16 ноябр - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи санаҳои дорои аҳамияти бузурги таърихию сиёсӣ буда, бо раванди ташаккул ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон, барқарорсозии сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
Барои дарки моҳияти Рӯзи Президент бояд ба яке аз марҳалаҳои ҳассостарини таърихи навини Тоҷикистон - баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем. Ин иҷлосия моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар шароите баргузор гардид, ки кишвар ба мушкилоти амиқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд. Дар чунин вазъияти тақдирсоз масъалаи ҳифзи давлат, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти мардум ва пешгирии парокандагии ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дошт.
19 ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин рӯйдоди таърихӣ ба оғози марҳалаи нави фаъолияти мақомоти давлатӣ ва талошҳои пайгирона барои барқарорсозии сулҳу субот замина гузошт. Қарорҳои қабулгардидаи иҷлосия дар таҳкими сохти давлатдорӣ, эҳёи фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар нақши муҳим бозиданд.
Аҳамияти таърихии ин иҷлосия, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки дар шароити ниҳоят мураккаб заминаи зарурӣ барои нигоҳ доштани давлатдории миллӣ ва ташаккули низоми нави сиёсиву ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд.
Имрӯз сулҳу ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси давлатдории тоҷикон ба ҳисоб рафта, ҳифзи онҳо вазифаи умумимиллӣ мебошад. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон собит месозад, ки танҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми манфиатҳои миллӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандон метавон ба ҳадафҳои бузурги созандагӣ ноил гардид.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 яке аз рӯйдодҳои муҳим дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол ба шумор меравад. Ин санади олии ҳуқуқӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ, принсипҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин масъулияти давлатро дар назди ҷомеа муайян намуд.
Конститутсия Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон карда, барои ташаккули низоми муосири идоракунии давлатӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овард. Тибқи моддаи 64-уми Конститутсия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзии кишвар мебошад.
16 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд. Ин сана бо оғози марҳалаи нави фаъолияти ниҳоди президентӣ дар низоми конститутсионии кишвар пайванди таърихӣ дорад.
Солҳои соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи ташаккули ниҳодҳои давлатӣ, барқарорсозии иқтисоди миллӣ ва татбиқи барномаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ гардиданд.
Дар баробари ин, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро таҳким бахшида, бо иштироки фаъолона дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, ҳамчун кишвари ташаббускор муаррифӣ гардид. Ин раванд нишон медиҳад, ки сиёсати хориҷии кишвар ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва густариши муносибатҳои дӯстона равона шудааст.
Дар шароити имрӯза ҷавонон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа ва захираи бузурги зеҳниву созандаи давлат дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд. Сармоягузорӣ ба дониш, малака, ҷаҳонбинӣ ва ташаббускории насли ҷавон сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар мебошад.
Ҳамчунин, рушди соҳаи варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани имконият барои машқу тамрини наврасону ҷавонон дар ташаккули насли солиму неруманд нақши муассир мегузорад. Муваффақияти варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ на танҳо ифтихори миллӣ, балки далели имкониятҳои васеи ҷавонон барои муаррифии шоистаи давлат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2016, таҳти рақами 1320, 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид. Таҷлили ин сана имконият медиҳад, ки аҳамияти таърихии ташаккули давлатдории миллӣ, нақши ниҳодҳои конститутсионӣ ва арзиши сулҳу субот дар рушди ҷомеа боз ҳам амиқтар дарк карда шавад.
Мавриди зикр аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи марҳалаи муҳими таърихи давлатдории тоҷикон, таҷассумгари арзишҳои истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва масъулияти миллӣ мебошад. Арҷгузорӣ ба ин рӯз бояд дар эҳтиром ба қонун, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ва таҳкими ҳамбастагии ҷомеа таҷассум ёбад.
Ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сатҳи маърифату худшиносии шаҳрвандон ва талошҳои созандаи ҳар яки мо вобаста аст.
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!
АФОЗОДА САДОРАТ,
муовини раиси ноҳияи Сангвор









