Имрӯз тавассути расонаҳои хабарӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма пайваста аз ҳолатҳои гирифтани пора, сӯиистифода аз мансаб ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ мешунавем. Аммо на ҳамеша ба оқибатҳои ногувори ин падидаи номатлуб андеша мекунем. Дар асл, коррупсия танҳо як амали ғайриқонунӣ ё гирифтани маблағ барои иҷрои кори муайян нест, балки зуҳуротест, ки метавонад ба эътимоди мардум, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва арзишҳои ахлоқии ҷомеа таъсири манфӣ расонад.
Барои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия заминаҳои ҳуқуқӣ ва сохторҳои дахлдор амал мекунанд. Бо вуҷуди ин, баъзан нафароне пайдо мешаванд, ки бо мақсади ба даст овардани манфиати шахсӣ қонунро нодида гирифта, ба гирифтани пора ва ришва даст мезананд. Чунин рафтор на танҳо хилофи қонун, балки хилофи меъёрҳои ахлоқию инсонист.
Пора ва ришва аз нигоҳи ахлоқӣ низ як навъ луқмаи ҳаром ба шумор меравад. Шахсе, ки бо роҳи ғайриқонунӣ маблағ ба даст меорад, шояд дар аввал чунин амалро барои манфиати шахсӣ кори хурд шуморад, аммо оқибатҳои он метавонад барои худи ӯ, аҳли оилааш ва ҳатто ҷомеа сангин бошад. Зеро вақте гирифтани пора ба як одати маъмулӣ табдил меёбад, адолат коста шуда, муносибати байни инсонҳо бар пояи манфиати шахсӣ қарор мегирад.
Коррупсия дар он сурат бештар хатарнок мегардад, ки ҷомеа нисбат ба он бетараф аст…
Агар касе пора талаб кунад ва дигаре барои пеш бурдани кори худ онро диҳад, ҳар ду ба паҳн шудани ин падида мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Пешгирии он аз оила, мактаб, муҳити корӣ ва тарбияи дурусти насли наврас оғоз меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки мубориза бар зидди коррупсия вазифаи мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
Коррупсия падидаи нав набуда, таърихи тӯлонӣ дорад. Он дар баробари ташаккулёбии давлатҳо ва муносибатҳои ҷамъиятӣ ба вуҷуд омада, боиси коста гардидани арзишҳои ахлоқӣ ва таъсири манфӣ ба мафкураи инсон мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия қадамҳои устувор гузошт. Бо ташаббуси роҳбарияти давлат заминаҳои ташкилию ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия фароҳам оварда шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Тоҷикистон инчунин ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсия ҳамроҳ гардида, барои муттаҳид намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа дар ин самт тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Вазифаҳои асосии ин ниҳод назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани сиёсати зиддикоррупсионии давлат мебошад.
Қабули санадҳои стратегии зиддикоррупсионӣ низ барои таҳкими муқовимат ба ин падида заминаи муҳим фароҳам овардааст. Аз ҷумла, қабули Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2026–2030 яке аз иқдомҳои муҳим дар самти таҳкими сиёсати давлатӣ дар ин соҳа ба шумор меравад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани кирдорҳои коррупсионӣ ҷавобгарии дахлдор пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, барои гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор вобаста ба ҳолати содир намудани ҷиноят ҷазоҳои қонунӣ муқаррар шудаанд. Ин далел бояд барои ҳар як шахс дарси ибрат бошад, зеро гирифтани пора ё додани он метавонад на танҳо ба обрӯву мансаби инсон, балки ба оянда ва зиндагии худи ӯ ва аҳли оилааш таъсири ҷиддӣ расонад.
Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо бо қабули қонунҳо анҷом намеёбад. Қонун замина фароҳам меорад, аммо эҳтиром ба қонун аз фарҳанги ҳуқуқӣ ва виҷдони ҳар як инсон вобаста аст. Агар ҳар яки мо аз додану гирифтани пора худдорӣ намоем ва дар баробари зуҳуроти коррупсионӣ бетараф набошем, метавонем барои ҷомеаи солиму одилона саҳми арзанда гузорем.
Рафизода С. С.
ҳуқуқшиноси давлатӣ дар ноҳияи Сангвор









