Ё иддае аз омузгорон ба тарбия ниёз доранд?!
Имрӯз масъалаи фаросат, дониш ва ахлоқи омӯзгор дар назди ҷомеа аҳамияти махсус пайдо кардааст. Зеро омӯзгор танҳо шахсе нест, ки ба хонанда дарси фаннӣ медиҳад. Ӯ дар баробари таълим, масъулияти бузурги тарбияи насли наврасро низ бар дӯш дорад. Сухан, рафтор, муносибат ва ҳатто тарзи муоширати омӯзгор метавонад ба ҷаҳонбинӣ ва рафтори хонанда таъсири амиқ расонад. Аз ин рӯ, аз омӯзгор дар баробари дониши баланд, фарҳанги муошират, сабру таҳаммул, инсондӯстӣ ва ахлоқи ҳамида низ талаб карда мешавад.
Ҳар замон аз гӯшае аз ҷомеа дар бораи рафтори нодурусти ин ё он омӯзгор хабар мерасад. Баъзан чунин ҳолатҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо низ паҳн мешаванд, ки омӯзгор ба хонанда дашном додааст, ӯро таҳқир кардааст ё ҳатто нисбат ба шогирд зӯроварӣ намудааст. Албатта, ҳар як чунин ҳолатро набояд ба тамоми омӯзгорон нисбат дод.
Дар соҳаи маориф ҳазорҳо омӯзгорони масъулиятшинос ва соҳибмаърифат фаъолият мекунанд, ки бо меҳнати содиқона ва рафтори намунавӣ ба таълиму тарбияи фарзандони ҷомеа саҳм мегузоранд. Аммо як рафтори нодурусти омӯзгор метавонад ба обрӯи на танҳо худи ӯ, балки ба эътимоди ҷомеа ба муассисаи таълимӣ низ таъсири манфӣ расонад.
Саволи муҳим ин аст, ки чаро чунин ҳолатҳо рух медиҳанд? Оё танҳо норасоии ахлоқи касбӣ сабаб мешавад ё омилҳои дигар низ вуҷуд доранд?
Бояд гуфт, ки кори омӯзгор осон нест. Ӯ ҳар рӯз бо даҳҳо ва ҳатто садҳо хонанда, ки дорои хислат, сатҳи дониш, тарбия ва ҷаҳонбинии гуногун мебошанд, сару кор дорад. Дар як синф хонандаи фаъол ва интизомнок дар баробари хонандаи камтаваҷҷуҳ ё душвормуомила менишинад. Баъзан рафтори нодурусти як хонанда метавонад сабру таҳаммули омӯзгорро ба санҷиш гузорад. Аммо маҳз дар чунин ҳолатҳо фаросат ва фарҳанги касбии худро омӯзгор бояд нишон диҳад.
Омӯзгор набояд дар муқобили рафтори нодурусти хонанда бо дашном, таҳқир ё зӯроварӣ ҷавоб диҳад. Зеро омӯзгор пеш аз ҳама тарбиятгар аст. Агар ӯ хонандаро барои як хатои ахлоқӣ таҳқир кунад, бо ин амал метавонад ба ҷойи ислоҳи рафтори хонанда, дар дили ӯ ҳисси бадбинӣ нисбат ба мактаб ва омӯзгорро ба вуҷуд оварад.
Таъсири сухани омӯзгор ба хонанда бисёр бузург аст. Як ҷумлаи таҳқиромез метавонад солҳо дар хотири кӯдак боқӣ монад. Баръакс, як сухани нек, дастгирӣ ва боварӣ метавонад хонандаро ба пешрафт ҳидоят кунад. Аз ин рӯ, омӯзгор бояд ҳар сухани худро андеша карда ба забон оварад.
Дар баробари ин, бояд як ҳақиқати дигарро низ эътироф кард, ки дар замони имрӯза на ҳамаи хонандагон аз ахлоқи хуб ва тарбияи муносиб бархӯрдор мебошанд. Баъзе наврасон нисбат ба омӯзгор эҳтироми заруриро риоя намекунанд, ба дарс халал мерасонанд, қоидаҳои муассисаи таълимиро сарфи назар мекунанд ва баъзан ҳатто ба муаллим суханҳои носазо мегӯянд. Ин ҳолат низ нигаронкунанда аст ва набояд нодида гирифта шавад.
Аммо рафтори нодурусти хонанда ҳеҷ гоҳ барои омӯзгор иҷозаи таҳқир ё зӯровариро ба вуҷуд намеорад. Агар хонанда интизомро вайрон кунад, барои ислоҳи рафтори ӯ роҳҳои қонуниву педагогӣ вуҷуд доранд. Суҳбат, корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳамкорӣ бо волидон, равоншинос, роҳбарияти муассиса ва дигар усулҳои тарбиявӣ метавонанд натиҷаи бештар диҳанд.
Дар ин масъала нақши оила низ хеле муҳим аст. Тарбияи фарзанд танҳо вазифаи мактаб нест. Агар кӯдак дар хона эҳтироми калонсолон, фарҳанги муошират ва масъулиятро омӯзад, эҳтимоли ба мушкил дучор шудани ӯ дар муҳити мактаб камтар мегардад. Волидон бояд ба рафтори фарзандонашон таваҷҷуҳ дошта бошанд ва дар сурати пайдо шудани мушкилот онро бо омӯзгор ва роҳбарияти муассиса дар ҳамкорӣ ҳал намоянд.
Мутаассифона, баъзан муносибати волидон низ метавонад вазъиятро мураккаб созад. Баъзе падару модарон ҳар як эроди омӯзгорро нисбат ба фарзанди худ ҳамчун муносибати нодуруст қабул мекунанд. Дар ҳолатҳои дигар, баръакс, волидон ба рафтори фарзанди худ таваҷҷуҳ намекунанд ва тамоми масъулияти тарбияро ба дӯши мактаб мегузоранд. Ҳар ду муносибат нодуруст аст. Мактаб ва оила бояд дар масъалаи тарбия шарики ҳам бошанд.
Аз тарафи дигар, дониши омӯзгор низ бо ахлоқи ӯ робитаи мустақим дорад. Омӯзгори донишманд, агар дониши худро бо фарҳанги баланди инсонӣ ҳамоҳанг созад, метавонад барои хонанда намунаи ибрат гардад. Омӯзгор бояд психологияи синну соли кӯдакону наврасон, усулҳои муошират ва роҳҳои ҳалли низоъҳоро низ омӯзад.
Имрӯз дар назди омӯзгор талаботи нав гузошта мешавад. Ӯ бояд на танҳо китобро хуб донад, балки аз технологияҳои муосир истифода барад, ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад, бо ҷомеа ва волидон дуруст муошират кунад ва дар ҳолатҳои душвор тавонад худро идора намояд. Худдорӣ аз эҳсосоти манфӣ яке аз нишонаҳои муҳими касбияти омӯзгор мебошад.
Дар баробари ин, масъалаи пешгирии чунин ҳолатҳо набояд танҳо ба худи омӯзгор вогузор карда шавад. Роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ низ бояд бо омӯзгорон мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд, ба масъалаҳои ахлоқи касбӣ таваҷҷуҳ диҳанд ва дар ҳолатҳои пайдо шудани мушкилот роҳи ҳалли дурустро ҷустуҷӯ намоянд. Машваратҳои психологӣ, семинарҳо, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва муҳокимаи ҳолатҳои мушкил метавонанд ба баланд бардоштани фарҳанги касбии омӯзгорон мусоидат кунанд.
Ҳамзамон, ҷомеа низ бояд дар баҳогузорӣ ба фаъолияти омӯзгорон одил бошад. Як ҳолати манфӣ набояд меҳнати ҳазорҳо омӯзгори содиқро зери шубҳа гузорад. Омӯзгороне ҳастанд, ки солҳои зиёд бо маоши нисбатан маҳдуд, дар шароити душвор ва баъзан дар маҳалҳои дурдаст фаъолияти худро идома медиҳанд. Онҳо фарзандони мардумро таълим медиҳанд, онҳоро ба донишомӯзӣ, меҳнатдӯстӣ ва ватандӯстӣ ҳидоят мекунанд. Меҳнати чунин омӯзгорон сазовори эҳтиром аст.
Аммо эҳтироми ҷомеа ба омӯзгор бо масъулияти худи омӯзгор низ алоқаманд аст. Ҳар қадаре ки ҷомеа ба муаллим эҳтиром гузорад, ҳамон қадар омӯзгор бояд ба ин эътимод сазовор бошад. Либоси муносиб, сухани нек, рафтори намунавӣ, адолат дар баҳогузорӣ, муносибати эҳтиромона бо хонанда ва волидон, ҳамаи ин ҷузъи фарҳанги касбии омӯзгор мебошанд.
Дар ниҳоят, масъалаи ахлоқи омӯзгорро набояд танҳо ҳамчун масъалаи интизоми корӣ дид. Ин масъала ба обрӯи мактаб, тарбияи насли наврас ва ояндаи ҷомеа иртибот дорад. Хонанда имрӯз шогирд аст, вале фардо узви фаъоли ҷомеа мегардад. Агар ӯ дар мактаб эҳтиром, адолат, муоширати солим ва инсонгариро омӯзад, ҳамин арзишҳоро дар ҷомеа идома медиҳад.
Аз ин рӯ, омӯзгор бояд дарк кунад, ки ҳар як рафтори ӯ дар назди хонанда маъно дорад. Ӯ метавонад бо як сухан рӯҳияи кӯдакро боло барад ё баръакс, ӯро ранҷонад. Метавонад бо як муносибати дуруст хонандаи душворро ба роҳи дуруст баргардонад ё бо муносибати нодуруст ӯро аз мактаб дур созад.
Имрӯз ҷомеа ба омӯзгори донишманд, бофаросат, сабур ва соҳибахлоқниёз дорад. Омӯзгоре, ки метавонад дар вазъияти душвор худро идора кунад, бо сухани нарм мушкилро ҳал намояд, хонандаро таҳқир накунад ва бо рафтори худ намунаи ибрат бошад, воқеан сазовори унвони омӯзгор аст.
Далер Кулулов,
корманди шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор









