақиқат, дасти ёрӣ дароз кардан ба ниёзмандон, шод гардонидани қалби пиронсолон ва дастгирии беморон на танҳо масъулияти иҷтимоӣ, балки қарзи виҷдониву инсонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Н. Алиева