Солҳои охир дар ҳар маҳфилу нишаст, маъракаву анҷуман ва суҳбатҳои мардумӣ бештар сухан сари як масъалаи доғи рӯз – ҷудошавии оилаҳои ҷавон меравад. Ин мавзӯъ на танҳо барои як хонавода, балки барои тамоми ҷомеа аҳамияти ҷиддӣ дорад. Агар ба гуфтугӯҳои рӯзмарра гӯш диҳем, мебинем, ки хушдоман аз келин шикоят дорад, келин аз муносибати хушдоман норозӣ аст, шавҳар аз ҳамсар гиламанд асту зан аз рафтори шавҳар. Аммо дар паси ин ҳама баҳсу мунозираҳо сабабҳои амиқтар ва мушкилоти ҷиддитар нуҳуфтаанд, ки агар сари вақт пешгирӣ карда нашаванд, метавонанд боиси вайроншавии оилаҳо гарданд.
Оила муқаддастарин ниҳоди ҷомеа мебошад. Инсон аввалин дарси зиндагӣ, ахлоқ, эҳтиром ва масъулиятро маҳз дар оила меомӯзад. Аз ҳамин хотир, мустаҳкамии ҷомеа аз мустаҳкамии оила вобастагӣ дорад. Вақте ки оилаҳо ноустувор мешаванд, таъсири манфии он ба тамоми ҷомеа мерасад.
Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз зиёд ба назар мерасад, омода набудани баъзе ҷавонон ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ мебошад. Бархе духтароне, ки тоза ба хонаи шавҳар мераванд, бо душвориҳои зиндагии нав рӯ ба рӯ шуда, тоқати баъзе мушкилотро надоранд. Онҳо мехоҳанд ҳама чиз мувофиқи хоҳиши онҳо бошад ва ба ҳар гуна танқиду маслиҳат бо ранҷиш муносибат мекунанд. Гоҳе вақте калонсолон аз рӯи таҷрибаи зиндагӣ ба онҳо насиҳат медиҳанд, ки нисбат ба шавҳар, хушдоман ва хусур эҳтиром дошта бошанд ва дар корҳои рӯзгор саҳм гузоранд, чунин суханонро ҳамчун маҳдуд кардани озодии худ қабул менамоянд.
Албатта, дар зиндагии оилавӣ эҳтиром ва қадршиносӣ бояд дуҷониба бошад. Ҳар як келин пеш аз ҳама узви нави як хонавода мегардад ва муносибати хуб, сабру таҳаммул ва эҳтиром метавонад ҷойгоҳи ӯро дар дили аҳли оила мустаҳкам намояд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки муносибати хушдоман ва дигар аъзои оила низ дар ташаккули фазои солими оилавӣ нақши муҳим дорад.
Аз ҷониби дигар, масъулияти зиндагии оилавӣ танҳо бар дӯши зан нест. Писарони ҷавон низ бояд худро ба зиндагии мустақилона омода созанд. Мутаассифона, баъзан ҷавононе ҳастанд, ки масъулияти саробонии оиларо пурра эҳсос намекунанд. Онҳо ҳанӯз ба мушкилоти зиндагӣ омода набуда, бо хурдтарин баҳона ба муноқиша роҳ медиҳанд. Ба ҷойи ҳалли масъала бо гуфтугӯ ва ҳамдигарфаҳмӣ, баъзан аз суханони таҳқиромез, дашном ва муносибати нодуруст истифода мебаранд. Чунин рафтор на танҳо эҳтироми байни ҳамсаронро коста мегардонад, балки заминаи нофаҳмиҳои минбаъдаро низ ба вуҷуд меорад.
Зиндагии оилавӣ сабр, таҳаммул, гузашт ва масъулиятро талаб мекунад. Ҳеҷ як оила бе мушкилӣ нест. Аммо оилаҳои солим онҳое мебошанд, ки мушкилоти худро бо ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобил ҳал мекунанд. Вақте ки ҳамсарон ҳар кадом танҳо айби тарафи дигарро мебинанду аз худ камбудие намеҷӯянд, муноқишаҳо бештар мешаванд.
Масъалаи дигаре, ки ба муносибатҳои оилавӣ таъсир мерасонад, дахолати аз ҳад зиёди баъзе волидон мебошад. Баъзан хушдоманҳо ё модарони арӯсу домод ба ҷойи он ки ҷавононро барои мустақилона ҳал кардани мушкилот роҳнамоӣ кунанд, кӯшиш менамоянд ҳар масъалаеро аз мавқеи худ ҳал намоянд. Яке тарафи духтарро мегирад, дигаре тарафи писарро. Дар натиҷа баҳси хурди оилавӣ ба ихтилофи байни ду хонавода табдил меёбад.
Бояд дарк намуд, ки баъди издивоҷ ҷавонон оилаи мустақили худро бунёд мекунанд. Албатта, насиҳату роҳнамоии калонсолон зарур аст, аммо дахолати зиёдатӣ метавонад ба муносибатҳои ҳамсарон таъсири манфӣ расонад. Бисёр ҳолатҳое ҳастанд, ки агар зану шавҳар танҳо монда, мушкилоти худро худашон ҳал мекарданд, баҳсҳо зуд хотима меёфтанд. Аммо бо дахолати дигарон масъала боз ҳам мураккабтар мегардад.
Сабаби дигари ноустувории оилаҳо кам будани фарҳанги оиладорӣ дар байни баъзе ҷавонон мебошад. Баъзеҳо пеш аз издивоҷ танҳо дар бораи ҷашну маърака фикр мекунанд, вале барои зиндагии воқеии баъди издивоҷ омодагӣ намебинанд. Онҳо намедонанд, ки зиндагии оилавӣ танҳо аз хушбахтиву хурсандӣ иборат нест, балки масъулият, заҳмат ва сабру таҳаммулро низ талаб мекунад.
Дар баробари ин, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе барномаҳои хориҷӣ низ ба ҷаҳонбинии ҷавонон бетаъсир нест. Баъзан зиндагии воқеиро бо зиндагии сохтаву зебоманзари интернетӣ муқоиса мекунанд ва аз воқеият норозӣ мешаванд. Дар ҳоле ки ҳар як оилаи муваффақ роҳи душвор, меҳнат ва фидокориро паси сар кардааст.
Барои пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон зарур аст, ки корҳои тарбиявӣ ва маърифатӣ тақвият дода шаванд. Волидон бояд фарзандонро аз хурдӣ дар рӯҳияи эҳтиром ба оила, меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва таҳаммулпазирӣ тарбия намоянд. Муассисаҳои таълимӣ, сохторҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма низ метавонанд дар баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ саҳми арзанда гузоранд.
Ҳамчунин ҷавонон бояд дарк намоянд, ки хушбахтии оилавӣ танҳо аз муҳаббат не, балки аз эҳтиром, масъулият, сабр ва ҳамдигарфаҳмӣ вобаста аст. Агар ҳар як узви оила пеш аз айбҷӯии дигарон ба рафтору муносибати худ назар андозад, бисёр мушкилот худ аз худ ҳал хоҳанд шуд.
Дар фарҷом бояд гуфт, ки мустаҳкамии оила кафили суботи ҷомеа мебошад. Ҳифзи оила танҳо вазифаи зан ё мард нест, балки масъулияти муштараки ҳамаи аъзои хонавода мебошад. Танҳо дар сурати эҳтироми ҳамдигар, таҳаммулпазирӣ, гузашт ва дарки масъулият метавон оилаҳои солим ва пойдор бунёд намуд. Зеро оилаи хушбахт асоси ҷомеаи пешрафта ва ояндаи дурахшони миллат мебошад.
Давлатёрзода А. М.,
корманди суди ноҳияи Сангвор









