Истеъдод ҳудуд надорад. Қиссаи муваффақияти Худоёрзода Сомон, навраси соҳибистеъдоди ноҳияи Сангвор, моро низ эҳсоси ифтихори баланд бахшид.

Худоёрзода Сомон дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар жанри сарояндагии анъанавӣ, дар гурӯҳи синнусолии аз 12 то 17-сола, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом  сарфароз гардонида шуд.

Сомон мегӯяд, ӯ аз хурдӣ ба санъату мусиқӣ меҳру муҳаббати беандоза дошт. Бо завқи баланд ва садои фораму дилнишини худ суруд мехонад. Қаблан баромадҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи дӯстдорони санъату ҳунарро ба худ ҷалб намуда, садои ширину иҷрои самимии ӯ мухлисони зиёдеро мафтун карда буд.

Боиси ифтихор аст, ки аз як деҳаи дурдасти кӯҳистони ноҳияи Сангвор чунин истеъдоди беназир дар озмуни бонуфузи ҷумҳуриявӣ ҳунарнамоӣ карда, маҳорати худро дар сатҳи баланд муаррифӣ намуда ва ба натиҷаи назаррас ноил гардид.

Ин дастоварди Сомон на танҳо муваффақияти шахсии ӯ, балки боиси ифтихори тамоми сокинони ноҳияи Сангвор мебошад. Зеро ҳар як истеъдоди кашфшуда ва ҳар як қадами устувори ҷавонон дар ҷодаи фарҳангу ҳунар барои ояндаи санъати миллӣ арзиши бузург дорад.

Сомон аз ин дастовард рӯҳбаланд гардида, бо азму иродаи қавӣ мегӯяд, ки ин танҳо оғози роҳи эҷодии ӯст. Ӯ ният дорад дар оянда боз ҳам бештар заҳмат кашида, маҳорати сарояндагии худро такмил диҳад ва барои ба даст овардани ҷойи аввал дар озмунҳои минбаъда талош намояд.

Бешубҳа, чунин ҷавонони соҳибистеъдод сармояи бебаҳои миллатанд. Умедворем, ки истеъдоди Сомон боз ҳам шукуфон гардида, садои форамаш аз кӯҳистони Сангвор ба саҳнаҳои бузурги кишвар ва ҷаҳон расад.

Бигзор чунин истеъдодҳо рӯ ба афзоиш оранд ва чаманистони фарҳангу ҳунари тоҷикро боз ҳам пургули рангоранг созанд!

Сомон! Қадамҳоят устувор ва роҳи ҳунариат пур аз комёбиҳо бод!

Н. Алиева