Ҳамдиёрони азиз!
Инак, Соли нави мелодии 2023 фаро мерасад. Соли 2022 бо ҳама бурду бохт моро падруд мегӯяд. Акнун соли нави меомадаистодаро мо бо хурсандиву дилгармӣ ва неруи тоза истиқбол мегирем.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи Шуморо ба Соли нави мелодии 2023 самимона табрику муборакбод намуда, бароятон тансиҳатию хонаободӣ, рӯзгори осудаву зиндагии пурфайз ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно мекунам.
Соли куҳан дар бисёр соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Иқтидори истеҳсолии мамлакат нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфта, самараи иқтисодиёти миллӣ зиёд гардид ва нишондиҳандаи сифатии он беҳтар шуданд.
Дар давоми ин сол мардуми тоҷик зери парчами ваҳдати миллӣ дар аксари соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба пешравиҳои тоза ноил гашта, дар замири мардуми он эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ ва руҳияи созандагию хушбинӣ ба ояндаи нек густариши бештар пайдо кард.
Соле, ки сипарӣ шуд, барои сокинони ноҳияи мо соли бобарору пур аз комёбиҳо буд ва хушиҳои зиёде ба бор овард. Аз ғамхориҳо ва дастуру ҳидоятҳои доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ноҳия руҳу илҳоми тоза гирифта, барои рушду нумӯи диёри хеш ва Тоҷикистони соҳибистиқлол азму талошҳои зиёде намуда, ба бисёр комёбиҳои назаррас муваффақ гардиданд.
Дар ҳудуди ноҳия корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифта, сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии хеш машғуланд.
Дар давоми ин сол мардуми ноҳия дар қатори сокинони дигар минтақаҳои ҷумҳурии азизамон зери парчами ваҳдати миллӣ 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда, дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 дар ноҳия 10 иншоотҳои хурду миёна ба истифода дода шуда то соли 2026 даҳо иншооти дигар бунёд карда мешавад.
Муҳимтар аз ҳама мардум аҳамият ва зарурати ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, ҳисси худогоҳиву худшиносӣ, эҳсоси гарми ватанпарастӣ ва ифтихори миллиро ба хубӣ дарк намуданд.
Соли навро дар фазои сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, рӯҳияи созандагӣ ва шодмонию рӯҳбаландӣ, бо орзуву ниятҳои нек пешвоз гирифтан боиси сарфарозии ҳар яки мост.
Ҳамдиёрони гиромӣ !
Моро зарур аст, ки барои гулгулшукуфии Ватан нақши арзанда гузошта, баҳри ободиву зебоии фардои кишвар ҳамеша ҷаҳду талош намоем.
Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо, пеш аз ҳама устувор намудани пояҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст. Онҳо бояд шахсони соҳибмаърифат, бофарҳанг, бонангу номус, эҷодкор, инчунин номбардорони миллати қадима ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бошанд.
Мо шукронаи он мекунем, ки соли навро дар фазои сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, рӯҳияи созандагӣ ва шодмонию руҳбаландӣ, бо орзуву ниятҳои нек пешвоз мегирем. Ба нерӯи созандагӣ, фарҳангу хиради азалӣ, қудрати тамаддунофарӣ ва азму иродаи миллати куҳанбунёдамон такя карда, бо роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ, пайваста пеш меравем.
Дар ин лаҳзаҳои пурнишот орзу дорем, ки Соли нав барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми бонангу номуси он соли пурфайзу баракат, осудагӣ ва иқболи баланд гардад.
Бори дигар фарорасии соли навро барои ҳар кадоми Шумо, ҳамдиёрони азиз, муборакбод гуфта, ба ҳамаатон саломатӣ, хушбахтӣ, кушоиши кор ва саодати рӯзгор орзумандам.
Бигузор Соли нав барои ҳамаи мо соли фатҳу кушоишҳои тоза, соли бофайзу баракат ва соли қадамҳои устувор ба сӯйи рушди ҳарчи бештари кишвари соҳибистиқлоламон гардад!
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!