Имрӯз Тоҷиддин Нурмаҳмадзода,раиси ноҳияи Сангвор дар доираи таваҷҷуҳ ба вазъи иҷтимоии сокинон ва дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа ба ҷамоатҳои деҳоти Заршӯён ва Ваҳдат сафар намуда, аз манзили зисти як қатор беморон, шахсони барҷомонда ва маъюбон аёдат ба амал овард.
Зимни ин боздид раиси ноҳия бо сокинони ниёзманд аз наздик суҳбат намуда, аз шароити зиндагӣ, вазъи саломатӣ, мушкилоти рӯзгор ва масъалаҳои мавҷудаи онҳо пурсон гардид. Дар ҷараёни суҳбатҳо ба ҳар як масъалаи матраҳшуда таваҷҷуҳ зоҳир гардида, бо мақсади дастгирии иҷтимоии онҳо кумаки моддӣ расонида шуд.
Тоҷиддин Нурмаҳмадзода зимни мулоқотҳо изҳор дошт, ки дастгирии беморон, маъюбон, пиронсолон ва шахсони барҷомонда бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти маҳаллӣ қарор дошта бошад. Зеро ғамхорӣ нисбат ба чунин қишри ҷомеа на танҳо вазифаи иҷтимоӣ, балки қарзи инсонию маънавии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Ҳамзамон, раиси ноҳия ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарони ҷамоатҳои деҳоти дахлдор дастур дод, ки бо ин оилаҳо робитаи доимӣ дошта бошанд, пайваста аз вазъи саломатӣ ва шароити зиндагии онҳо бохабар гарданд ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда дар доираи имкониятҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Таъкид гардид, ки ҳеҷ як шахси ниёзманд набояд аз таваҷҷуҳ ва ғамхории масъулин дур монад.
Аёдати беморон, эҳтироми пиронсолон ва дастгирии шахсони маъюб аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки арзишҳои баланди инсондӯстӣ ва масъулияти иҷтимоиро дар ҷомеа зинда нигоҳ медоранд.
Н. Алиева









