Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тӯли солҳои охир нишон дод, ки он ба беҳтар гардидани вазъи иқтисодии оилаҳо, коҳиш ёфтани хароҷоти зиёдатӣ ва боло рафтани маърифати ҳуқуқию фарҳангии аҳолӣ мусоидат намудааст. Имрӯз сокинони кишвар, аз ҷумла аҳолии Ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор, аҳамияти риояи талаботи қонунро хуб дарк намуда, ҷашну маросимҳои худро дар доираи меъёрҳои муқарраргардида ва бо риояи фарҳанги сарфакорӣ баргузор мекунанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» яке аз муҳимтарин иқдомҳои давлат дар самти ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ба шумор меравад. Ҳадафи асосии он маҳдуд намудани шодиву хурсандии мардум нест, балки пешгирии исрофкорӣ, ҳифзи буҷети оилаҳо, баланд бардоштани фарҳанги сарфакорӣ ва аз байн бурдани худнамоиву зиёдаравӣ мебошад.
Дар Ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор низ сокинон моҳият ва аҳамияти сарфакориро дар баргузории ҷашну маросимҳо хуб дарк намудаанд. Имрӯз аксари маъракаҳои хонаводагӣ дар доираи талаботи қонун, бо риояи меъёрҳои фарҳанги миллӣ ва сарфакорӣ баргузор мегарданд. Ин нишон медиҳад, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ натиҷаи мусбат додаанд.
Пеш аз қабули қонун ва баъди қабули он низ вазъият тамоман дигар буд. Бисёр оилаҳо барои гузаронидани тӯй, хатнасур, зодрӯз ва дигар маъракаҳо маблағҳои зиёдеро сарф мекарданд. Дар бисёр ҳолатҳо мардони хона барои пайдо кардани маблағ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд. Онҳо бо ранҷу машаққат ва дурӣ аз оила маблағ ҷамъ меоварданд, вале қисми зиёди он барои гузаронидани маъракаҳои серхароҷот масраф мешуд. Ҳатто баъзе оилаҳо барои баргузор намудани маъракаҳо қарздор мешуданд ва солҳои зиёд барои баргардонидани он заҳмат мекашиданд.
На танҳо тӯйҳо, балки маросимҳои азодорӣ низ бо зиёдаравӣ ва худнамоӣ баргузор мегардиданд. Баъзеҳо барои худнишондиҳӣ хароҷоти зиёд мекарданд, ки ин на ба талаботи дини мубини Ислом мувофиқ буд ва на ба фарҳанги аслии тоҷикон. Дар натиҷа, чунин муносибат ба дигарон низ таъсир расонида, онҳоро ба рақобати бемаврид водор мекард.
Мо худ шоҳиди он будем, ки дар баъзе мавридҳо ҷашни зодрӯз ду-се рӯз идома мекард. Барои як чорабинии оилавӣ маблағҳои зиёде сарф мешуданд, шумораи меҳмонон аз ҳад зиёд буд ва ҳадафи асосӣ бештар намоиши дороӣ ба ҳисоб мерафт. Имрӯз бошад, чунин ҳолатҳо хеле кам ба назар мерасанд. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин гуна маъракаҳо танзими худро ёфта, мардум ба сарфаю сариштакорӣ бештар рӯ овардаанд.
Яке аз масъалаҳое, ки солҳои пеш зиёд мушоҳида мешуд, баргузории маросими гаҳворабандон бо хароҷоти зиёдатӣ буд. Гарчанде тибқи қонун ин маърака бояд дар доираи оддӣ баргузор гардад, баъзеҳо пешакӣ бо бурдани ҷиҳози зиёд ва рӯзи баргузории маросим боз бо туҳфаҳои иловагӣ худнамоӣ мекарданд. Ин амал барои дигар оилаҳо низ бори гарони иқтисодӣ эҷод намуда, онҳоро маҷбур мекард, ки аз рӯйи рақобат амал намоянд.
Хушбахтона, дар натиҷаи корҳои мунтазами фаҳмондадиҳӣ, вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ, фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ ва ҳамкории фаъолони маҳаллаҳо бо сокинон, чунин ҳолатҳо дар Ҷамоати деҳоти Тавилдара имрӯз қариб аз байн рафтаанд. Мувофиқи маълумотҳое, ки мо дар даст дорем, дар давоми соли ҷорӣ ҳолатҳои зиёдаравӣ дар маросимҳо ба қайд гирифта нашудааст. Ин нишон медиҳад, ки сокинон тадриҷан аҳамияти сарфакорӣ ва масъулияти иҷтимоиро бештар дарк намуда истодаанд.
Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам нафароне ҳастанд, ки ба қадри заҳмати муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар аъзои оила намерасанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки пинҳонӣ ё ошкоро талаботи қонунро нодида гирифта, маъракаҳои худро бо зиёдаравӣ баргузор намоянд. Чунин амалҳо на танҳо боиси исрофи маблағ мешаванд, балки метавонанд дигаронро низ ба чунин рафтор водор созанд. Аз ин рӯ, корҳои тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳиро мо пайваста идома дода истодаем.
Қонуни танзими ҷашну маросим танҳо як санади ҳуқуқӣ нест. Он воситаи муҳими тарбияи фарҳанги сарфакорӣ, эҳтиром ба меҳнати инсон ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии оилаҳо мебошад. Ҳар маблағе, ки аз ҳисоби сарфакорӣ нигоҳ дошта мешавад, метавонад барои таҳсили фарзандон, беҳтар намудани шароити зиндагӣ, сохтмони манзил ё рушди соҳибкории оилавӣ истифода шавад.
Таҷрибаи сокинони Ҷамоати деҳоти Тавилдара нишон медиҳад, ки вақте ҷомеа моҳияти қонунро дуруст дарк мекунад, натиҷаҳои мусбат ҳатман ба даст меоянд. Имрӯз аксари сокинон маъракаҳои худро дар доираи талаботи қонун, бо эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва бе исрофкорӣ баргузор мекунанд. Ин раванд ба таҳкими суботи иҷтимоӣ, беҳбудии иқтисодии оилаҳо ва баланд гардидани фарҳанги ҷомеа мусоидат менамояд.
Дар фарҷом метавон гуфт, ки обрӯи инсон ҳаргиз бо маблағи зиёди сарфшуда дар тӯю маъракаҳо муайян намешавад. Обрӯи воқеӣ аз хислатҳои нек, рафтори шоиста, эҳтиром ба дигарон, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ ва саҳми шахс дар пешрафти оила ва ҷомеа сарчашма мегирад. Хароҷоти зиёдатӣ ва худнамоӣ метавонад танҳо барои муддати кӯтоҳ диққати дигаронро ҷалб кунад, аммо агар он боиси қарздорӣ, исрофкорӣ ва мушкилоти иқтисодии оила гардад, арзиши мусбат надорад.
Аз ин рӯ, беҳтар аст маблағҳое, ки аз ҳисоби сарфакорӣ нигоҳ дошта мешаванд, барои таҳсили фарзандон, беҳтар намудани шароити зиндагӣ, рушди соҳибкорӣ ва дигар корҳои судманд истифода шаванд...
Сафарбекзода Саидбек,
раиси ҷамоати деҳоти Тавилдара









