1 августи соли равон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Сангвор баргузор гардид.

Мардуми меҳмоннавоз ва сарбаланди ноҳия меҳмонон ва сокинони пойтахтро бо кулчаи ширмол, гирдача ва чапотии машҳури худ самимона истиқбол гирифтанд. Дар намоишгоҳ беҳтарин намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти дастӣ, ҳунарҳои қадима, инчунин анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзии ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Меҳмонон аз маҳсули дасти ҳунармандон, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва фарҳанги ғании мардуми ноҳияи Сангвор дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ноҳия пешкаши ҳозирин гардид. Сурудҳои дилнишин, рақсҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби ҳунарӣ ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хос бахшида, аз фарҳангу суннатҳои неки мардуми кӯҳистони Сангвор бозгӯӣ намуданд.

Баргузории Рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Сангвор дар пойтахт бозгӯи дастовардҳои фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва иқтидори кишоварзии ноҳия буда, дар таҳкими дӯстӣ, муаррифии фарҳанги миллӣ ва истиқболи сазовори ҷашни Истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда гузошт.

Н. Алиева